Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайд Саидов дастикам 2 моҳи дигар дар боздоштгоҳ хоҳад монд


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҷи Душанбе рӯзи 22 август дар мурофиае дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон замони нигоҳдории Зайд Саидов дар ин боздоштгоҳро ду моҳи дигар тамдид кард.

Исҳоқ Табаров - вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 22 август дар мурофиае дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон замони нигоҳдории Зайд Саидов дар ин боздоштгоҳро ду моҳи дигар тамдид кард. Оқои Табаров гуфт, додгоҳ далелҳои овардаи ӯву Зайд Саидов дар бораи воқеият надоштанаи парвандаҳои нав алайҳи вазири чобиқи саноатро ба инобат нагирифт ва дархости Оҷонсии зидддифасодро, ки барои анҷоми тафтишот ду моҳи дигар пурсидааст, қонеъ кард.

Наздикони Зайд Саидов қаблан хабар доданд, ки субҳи 22 август дар як мурофиаи додгоҳӣ дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дархости Оҷонсии мубориза бо фасод ҷиҳати то ду моҳи дигар тамдид кардани замони нигоҳдории ин соҳибкори шинохта дар боздоштгоҳ баррасӣ мешавад. Аз манфиатҳои Саидов дар додгоҳ Исҳоқ Табаров - танҳо вакили боқимондааш - дифоъ мекунад.

Гуфта мешавад, ин парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2(сохтакории ҳуҷҷатҳо) - буда, ба ширкати ҶДММ “Тоҷсохтмон-байналмилал” рабт мегирад. Расман муассиси ин ширкати соле пеш пештоз дар бозори сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон Хайрулло Саидов – писари калонии Зайд Саидов аст, вале Оҷонсии зиддифасод дар шарҳҳои қаблиаш худи ин соҳибкорро “роҳбари ғайрирасмӣ”-и ҶДММ “Тоҷсохтмон-байналмилал” муаррифӣ карда, гуфта буд, ки ширкати ӯ ҳангоми сохтани бинои 22-қабатаи “Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – ба сирқати маблағҳои будҷа роҳ додаст. Бори аввал ин иттиҳомоти ҷадид алайҳи Саидов занӯз моҳи май эълон шуда, замони нигоҳдории ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амният алакай як маротиба барои ду моҳ тамдид шуда буд.

Вакилон ва наздикони Зайд Саидов аммо иттиҳомоти ҷадидро баҳонае барои тамдиди замони нигоҳ доштани ӯ дар боздоштгоғҳ ва пешгирӣ аз таҳвили ин соҳибкор ба маҳбас мешуморанд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷурмҳои сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” - ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 8 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Худи Зайд Саидову тарафдоронаш таъқиби ӯро сиёсӣ номида мегӯянд, ки вай танҳо баъди эълони азмаш ба сохтани ҳизби Тоҷикистони нав мавриди таъқиб қарор гирифт. Мунтақидони давлат низ дар ин қазия омили сиёсиву молиро асосӣ мебинанд ва мегӯянд, шояд як ҳадаф даст ёфтан ба дороиҳои ин соҳибкор аст, ки ба гуфтаи худаш, қариб 20 миллион долларашро ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Аммо то ҳол талошҳои Зайд Саидов вакилонаш барои дар додгоҳҳои Тоҷикистон собит кардани бегуноҳии вай натиҷа надодаанд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олӣ зимни баррасии шикояти ӯву вакилонаш ҳукми Зайд Саидовро бетағйир боқӣ гузошт.

Вакилони З.Саидов - Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров (аз чап ба рост)
Вакилони З.Саидов - Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров (аз чап ба рост)

Баръакс Фахриддин Зокиров – яке аз 3 вакили мудофеи Зайд Саидов –дар моҳи март бо иттиҳоми барнагардондани қарзи бонк ва Шӯҳрат Қудратов – вакили дигари ӯ – дар моҳи июл бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас аз тарафи маъмурони Оҷонсии зиддифасод боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG