Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса аз такрори ҳамлаҳои террористӣ бим дорад


Мақомоти амниятӣ ва умури дохилаи Фаронса аз чораҳои бесобиқаи таъмини амният кор мегиранд. Дар ҳамин ҳол мусалмонҳои кишвар мегӯянд, ки ҳамлаҳои террористҳо онҳоро назар ба дигарон бештар такон додааст

Вазорати умури дохилии Фаронса аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки баъд аз ҳамлаҳои террористии ахир аз ҳушёрии фавқулодда кор бигиранд. Бернар Казнев, вазири умури дохилии Фаронса, рӯзи шанбе, 10 январ, баъд аз ҷаласаи фаврӣ дар Кохи Елисей таҳти раёсати раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд гуфт, ки рӯзҳои наздик дар кишвар сатҳи баланди таҳдиди террористӣ боқӣ мемонад.

Ӯ афзуд, барои таъмини амният дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозӣ, ки қарор аст рӯзи якшанбе дар Порис баргузор шавад, аз ҳама чораҳои зарарӣ кор гирифта хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар ин раҳпаймоӣ сарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон ва раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ширкат кунанд.

Аз ин пеш Мануэл Валс, нахуствазири Фаронса, камбудиҳо дар фаъолияти нерӯҳои вижаи муқовимат бо терроризмро иқрор намуд ва гуфт, ки дар се рӯз бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Ӯ дар як сӯҳбат бо шабакаи телевизионии BFM рӯзи шанбе, 10 декабр, афзуд, ки ҳукумати Фаронса бояд ин ҳаводисро таҳлилу баррасӣ кунад.

Аммо ҷомеъаи мусалмонҳои Фаронса, пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар чӣ вазъе қарор дорад ва оё мусалмонҳо мавриди хушунат қарор нагирифтаанд? Нилуфар Пури Иброҳимӣ, хабарнигори муқими Порис, дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ гуфт, “баъд аз ҳамла ба идораи маҷалла ҳадди аққал дар се минтақаи Порис ҳамлаҳо ба маконҳои мусалмоннишин сурат гирифтанд, аммо пулис аз идомаи хушунат ҷилавгирӣ кард. Айни ҳол масҷиди Порис ҳам таҳти муроқибати бештари нерӯҳои полис қарор дорад”. Ҳамзамон ба гуфтаи хонум Нилуфар, имоми масоҷиди Порис дар намози ҷумъа аз созмондиҳандагони ҳамлаҳо фосила гирифтанд ва таъкид карданд, ки ислом хилофи ҳама гуна террор аст. Мусалмонҳои Фаронса ҳам дар сӯҳбатҳо бо расонаҳо таъкид мекунанд, ки ҳамлаҳо онҳоро назар ба дигар бештар такон додаанд.

Ёдовар мешавем, бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонье маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлак ё "Тину" ҳам буданд.

Гумонбарони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки бародарон ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст задаанд.

Ҳаёт ва Амедӣ
Ҳаёт ва Амедӣ

Дар ҳамин ҳол полиси Фаронса ҷустуҷӯи Ҳаёт, шарики эҳтимолии омили ҳодисаи дигар – гаравгонгирӣ дар мағозаи яҳудиҳо Амедӣ Кулибалиро идома медиҳад. Ҳаёт Бумеддиени 26-сола, ки бар пояи бархе хабарҳо, ҳамсари Амедӣ аст, дар ҳамдастӣ бо террорист муттаҳам мешавад. Ба иттилои полис, хонум Ҳаёт мусаллаҳ ва басо хатарнок аст. Як манбаъ дар полиси Порис рӯзи шанбе хабар дод, ки Ҳаёт Бумеддиенро на миёни кушташудагон ва на миёни маҷрӯҳон пайдо накардаанд. Дар амалиёти полис чаҳор гаравгон ва Кулибалӣ ба ҳалокат расиданд. Амедӣ Кулибалӣ дар куштори як хонуми полис ҳам муттаҳам мешуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, ду рӯз баъд аз ҳамлаи пурқурбонӣ дар Порис ба сафи раҳбарони кишварҳое пайваст, ки террорро маҳкум кардаанд. Дар изҳороти дар сомонаи интернетии ӯ нашршуда омадааст, ки Эрон ҳама гуна терроррро дар куҷое, ки рӯй надиҳанд, маҳкум мекунад. Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, ҳамлаҳои террористие, ки ифротгароҳо анҷом медиҳанд, боиси нафрат ва душманӣ ба ислом мешаванд. «Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ҷонибдори адолат буд ва мардумро ба кор гирифтан аз хираду бахшидани ҳамдигар даъват мекард», гуфтааст Ҳасани Рӯҳонӣ.

Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Эрон низ ҳамла ба идораи маҷаллаи «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард, аммо ҳамзамон таъкид намуд, ки таҳқири дину мазҳаб ғайри қобили қабул аст. Зимнан, нерӯҳои амниятии Эрон рӯзи панҷшанбе ба кормандони расонаҳои хабарии кишвар барои ташкили ҳамоиши ҳамдилӣ бо хабарнигорони фаронсавӣ иҷоза надоданд.

XS
SM
MD
LG