Бахтиёр Худоёрзода, раиси собиқи дастгоҳи иҷроияи президент, раҳбари нави Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) интихоб шуд. Номзадии Худоёрзода ба ин мақом дар ҳафтаи гузашта аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва рӯзи 3 феврал аз тарафи вакилони Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумон - тасдиқ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, пеш аз раъйдиҳии вакилон аз Бахтиёр Худоёрзода тавсиф карда, ӯро кадри озмудашуда номид ва будани ӯро дар раъси Кумиюсни марказии интихобот ва раъйпурсӣ муҳим донист.
Ӯ гуфт, "бо масъулияти баланд, бо виҷдони пок ва бо садоқат дар куҷое кор накардаанд, як пешравӣ, як маҳсули кор дар он соҳа ба амал омадааст. Раҳбарии КМИРТ аз вазифаҳое ҳаст, ки ба ҳаёти ҷомеаи мо таъсиргузор аст ва аз фаъолияти хуби ин кумисюн масъалаҳои зиёд дар дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла фикри созмонҳои байналмилалӣ ва худи мардуми Тоҷикистон зиёд вобастагӣ дорад."
Баъд аз раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин шудани Шермаҳмади Шоҳиён курсии раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ холӣ буд. Шоҳиён пас аз интихоботи парлумонии соли 2015, ки дар пайи он аҳзоби мухолифи коммунист ва ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ аз курсиҳояшон дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум шуданд, раиси Додгоҳи олӣ таъин гардид.
Бахтиёр Худоёрзода, раиси собиқи дастгоҳи иҷроияи президент ва вазири пешини адлия, дар ҳоле ба раҳбарии Кумисюни марказии интихобот меояд, ки қарор аст, Тоҷикистон барои ислоҳи Қонуни асосияш раъйпурсӣ баргузор кунад. Замони раъйпурсӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ баъди баррасӣ дар парлумон ба Додгоҳи конститутсионӣ фиристода шудааст.
Дафтари матбуоти Қонуни асосӣ мегӯяд, ки баррасии ин тарҳ рӯзи 4 феврал сурат хоҳад гирифт.
Тарҳи ислоҳ ба Қонуни асосии Тоҷикистон аз 41 банд иборат буда, бештар аз тағйири калима ва ибораҳо иборат аст. Вале бар асоси нусхаи ин тарҳ, ки ба дасти Озодӣ расид, дар он синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳуриро аз 35 то 30 поин овардааст. Ин илова ба Қонуни асосӣ дар сурати тасвибаш ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.
Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақалл барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд.
Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ, бино ба нусхае, ки ба дасти Озодӣ расид, ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."
Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, бар асоси Қонуни асосӣ, ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2020-ро надорад, вале дар сурати тасвиби ислоҳоти ҷадид ӯ ҳам метавонад бидуни маҳдудият худро номзад кунад.
Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.
Тарафдорони ислоҳи Қонуни асосӣ мегӯянд, ин қонун догма нест ва бояд бо шароити замон мувофиқ карда шавад. Аммо мухолифон мегӯянд, ки сабаби ҳамаи ислоҳҳо ҳифзи қудрати раисиҷумҳури кунунист, ки зоҳиран мақомашро тарк карданӣ нест. Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул шуд. Ба ин муносибат рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосӣ эълон шудааст.
Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.