Тарҳи иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ дар дасти вакилони парлумон дорад ва сипас ба Додгоҳи конститутсионӣ фиристода хоҳад шуд, бо вокунишҳои гуногун дар кишвар рӯбарӯ шудааст. Бар асоси ин тарҳ, синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 ба 30 поин оварда шуда ва раиси ҷумҳури кунунӣ метавонад курсияшро то охири умр ҳифз кунад. Баъзе аз намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ин ислоҳҳо ду паҳлӯ доранд ва зоҳиран барои эҳтиёт дар оянда сохта шудаанд.
Дар гуфтугӯе аз Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси ҳизби стсиал-демократи Тоҷикистон, пурсидем, ки аз нигоҳи ӯ оё ин шабу рӯз зарурате барои ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ вуҷуд дошт ё не?
Шокирҷони Ҳаким: “Ба назари ман, дар ҳоли ҳозир ягон зарурат барои ворид намудани тағйирот ба Қонуни асосӣ вуҷуд надорад. Аммо кӯшиши кам кардани синни номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон ба хотири эҳтиёт аст. Яъне, агар давлатҳо ва ё созмонҳои байналмилалӣ ба бори дигар пешбарӣ кардани номзадии раиси ҷумҳури кунунӣ дар интихобот мухолифат кунанд, дар он сурат варианти эҳтимолӣ низ таҳия мешавад, ки раиси ҷумҳур аз ҳисоби наздиконаш ва ё шахсони боварбахшаш шахсеро дар интихобот номзад мекунад”.
Озодӣ: То ба ҳол ба Сарқонуни Тоҷикистон ду бор тағйирот ворид шудааст - яке соли 1999 ва дигаре соли 2003. Дар ин солҳо кадом тағйирот ба Сарқонун ворид шуд ва моҳияти он аслан аз чӣ иборат буд?
Шокирҷони Ҳаким: “Дар 22 соли амали Сарқонун дар Тоҷикистон то кунун 84 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Боз аллакай лоиҳаи иловаи нав таҳия шудааст ва дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ҳоло ин Сарқонунро бо Сарқонуни соли 1994 муқоиса кардан мушкил аст. Байни ин ду қонун ҳоло тағйироти зиёде вуҷуд дорад.”
Озодӣ: Фарз кардем, ки имрӯз раъйпурсӣ баргузор шавад, мардум ба он тарҳи тағйиру иловаҳое, ки омода шудааст, овоз хоҳанд дод?
Шокирҷони Ҳаким: “Фазои иттилоттӣ дар мо тарзе аст, ки ба афроди алоҳида ва намояндагони ҳизбҳои мухолиф минбар дода намешавад. Агар қабл аз раъйпурсӣ ба шахсиятҳо, зиёиён ва намояндагони ҳизбҳои дигар имкони баёни озоди андеша дода шавад, он вақт зеҳни мардум тағйир меёбад.”
Озодӣ: Тағйир меёбад, яъне чӣ?
Шокирҷони Ҳаким: “Яъне агар зеҳни мардум ва тафаккури сиёсии онҳо рушд кунад, бовар дорам ин тарҳ қабул намешавад...”
Сӯҳбати комил бо Шокирҷони Ҳакимро дар ин видео тамошо кунед: