Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди сабукиҳо дар тарҳи иловаҳо ба Кодекси андоз


Дар Тоҷикистон як лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз таҳия шудааст, ки аз ҷумла коҳиши андози муасcисаҳои таълимиро аз 18 то ба 5 дарсад пешбинӣ мекунад.

Лоиҳаи сабукиҳо ва дигаргуниҳои Кодекси андозро як гурӯҳи кории вижа иборат аз намояндагони вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ ва бахши хусусӣ бо сарпарастии Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия кардааст.

Фазлиддин Шомуродов, масъули бахши сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур аз сӯи гурӯҳи корӣ таҳия шуд ва ҳоло матни он бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа мешавад: “Бисёре аз донишҷӯён аз деҳот барои таҳсил дар донишгоҳҳо ба шаҳр меоянд ва кушоду равшан гӯем, ҳамаи онҳо бойбача нестанд, ки маблағи таҳсилро пардохт кунанд. Бино бар ин, дар ин лоиҳа чанд тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон пешбинӣ кардем. Аз ҷумла, яке аз тағйирҳо ин аст, ки андози муассисаҳои таълимӣ аз 18 то ба 5 панҷ дарсад коҳиш дода шавад. Бо ҳамин роҳ, мехоҳем, нархи таҳсил арзонтар шавад. Чунки маориф соҳаи иҷтимоӣ аст.”

Ҷаноби Шомуродов афзуд, дар ин лоиҳа, инчунин, тарзи пардохти андоз ва ҷаримаҳо низ дигар мешавад. Агар нозири андоз аз ягон ширкат ва ё соҳибкор андози пардохтношударо кашф кунад, нахуст худи андоз ва танҳо баъдан ҷарима ва фоизҳои он пардохта хоҳад шуд. Муқаррароти Кодекси андози амалкунанда, комилан баръакс аст, яъне соҳибкор нахуст ҷаримаи андоз ва танҳо баъд худи андозро месупорад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, қабул шудани ин дигаргуниҳо ба соҳибкорон сабукиҳои зиёд хоҳад овард, чунки дар сурати нахуст пардохт шудани андоз вай ба истилоҳ “бача” намекунад, яъне бо гузашти вақт фоизҳояш зиёд намешавад. Яке аз муқаррароти баҳсбарангези Кодекси нав ин андози 18-дарсадӣ аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ аст, ки мавҷи интиқодро махсусан дар саҳифаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон ба бор овард. Андози 18-дарсадӣ боиси гарон шудани нархи таҳсил дар мактабу гимназияҳои хусусӣ ва махсусан донишгоҳҳо шуд, ки бисёре аз волидонро нигарон кард.

Нурулло Соҳибов, молики ширкати “Истиқбол”, ки як гимназияи хусусиро дар шаҳри Душанбе дар ихтиёр дорад мегӯяд, ин андози баланд боис шуд, ки нархи таҳсил дар ин гимназия то ба 25 дарсад боло бардошта шавад. Ӯ мегӯяд: “Мо бе ин ҳам ҳар сол бо нараздошти таваррум аз панҷ до даҳ дарсад нархи таҳсилро боло мебурдем, чунки ба муаллимон маоши хуб дода тавонем. Аммо андоз гарон шуд мо нархи таҳсил зиёд боло бурдем, ки ба ҷайби мардуми қаторӣ зарба мезанад. Аммо маориф соҳаи иҷтимоӣ аст. Мактаб ҷои истеҳсолот нест. Маориф ва тандурустӣ ҷои даромад нест, ҷои хизматрасонӣ аст."

Ҷаноби Соҳибов афзуд, захираҳои молии муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон хеле заиф аст ва онҳо имкон надоранд, ки бидуни гарон кардани ҳаққи таълим ин андозро супоранд. Сифати таълим дар мактабҳои хусусӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо мактабҳои давлатӣ беҳтар аст ва бинобар ин волидон кушиш мекунанд фарзандонашон дар мактабҳои хусусӣ таълим гиранд. Аммо нархи гарони таҳсил дар мактабҳои хусусӣ ба бисёре аз оилаҳо ин имконро намедиҳад. Ҳоло бино бар иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, наздик ба 15 дарсади мактабиёни кишвар дар муассисаҳои хусусӣ таълим мегиранд.

Зимнан, ба ҷуз аз ин бастаи тағйиру иловаҳо Кодекси андоз як зумра сабукиҳои дигарро низ дар назр дорад, ки аз соли нави 2015 ба иҷро медарояд. Рустамҷон Ҷабборов муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Мувофиқи муқаррароти Кодекси нав аз соли 2015 андоз аз истеҳсолот аз 15 ба 14 ва то соли 2017 то 13 дарсад коҳиш дода хоҳад шуд. Андоз аз истифодабарангони роҳи автомобилгард соли оянда 50 дарсад кам ва то соли 2017 комилан аз байн хоҳад рафт.”

Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт, бо мизони болои андозбандӣ бахше аз соҳибкоронро нигарон карда, бархеро водор намуд соҳибкориро падруд гӯянд. Баъди ба иҷро даромадани кодекси нав, ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон ҳудуди 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти корхонаҳои худро қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG