Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойтахт"-ро аз Зайд Саидов мегиранд


Маркази тиҷории "Пойтахт"
Маркази тиҷории "Пойтахт"

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба баррасии сарнавишти саҳмияҳои соҳибкори шинохта Зайд Саидов дар маркази тиҷории "Пойтахт", воқеъ дар канори варзишгоҳи "Спартак", шурӯъ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон ба баррасии сарнавишти саҳмияҳои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар маркази тиҷории “Пойтахт” шурӯъ кардааст.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз, баъди ду рӯзи оғози муҳокима, ҳайати додгоҳ худи соҳибкорро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ кардаанд. Зайд Саидов, ба гуфтаи вакилаш, дар ҷараёни муҳокимаи имрӯза бори дигар аз ҳукми Додгоҳи олӣ, ки ӯро ба порахӯрӣ айбдор мекунад, изҳори норозигӣ карда, гуфтааст, маркази “Пойтахт”-ро на бо пули пора, балки нисфи онро аз ҳисоби сармояи шарики русаш ва нисфи дигарро аз ҳисоби сармояи хусусиаш, ки ҳанӯз ҳангоми соҳибкорӣ дар Маскав ҷамъ оварда буд, сохтааст.

Маркази тиҷории “Пойтахт”, иборат аз 6 ошёна, дар шафати варзишгоҳи “Спартак” бино шуда, ба ширкати “Рос Азия Инвест” тааллуқ дорад. 49 дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба Зайд Саидов ва 51 дарсадаш ба писари Олег Сосковетс, муовини собиқи сарвазири Русия рабт мегирад. Дар соли 2010 дар расми ифтитоҳи ин бино дар баробари моликонаш – Саидов ва Сосковетс – раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ ширкат доштанд.

Дар расми ифтитоҳи "Пойтахт"
Дар расми ифтитоҳи "Пойтахт"

Исҳоқ Табаров гуфт, додгоҳ бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2013, ки мусодираи молу мулки Зайд Саидовро ҳам дар бар мегирифт, мехоҳад саҳмияҳои ӯ дар маркази тиҷории “Пойтахт”-ро давлатӣ кунад. Аммо ҳамсари Зайд Саидов – Латофат Тоҳирова – ба ин далел ки ин бино рабте ба иттиҳомоти зидди Саидов надорад ва ҳанӯз то мавриди таъқиби мақомот қарор гирифтани ӯ сохта шудааст, даъвои ҷавобӣ пеш овардааст, ки 49 дарсад саҳми шавҳарашро ба номи ӯ гузаронанд. Қонунҳои Тоҷикистон ба номи ҳамсар гузарондани нисфи молу мулки мавриди мусодираро иҷозат медиҳад.

Исҳоқ Табаров мегӯяд, банди мусодира дар ҳукми Зайд Саидов аз сӯи додраси парванда ташреҳ нашудааст ва суолбарангез боқӣ мемонад. Вале, меафзояд ӯ, қонунҳои Тоҷикистон танҳо мусодираи он молу мулкеро иҷозат медиҳанд, ки аз пули ғайриқонунӣ сохта ё харида шуданаш собит шуда бошад.

Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

То кунун мақомоти Тоҷикистон дастикам 8 корхонаи марбут ба Зайд Саидов ва наздикону шарикони ӯ, бо шумули корхонаи дӯзандагии “Гулистон” ва корхонаи мармари “Лаъл” дар шаҳри Душанбе, ва корхонаи “Тоҷиказот” дар шаҳри Сарбандро давлатӣ кардаанд. 75 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба яке аз ширкатҳои шарики дигари Зайд Саидов – миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, ки гуфтааст, аз ҳаққи худ ба ин корхона дар додгоҳҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи вакилаш Исҳоқ Табаров, дар ҳоли ҳозир боз тақрибан 10 манзили марбут ба Зайд Саидов, аҳли хонавода ва бародару бародарзодагони ӯ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳабс қарор дорад.

О.Сосковетс (аз чап ба рост), М.Убайдуллоев, Э.Раҳмон ва З.Саидов дар расми ифтитоҳи маркази тиҷории "Пойтахт". Соли 2010
О.Сосковетс (аз чап ба рост), М.Убайдуллоев, Э.Раҳмон ва З.Саидов дар расми ифтитоҳи маркази тиҷории "Пойтахт". Соли 2010

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки дар соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин ба ин мақом расид ва то соли 2006 узви ҳукумат буд, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав боздошт ва дар моҳи декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷароиме, чун гирифтани пора, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулки бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардааш маҳкум шуд.

Ӯву тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки он ба азми Саидов ба сохтани ҳизби сиёсӣ рабт дорад. Бархе нозирони умур эҳтимоли ба молу мулки ин соҳибкори муваффақ чашм дӯхтани гурӯҳҳои дигари манфиатдорро низ як омили дигари таъқиб ва чунин ҷазои сахт гирифтани ӯ медонанд. Аммо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла раҳбарони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки масъулияти тафтиши парвандаҳои зидди Зайд Саидовро бар ӯҳда доранд, вуҷуди ангезаи сиёсӣ ё молӣ дар ин парвандаро рад мекунанд.

“Душанбе –Плаза”
“Душанбе –Плаза”

Дар ҳоли ҳозир, Оҷонсии зиддифасод тафтиши парвандаҳои марбут ба тахаллуфоти молӣ дар сохтмони бинои 22-қабатаи “Душанбе –Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – аз сӯи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро идома медиҳад. Ба бовари мақомоти Оҷонсӣ, раҳбари воқеии ин ширкати дар гузашта пештоз дар бозори сохтмони шаҳри Душанберо дар асл худи Зайд Саидов бар дӯш дошт, на писараш Хайрулло Саидов.

Оҷонсии зиддифасод зимнан Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидовро ба тақаллуби аснод ва 4 сол калонтар нишон додани синнаш дар ҳуҷҷатҳо айбдор мекунад ва ҳамчунин қазияи издивоҷи 5 сол пеши писари сеюми соҳибкор – Хусрави Зайдро тафтиш мекунад. Гуфта мешавад, ки волидони духтар барои таъмини издивоҷи ӯ бо писари Зайд Саидов синни духтари дар соли 2009 ҳамагӣ 15-солаашонро дар ҳуҷҷатҳо 3 сол калонтар кардаанд.

Ҳамчунин аз 3 вакили Зайд Саидов ду нафараш – Фахриддин Зокиров дар моҳи март бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк ва Шӯҳрат Қудратов дар моҳи июн бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас – боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG