Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд аз мақомоти маркази вилояти Суғд хостааст, тамоми анвои либосҳои, ба гуфтаи ӯ, бегона, аз ҷумла "эронӣ" ва "афғонӣ"-ро барои фурӯш дар бозорҳои минтақа роҳ надиҳанд. Барои ин, Аҳмадзода пешниҳод кардааст, маъмурони пулис ва кормандони идораи дин дар бозорҳо "рейд" ё санҷишҳо гузаронанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи баъдинаврӯзии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ки мизбони раисиҷумҳур ва як гурӯҳ меҳмонҳо дар ҷашни Наврӯзи имсола буд, баён дошта, машварат додааст, занон пурра либоси миллии тоҷикӣ ба бар кунанд.
Мири шаҳри Хуҷанд рӯзи 27 март дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин пешниҳодҳоро кардам ва гуфтам, оянда пурра ба либоси миллӣ гузарем. Ҳар як зани тоҷик бояд либоси миллии тоҷикӣ пӯшад. Либосҳои ҳаргуна давлатҳои бегона хоси мо нест. Зарур нест, фарҳанги тоҷикро паст занем."
Инчунин, раиси шаҳри Хуҷанд ба сардорони раёсати умури дохилӣ ва дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дастур додааст, кулли масоҷидро таҳти назорат дошта бошанд, ки мардум бар асоси мазҳаби ҳанафӣ намоз гузоранд, на "салафӣ". Раҷаббой Азмадзода дар сӯҳбат бо Радиои озодӣ гуфт, "дар ин масъала, алҳамдуллилоҳ, мусулмон ҳастем ва бояд бо шеваи Имом Абуҳанифа намозамонро хонем." Вай афзуд, барои ҷилавгирӣ аз пайвастани занон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ дастур додааст.
Ин ҷаласаи Хуҷанд ва дастурҳои ахири Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳолест, ки рӯзи 6 марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар дидораш бо занони фаъол дар Душанбе аз афзоиши майли бонувон ба либосҳои ғайр нигаронӣ карда, барои роиҷ намудани либоси миллӣ даъват кард.
Ӯ гуфт, "халқи мо... ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ агарчӣ аз пӯшишҳое ба мисли ҳиҷобу рӯсарӣ ном набурд, аммо гуфт, агар бархе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо кардаанд, "баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд".
Баъд аз ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон, вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши гузориши телевизионӣ эълон кард, ки маъмурони пулис дар як рейд бештар аз даҳ зани танфурӯши ҳиҷобдорро боздошт намудаанд. Ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарори навро имзо гузошт, ки бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ дар пойтахтро муваззаф мекунад, барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону духтарон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бубаранд.
Аммо бархе аз сокинони мусулмони Тоҷикистон чунин бархӯрд бо пӯшишҳои мазҳабиро як навъ маҳдудияти ҳаққи худ мешуморанд ва
мегӯянд, агар ҳадаф мубориза бо либосҳои ғайр ва ривоҷ додани пӯшишҳои миллист, чаро дар баробари ҳиҷобу рӯсарӣ аз либосҳои нимаурёни аврупоӣ ё "мини-юбка" ҳарфе гуфта намешавад?
Фарҳангшиносон ҳарчанд эътироф мекунанд, либоси миллӣ ба хубӣ метавонад ҳам майли мазҳабӣ ва ҳам дунявии бонувони тоҷикро бозгӯ кунад, бо назардошти озодии завқу салиқа ин либос бояд тавре сохта ва пешкаш шавад, ки дили ҳамагонро барад ва ниёз ба таблиғ ё манъи сабкҳои дигари либоспӯшӣ надошта бошад.