Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ ҳамлаҳо дар Фаронсаро маҳкум кард


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, ҳамлаҳои террористии ахир дар Фаронсаро маҳкум кард ва таъкид намуд, ки ислом – дини сулҳ аст. Дар изҳороти рӯзи шанбе дар сомонаи интернетии раисиҷумҳур нашршуда омадааст, ки Эрон ҳама гуна терроррро дар куҷое, ки рӯй надиҳанд, маҳкум мекунад. Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, ҳамлаҳои террористие, ки ифротгароҳо анҷом медиҳанд, боиси нафрат ва душманӣ ба ислом мешаванд. «Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ҷонибдори адолат буд ва мардумро ба кор гирифтан аз хираду бахшидани ҳамдигар даъват мекард», гуфтааст Ҳасани Рӯҳонӣ.

Изҳороти Рӯҳонӣ ду рӯз баъд аз он нашр шуд, ки нерӯҳои амниятии Эрон ба кормандони расонаҳои кишвар барои ташкили ҳамоишӣ ҳамдилӣ бо хабарнигорони фаронсавӣ иҷоза надоданд.

Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Эрон ҳамла ба идораи маҷаллаи «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард, аммо ҳамзамон таъкид намуд, ки таҳқири дину мазҳаб ғайри қобили қабул аст.

Бар асари ҳамла дар маҷаллаи "Шарли Эбдо" дар Порис рӯзи 7 январ 12 нафар ҷон бохтанд. Гумонбари ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд. Ҳамон рӯз дар мағозаи яҳудиҳо шарқи Порис ҳашт нафар гаравгон гирифта шуданд. Дар амалиёти наҷот чаҳор гаравгон ва фарди муҷрим Амедӣ Кулибалӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG