Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи нави зидди Зайд Саидов ба Додгоҳи олӣ супурда шуд


Зайд Саидов. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj
Зайд Саидов. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши парвандаи навбатӣ алайҳи вазири собиқи саноат Зайд Саидов анҷом ёфта ва барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ супурда шудааст.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз анҷоми парвандаи навбатӣ алайҳи соҳибкори муваффақ ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов хабар дод. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии зиддифасод рӯзи 19 январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаи ниҳоии тафтиши парвандаи ҷиноятии соҳибкор Зайд Саидовро рӯзи 16 январ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ироа кардаанд.

Дар маълумотномае, ки дар сомонаи расмии Оҷонсӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки тафтиши парвандаи Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод анҷом шуда, "парвандаи ҷиноятии 42946 бо айбдории Саидов З.Ш., бо

моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои “а,б” (сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст),

314 қисми 2 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад), 245 қисми 4, банди “б” (бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ) ,

262 қисми 3 банди “б” (ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда) ва

292 қисми 2, банди “б” (ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ)

... аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди омӯзиш ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ, 16.01 соли 2015 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.”

Оҷонсии зиддифасод “зарари молиявии ба буҷаи давлат расонидашуда” аз тарафи Зайд Саидовро дар чорчӯби иттиҳомоти омада дар ин парванда ба 52.254.442,25, ё тақрибан 10 миллион доллар бароварда карда, меафзояд: “Аз ҷумла, аз ҳисоби хусусигардонии ғайриқонунии саҳмияҳо ва иншоотҳо, 2.262.482 сомонӣ, аз ҳисоби бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, 34.037.684,25 сомонӣ ва азҳисоби саркашӣ аз супоридани андозҳо, 11.497.053 сомонӣ (бо ҷарима ва фоизҳояш 15.954.276 сомонӣ).”

"Душанбе-Плаза"
"Душанбе-Плаза"

Ин мавридҳои “тасарруф” ва “азонихудкунӣ” бармегарданд ба сохтмони “Душанбе - Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон, ва мактаби рақами 8 дар маркази пойтахт, ки низ ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов сохтаанд. Оҷонсӣ мегӯяд, дар рафти тафтиш “барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк, бо қарори суд ба молу мулки айбдоршаванда Саидов З.Ш. ба маблағи умумии зиёда аз 30.000.000 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.”

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саидов ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

Зайд Саидов аз ҷумлаи тарафдорони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби саҳмияҳои 30-фоизаи мухолифин ба мақоми раиси кумитаи саноат расид. Ӯ дар соли 2001 вазири саноат таъйин шуд ва то поёни соли 2006 дари н мақом кор кард. Зайд Саидов баъди рафтанаш аз ҳукумат ба соҳибкорӣ баргашт ва баъди чанде дар ҷумла соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифт. Ширкатҳои ӯ бахусус дар риштаи сохтмон муваффақ буданд ва чанд бинои бузург дар пойтахт, аз ҷумла бинои 22-қабатаи “Душанбе- Плаза”, мактаби рақами 8 ва дафтари марказии “TCell”-ро ширкатҳои марбут ба Саидов сохтаанд.

XS
SM
MD
LG