Маҷаллаи “Шарли Эбдо”-и Фаронса баъд аз ҳамлаи ҳафтуми январи соли ҷорӣ ба дафтари ин нашрия, ки боис ба куштори 12 нафар шуд, дар шумораи тозаи худ тасвири наве аз Муҳаммад (с), паёмбари Исломро, ба нашр расондааст. Дар ин тасвир паёмбар дар либоси сафед дида мешавад ва аз чашмонаш ашк ҷорист. Ӯ, инчунин, дар даст навиштаи “Ман Шарлӣ ҳастам”-ро дорад. Рӯзномаи фаронсавии Liberation мегӯяд, шумораи нави “Шарли Эбдо” рӯзи чоршанбеи 15 январ ба фурӯш хоҳад баромад.
Баъд аз ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба нашрияи “Шарли Эбдо” дар Порис кормандони техникиву танзнигорони нашрия феълан дар дафтари Liberation кор мекунанд. Давлати Фаронса ва дигар матбуоти он кишвар низ барои кумак ба ин нашрия ва танзнигоронаш иқдом кардаанд.
Посухи танзнигорон ба ҳамлаи Порис:
Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонйе маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлакё "Тину" ҳам буданд.
Гумонбарони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ дар амалиёти вижаи пулис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд. Гуфта мешавад, бародарон ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст ба ин кор задаанд.
То кунун бисёре аз гурӯҳ ва шахсиятҳои исломӣ ҳамла ба идораи ин маҷаллаи фаронсавиро маҳкум кардаанд. Юсуф Қарзовӣ, яке аз машҳуртарин уламои ислом ва раиси Иттиҳоди оламии уламои Ислом ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии "Шарли Эбдо” дар Порисро шадидан маҳкум кард ва гуфт, Ислом ба нафси инсонӣ эҳтиром қоил аст ва ҳамла ба онро ҳаром медонад. Гурӯҳи "Ҳамос" дар Фаластин низ дар баёнияе гуфт, ки бинобар ихтилофи ақида ва фикр наметавон ба чунин амал даст зад.
Таркиш ва тирандозӣ дар маҳалли муҳосираи гумонбарон:
Субҳи 8 январ гурӯҳе аз сокинони Душанбе низ дар назди сафорати Фаронса, ки он рӯз парчами миллиашро нимапойин карда буд, гул гузоштаву ба ёду қурбониёни ҳамла шамъ фурӯзон карданд. Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 8 январ дар вокуниш ба ҳамлаи Порис ба Радиои Озодӣ гуфт: "Амали террористӣ ва хуни ғайри ҳақро кӣ ҷонибдорӣ мекунад? Худо инкор мекунад, Пайғамбараш нафрат мекунад. Дар курраи Замин агар касеро кушанд, мо хафаву зиқ ҳастем. Аммо касе, ки ба Қуръону пайғомбари мо мусулмонон мекунад мо чӣ гуна муносибат кунем? Мо ба пайравони ҳазрати Исо ва Мусо коре надорем, ба онҳо беэҳтиромӣ надорем. Чаро онҳо нисбати пайғомбари мусулмонон беэҳтиромӣ мекунад. Оё фитна аз онҳост ва ё аз мо? Агар аз таҳқирҳои онҳо чанд сол ҳам гузашта бошад, аммо дар дили онҳое, ки ба Худову Расул ва Китоби осмонӣ бовар доранд, ин беэҳтиромии онҳо боқӣ мемонад."
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба президенти Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд изҳори таслият кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар таслиятномаи президент зикр шудааст, ки “хабари даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Charlie Hebdo” мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард." Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, "ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист."
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тайи баёнияе ин ҳамларо маҳкум кардааст.