Ин натиҷаи пажӯҳишест, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустии Тоҷикистон анҷом додааст. Ҳарчанд пиршавӣ ҳоло барои ҷомеаи Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ ҳисоб намеёбад, вале вазъи бузургсолон дар муқоиса бо кӯҳансолони кишварҳои дигар нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
Саодат Камолова, раҳбари Маркази геронтология, яъне илми марбут ба масоили пиронсолони Тоҷикистон мегӯяд, мушкили ин гурӯҳи одамон аз танҳоӣ сар шуда, то дастрасӣ ба дармону хидматрасониҳои тиббӣ идома мекунад. "Пирӣ ва камбағалӣ ба ҳам тавъаманд. Ба хотири чӣ пириву камбағалӣ, ба он хотир ки дар Тоҷикикстон давлат наметавонад пиронсолонро бо зиндагии шоиста таъмин намояд. Зеро нафақаи пиронсолон хеле ночиз аст, вазъи мушкили иқтисодии кишвар то ба андозаи кофӣ боло бурдани сатҳи нафақа мусоидат карда наметавонад",-афзуд Камолова.
Ҳамзамон бо мушкили иҷтимоии бузургсолон, масъалаи муҳиме, ки аз гиребони сокинони Тоҷикистон гирифтааст, афзоиши маргу мир бар асари сактаи қалбу маризиҳои асабу рагҳои хунгард будааст. Соҳиб Раҳмонов, муовини вазорати тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, бо сабаби маризиҳои қалбу рагҳои хунгард фавти сокинон афзуда ҳамчунон синну соли гирифторони бемориҳои дилу раг хеле ҷавонтар шудааст.
Ӯ гуфт, "агар дар сооли 1993 шумораи фавтидагон дар Тоҷикистон аз маризиҳои қалбу рагҳои хунгард 12 ҳазору 560 нафар бошад, дар соли 2010 аз ин маризиҳо 16 ҳазору 85 нафар фавтидаанд. Сабабҳои гирифторӣ ба маризиҳои қалбу рагҳо истифодаи аз меъёр бештари машруботи алкоголӣ, тамоку, ғизои нодуруст, ҳамчунин вазъи мушкили иҷтимоӣ ва фишорҳоӣ равонӣ мебошанд."
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон афзуд, синну соли миёнаи сокинони Тоҷикистон дар соли 1991 61,8 сол буд ва дар соли 2009 ин синну соли эҳтимолии мардуми Тоҷикистон ба 72,8 сол баробар шудааст. Ба қавли Раҳмонов, феълан дар Тоҷикистон наздики 570 ҳазор бознишаста зиндагӣ дорад, дар ҳоле ки бознишастагон дар соли 1993 ду ҳазор бештар аз ин рақам будаву шумораи аҳолии Тоҷикистон дар он давра ҳудуди шаш миллион нафар буд.
Дар ҳамин ҳол, Павле Урсу, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон, масъалаи пиршавии сокинони сайёраро мушкили ҷиддӣ дар рӯи замин номид. Ба қавли ӯ, дар ҳоле ки ин қишри осебпазири ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба пуштибонӣ ниёз дорад, бӯҳронҳои иқтисодӣ ҳукуматҳоро маҷбур кардааст, то кӯмакҳоро ба ин теъдод мардуми ниёзманд коҳиш бидиҳанд.