Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи тағйирот ба қонуни матбуот: Ҳалқа тангтар мешавад?


Тарҳи иловаҳо ба қонуни матбуот, ки дар дасти баррасии парлумон қарор дорад, ба мақомоти додситонӣ барои қатъи фаъолияти расонаҳо дасти дарозтар медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" як силсила тағйиротеро пешниҳод кардааст, ки ба ин қонун як банди махсус дар бораи тартиби боздошти фаъолияти расонаҳоро илова мекунад. Ин тарҳ тоза ба дасти вакилони парлумон расида, ҳанӯз баррасӣ нашудааст.

Бар асоси ин тағйирот, ки нусхаи он рӯзи 22 январ ба Озодӣ дастрас шуд, ба додситони кулл ва додситонҳои тобеи ӯ низ ҳақ дода мешавад, барои рафъи қонуншиканиҳо аввал ба расонаҳо амри хаттӣ дода ва дар сурати риоя нашудани ин амр барои қатъи фаъолияти расонаҳо дархост фиристанд.

Дар ин тағйирот гуфта шудааст: "Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералӣ ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО дар хусуси боздоштани фаъолияти ВАО бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО ҳуқуқ дорад, фаъолияти ВАО-ро ба мӯҳлати то 3 моҳ боздорад."

ТАРҲИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

Олимҷон Салимзода
Олимҷон Салимзода

Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси Намояндагон, 22 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин бастаи тағйирот аз сӯи вазорати фарҳанг, идораи масъули сабтиноми расонаҳо пешниҳод шудааст. Салимзода гуфт, ки тарҳи тағйирот дар ҳоли ҳозир дар дасти омӯзиши парлумон қарор дорад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар сурати тасвибаш ин тарҳи қонун ба додситони кулл ва додситонҳои дигар барои қатъи фаъолияти расонаҳо дасти дарозтар медиҳад.

Зебо Тоҷибоева, раҳбари иҷроияи Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс" гуфт, "ин тағйирот метавонад ба манфиати афроди ғаразнок ҳам истифода шавад."Ба бовари ӯ, озодии сухан дар матбуоти мустақил дар солҳои охир "ба сахтӣ ҷавобгӯи меъёрҳои озодӣ" буд ва бо қабули тағйиру иловаҳои нав, ба фаъолияти расонаҳои мустақил дигар хатти батлон кашидан мумкин аст.

ВОКУНИШИ ХАБАРНИГОРОН

Зебо Тоҷибоева
Зебо Тоҷибоева

Вай гуфт, боис ба нороҳатист, ки ҳама гуна маҳдудияти озодӣ, ки дар сатҳи қонун қабул мешавад, "бо ризоияти хомӯши созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад, дар ҳоле ки онҳо бояд ба ин падидаҳо вокуниши сареъ нишон диҳанд". Ба бовари Зебо Тоҷибоева, ин навбат ҳам тағйирот ба қонуни матбуот аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ "оромона" қабул мешавад ва дар сурати баста шудани кадом як расонаи мустақил, ба гуфтаи ӯ, набояд интизори вокуниши онҳо шуд. "Кори "Азия-Плюс" мисли пештара идома мекунад, - гуфт ӯ, - чунки дигар аз мо чизе вобаста нест".

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бо сӯистифода аз ин ҳақ додситонҳо метавонанд дар фаъолияти дилхоҳ расона маҳдудият ворид намоянд. Ӯ гуфт, "ба ин тағйирот зарурат нест. Вале эҳтимол мехоҳанд, ки бо ин амали худ қудрати ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумла додситони куллро дар назди ҷомеа нишон диҳанд. Мехоҳанд мардум ва расонаҳоро аз додситонҳо тарсонанд."

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири нашрияи "СССР", мегӯяд, ин пешниҳод дар ҳолест, ки расонаҳои мустақил мушкилтарин рӯзҳоро паси сар мегузоранд. Ӯ гуфт, "бо ин ҷастухези қурби доллар аксарият шояд баста шаванд ва ин банди қонуне, ки пешниҳод шудааст, фикр мекунам, барои 4-5 нашрияе ҳаст, ки соҳиби хонандаи худ ва обрӯву эътибор ҳастанд. Ин барои бастани маҳз ҳаминҳо равона мешавад. Як роҳи раҳоӣ аст, ба шарте, ки вакилони мӯҳтарам ин бандро лағв кунанд ва паём бидиҳанд, ки Тоҷикистон сӯи сензура рафтанӣ нест."

НИГОҲ АЗ БЕРУН

Йоҳанн Бир, раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" (Париж) гуфт, вазъи озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон солҳои охир ҷиддан мояи нигаронии онҳо шудааст. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз пойтахти Фаронса ҷаноби Бир гуфт, агар қонуни матбуот дар Тоҷикистон ташдид ёбад, ҷои тааҷҷуб нест, чунки тамоми тамоюлҳои охир дар ин бора далолат мекард.

Йоҳанн Бир
Йоҳанн Бир

"Хабару маълумот дар Тоҷикистонтаҳти назорати шадиди ҳукумат аст, матбуоти мустақил зери хатар аст. Танҳо чанд рӯз пеш ман дар бораи таъсиси як маркази ягонаи назорати интернет ва хадамоти мобил хонда будам. Аслан баъди интихоботи парлумонӣ (марти соли 2015) мо фишори афзояндаи болои журналистикаи мустақил дар Тоҷикистонро мушоҳида мекунем”, гуфт ӯ. Ба иттилои ӯ, хабарҳо дар бораи мавриди фишор қарор доштани журналистони тоҷик хеле зиёд мешавад,ҳатто таҳдиди пахши наворҳои видеоии алоқаҳои ҷинсии журналистон ҳам ба гӯш мерасанд. Вай мегӯяд, сабаби ин ҳама ҷараёнҳо бад шудани вазъи аминятӣ ва ҳам сиёсии кишвар аст.

“Мо шунидем, ки дар иртибот бо ҲНИТ чанд журналист аз ҷониби хадамоти амният ва ҳам барои пӯшиши “номатлуби” ҳодисаҳо дар Ваҳдат мавриди фишор қарор гирифтанд”, гуфт Йоҳанн Бир. Вай гуфт, дар ояндаи наздик ин фишорҳо афзоиш хоҳанд ёфт ва журналистон дар Тоҷикистон айнан мисли мухолифони сиёсӣ мавриди фишор қарор мегиранд.

Қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" соли 1990 тасвиб шуда, то имрӯз ба он 6 бор тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Дар таҳрири охирини қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки соли 2013 аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, тартиби қатъи фаъолияти васоити ахбори омма вуҷуд надошт. Бо ин ҳол, созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳоло умед доранд, ҳангоми баррасии тарҳи иловаҳо ба қонуни матбуот ҳам, ки ҳоло дар дасти омӯзиши парлумон қарор дорад, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои марбута ҳам ҷалб ва андешаву пешниҳоди онҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG