Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "Шайх Умеди Салафӣ" ва сирри пулҳои салафиҳои тоҷик


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Умед Ҷабборов, маъруф ба “Шайх Умеди Салафӣ”-ро бо ҷурми барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ба панҷуним соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Умед Ҷабборов, маъруф ба "Шайх Умеди Салафӣ", аз 5,5 сол ҳукми зиндонаш ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 15 апрел ин сокини 39-солаи пойтахтро дар тарғибу ташвиқи ақидаҳои равияи мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия муҷрим шинохта, бар асоси моддаи 189 (барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ), моддаи 307 (ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ) ба панҷуним соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳокимаи парвандаи Умед Ҷабборовро додрас Ҳотам Раҷабзода анҷом додааст ва ҳоло вакили Ҷабборов аз ин ҳукм ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Оқои Шоинов аз ироаи ҷузъиёти бештари ин парванда худдорӣ кард, вале бино ба ҳукми додгоҳ, ки як нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, Умед Ҷабборов аз ҷумлаи тақрибан 15 тан аз раҳбарони асосии салафиҳои Тоҷикистон аст, ки рӯзи 24 декабри соли 2014 дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе дастгир шуданд.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ

Дар он амалиёт пулис Муҳаммадӣ Муҳаррамов, маъруф ба "Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ" ё "Шайх Маҳмадӣ"-ро, ки раҳбари асосии ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон номбар мешуд, низ дастгир карда буданд. Аммо Муҳаммадӣ Муҳаррамов баъди чанд рӯзи боздошт раҳо ёфт ва ба дунбол дар ҳафтаномаи "Фараж"-и чопи Душанбе ду мақола ба чоп расонд, ки дар аввалӣ Ҳизби наҳзати исломӣ ва дар матлаби дувумаш "Давлати исломӣ"-ро маҳкум кард. Бархе баъди нашри ин мақолаҳо ҳадс мезаданд, ки шояд ин баҳои раҳоии "Шайх Маҳмадӣ" буд ва ба фарқ аз ӯ, пайравони дигари Салафия дар пушти панҷара монданд.

Дар ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо такя ба шаҳодатҳои Умед Ҷабборов дар ҷараёни мурофиа, омадааст, ки ӯ ба ақидаҳои Салафия аз соли 2002 тавассути даъватҳои Муҳаммадӣ Муҳаррамов ва Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба "Эшони Сироҷиддин" гароидааст. "Эшони Сироҷиддин" дар соли 2009 бо ҷурми таблиғи ақидаҳои Салафия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, вале дар соли 2013 мавриди афв қарор гирифт.

“Шайх Умеди Салафӣ” дар ҷараёни мурофиа эътироф кардааст, ки баъди даъватҳои “Шайх Маҳмадӣ” ӯ дар намоз амалҳои равияи Салафияро иҷро мекардааст... ва ҳамчун шайх Умеди Салафӣ дар байни мардуми Душанбе ном пайдо кардааст, "чунки дар маъракаю маросимҳо ва масҷидҳо баромад карда, барои дар байни мардум паҳн

Эшони Сироҷиддин баъд аз раҳоӣ аз зиндон
Эшони Сироҷиддин баъд аз раҳоӣ аз зиндон

кардани ин равияи Салафия ташвиқот мебурдааст ва ҳатто дар масҷиди марказӣ ба номи Ҳоҷӣ Яқуб дар вақти хондани намоз ҳамаи амалҳои равияи Салафияро иҷро мекардааст ва бисёри мардуми ҷавон ба ақидаи Салафия гузаштанд."

Умед Ҷабборов бо изҳори таассуф аз манъи ҳаракати Салафия аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 гуфтааст, баъди ин ӯ ва салафиҳои дигар дар масчидҳо баланд гуфтани омин ва рафии ядайнро бас карданд, вале боқӣ амалҳои равияи Салафияро ҳамчунон иҷро мекарданд, аз ҷумла "намози фарзро дар масҷид хонда, суннатро дар хона мехонданд ва танҳо дар маъракаҳои шахсони худӣ, ки онҳо низ дар ақидаи Салафия ҳастанд, рафта дар бораи равияи Салафия сӯҳбатҳо мегузарониданд."

Умед Ҷабборов гуфтааст, раҳбарии равияи Салафия дар Тоҷикистонро "Муҳаррамов Маҳмадӣ Раҳматуллоевич ба уҳда дорад, ки он кас аз тарафи шаҳрванди Араб бо номи Имрон барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани равияи Салафия маблағгузорӣ карда мешавад ва ин шахс, яъне Имрон дар Дубай вазифаи раиси ҷамъияти “Доробӣ”-ро ба уҳда дорад, ки ин ҷамъият дар ҳама ҷойҳои давлатҳои Араб сандуқҳои хайрияи худро дорад ва аз ҳамин ҳисоб ба Муҳаррамов Маҳмадӣ барои паҳн кардани равияи Салафия маблағгузорӣ карда мешавад. Маҳмадӣ бошад ин маблағҳои пулиро ба нафароне, ки дар давлатҳои Арабистони Саудӣ таҳсил мекунанд, ҳар моҳе то 200 ва 300 доллар мефиристонд, ки ӯ ин суханҳоро аз худи шайх Маҳмадӣ шунида будааст ва боз мегуфтааст, ки баъзе маблағҳои пулиро ба ятимхонаҳо ва занҳое, ки дар маҳбасхонаи Норак адои ҷазо мебинанд, маҳсулоти хӯрока харида мефиристонд."

Яке аз шоҳидон бо номи Ҳабибов Б.Ҳ. баёнот додааст, ки ӯ дар фурӯшгоҳи марказии Душанбе (СУМ) дӯкон дошт ва "бо супориши домулло Маҳмадӣ ҳар моҳ аз тамоми савдогарони савдои маркази (Сум) 100 сомонӣ ҷамъ оварда, ба Раҳимов Умед, ки нуқтаи мубодилаи асъори хориҷи доштааст, месупоридааст. Он кас бошад, ин маблағҳои пулиро, ки то 1200 сомониро ташкил мекард, гирифта баъдан ба домулло Маҳмади доллари ИМА карда месупоридааст." Ҳабибов ва Раҳимов низ аз ҷумлаи он 15 нафареанд, ки дар моҳи декабр ҳамроҳ бо раҳбарони равияи Салафия дар як манзил дар Душанбе дастгир шуданд.

Ҷараёни Салафия дар миёнаи солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, пайравонаш бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Аммо дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро “экстремистӣ” эълон кард.

XS
SM
MD
LG