Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони Исфандиёр, навбат дар марз ва баҳси кӯдакони бе мактаб дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Барномаи имрӯзро бо видеое оғоз мекунем, ки як сокини шаҳри Конибодом ба мо фиристодааст. Музаффар Поччоев мегӯяд, ҳангоми хидмат дар марз аз як пой маҳрум шуд ва ҳоло барои сохтмони хона ба замин ниёз дорад. Вале иддао мекунад, ки мақомот ба ҷойи кумак ба ӯ бархӯрди дағалона кардаанд. Вокуниши мақомот ба ин даъво маълум нест. Агар онҳо низ видеои худро фиристанд, пахш мекунем.

Ва ҳоло шарҳи хонандагон. Мушкили кӯдакони чаҳор деҳаи шаҳри Ваҳдат барои расидан то мактаб бисёриҳоро бетараф нагузошт. Ин кӯдакон дар зодгоҳи худ мактаб надоранд ва барои таҳсил ба деҳаҳои ҳамсоя мераванд. Онҳо аз пули ларзон метарсанд ва аз дохили об мегузаранд.

Корбари "Беном" дар саҳифаи Радиои Озодӣ навишт, "ин қиссаро соле пеш ҳам хонда будам. Наход ҳанӯз дар ин чаҳор деҳа як мактаб насохта бошанд?"


Маҳбуба Сафарова дар Инстаграм мегӯяд, "ба ҷойи меҳмонхона барои кӯдакон мактаб созанд, савоб мешуд".

"Мустафо 9671" навиштааст, "баъд аз навор раисони ҷамоат ба мардум фишор меоранд". Амир Қаюмов мегӯяд, "парчами аз ҳама баланд дорем, мактаб чӣ даркор? Бе ин ҳам кӯдакон бузург шаванд, муҳоҷир мешаванд".

Санавбар Назарова дар Фейсбук навишт, "ба рӯймолу сатрбандии занон аҳамият медиҳанд, аммо дар гирду атрофашон ин қадар проблемаҳои ҳалнашуда доранду хомӯшанд. Зимистон дар пеш аст, ояндаи кӯдакон чӣ мешавад?"


Бархеи дигар роҳҳои кумак ба кӯдаконро ҷустаанд. Аммо корбаре бо номи "Эй вой" дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт, "мардуми мо одати онро дорад ки "давлат соз кунад". Мо ба давлат чӣ кардем. Дар Русия кор мекунем, андоз намесупорем, давлат аз куҷо пул ёбад? Пули овардаи худро ба маъракаю хонапӯшӣ ва харидани мошинҳои кӯҳнаву бекора сарф мекунем. Як сол пул ҷамъ кунем, дар деҳа мактаб, боғча ва пул ҳам сохта мешавад".

Ин баҳс идома дорад ва шумо ҳам метавонед ҳамроҳ шавед. Дар вебсайти Радиои Озодӣ ё саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ва Одноклассники.

Видеои барномаро дар ин ҷо бинед:

“Дар Русия кор мекунем, андоз намедиҳем, давлат аз куҷо пул ёбад?” Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:24 0:00

Достони Исфандиёри Ҳамроҳхон аз ноҳияи Муъминобод низ таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ кашидааст. Аксарият аз ӯ ба хотири он ки ба тақдир тан надод ва ба ҷойи пойи маъюб ду дастро ба кор бурд, ситоиш кардаанд.

"dimadi3011" дар Инстаграм навишт, "иродаи қавӣ нишонаи мардонагист!"

"munisaa32" мегӯяд, "қадри роҳ гаштанро шахси бе пой медонад. Инсон то аз чизе маҳрум нагардад, боре ҳам ба қадри доштанаш намерасад". "Парвиз Тоҷик" гуфтааст, "ҳушёр бош, боз "облава" карда ба артиш нафиристанд."

Вале бисёриҳоро нафақаи ками Исфандиёр ба хашм овардааст, ки ба бовраи онҳо барои зиндагии як оила кофӣ нест. "yusuf19_99" дар Инстаграм навишт, "нафақа 150 сомонӣ, як халта орд – 200 сомонӣ."

"Одами Советӣ" дар вебсайти Радиои Озодӣ аз мардум хостааст, ин гуна наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд бигузоранд, то дигарон аз маҳорати тоҷикон хабардор гарданд. "Аз ҳама муҳим он аст, ки ту мисли баъзе одамони сиҳат "тайёрхӯр" нестӣ", -- гуфтааст ӯ ба Исфандиёр.

Дар ин барнома як видеои дигар дорем, ки аз марзи Тоҷикистону Узбекистон ба мо фиристодаанд ва аз навбатпоии ронандагон.

Ин корро Шумо ҳам карда метавонед. Аз зиндагиву кори худ видеои кӯтоҳ гиред ва ба ин рақамҳо фиристед:

+420 607 900 808;

+992 980 15 10 10,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

Вотсапп Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем. То дидор!

XS
SM
MD
LG