Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони алоҳида ба маҳбусони якумрӣ дар Тоҷикистон


Тоҷикистон барои маҳбусони якумрӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, наздикии шаҳри Душанбе, зиндони алоҳида хоҳад хост. Мақомоти Тоҷикистон дар аввали моҳи май дар гузорише ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфтанд, "ҳукумат барои сохтмони зиндон замин ҷудо кард".

Шахсоне, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда шудаанд, дар ҳолати махсусан обебпазир қарор доранд.

Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ҳафтаи гузашта дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева гуфт, "феълан нақша ва харҷи бунёди маҳбас дар баррасии идораҳои дахлдор қарор дорад".

"Ин яке аз масъулиятҳои байналмилалии Тоҷикистон аст", - афзуд ӯ.

Илҳом Маҳмудзода
Илҳом Маҳмудзода

Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд ва дар ин муддат ҳеҷ кас эъдом ҳам нашудааст. Барои ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, таҷовуз ба номуси ноболиғон, терроризм, наслкушӣ ва зиёни бузург ба муҳити зист ҳабси абад муқаррар гардидааст.

То ба ҳол даҳҳо нафар бо ҷурми куштори ваҳшиёна, бандитизм ва, инчунин, терроризму талош барои сарнагунии сохти давлатдорӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

Дар ин замина бештар бихонед:

Ду дидор дар як сол барои маҳбусони якумра

Соли гузашта Ҳаким Мирсайзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, тайи як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки то ба ҳол 80 нафар дар кишвар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Дар миёни зиндониҳои якумрӣ Ғаффор Мирзоев – фармондеҳи пешини Горди Миллӣ, Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит – муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Сӯҳроб Лангариев – бародари хурдии фармондеҳи кушташудаи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев ҳастанд.

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Азбаски Тоҷикистон барои маҳбусони якумрӣ зиндони махсус надорад, онҳо дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳҳо ваё дар зиндонҳои низомаш махсус нигаҳдорӣ мешаванд.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ аз ташкили зиндони алоҳида ба маҳбусони якумрӣ истиқбол карданд. Як ҳомии ҳуқуқ гуфт, “ҳарчанд муносибат ва шеваи нигоҳдории маҳбусони якумрӣ дар онҷо тағйир намекунад, шароити будубошашон дар зиндони нав беҳтар хоҳад буд.”

Дар ин замина бихонед:

Юсуф Раҳмон: Ба эҳёи ҳукми қатл назари мусбат дорам

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон соли 2012 дар як гузориши худ маҳбусони якумриро дар зиндонҳои Тоҷикистон “осебпазир” унвон карда буд. Ин созмон навишт, “шахсоне, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда шудаанд, дар ҳолати махсусан обебпазир қарор доранд. Онҳо якумрӣ дар маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа ва як бахши боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе адои ҷазо менамоянд.”

XS
SM
MD
LG