Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Панфилов - номзад ба мақоми намояндаи САҲА


Олег Панфилов, рӯзноманигори тоҷик
Олег Панфилов, рӯзноманигори тоҷик

Олег Панфилов, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва раиси Маркази журналистикаи изтирориии Русия, аз сӯи Гурҷистон ба мақоми намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот пешбарӣ шуд.

Ба феҳристи номзадҳо ба ин мақом ному насаби котиби Иттиҳодияи рӯзноманигорони Русия Михаил Федотов низ ворид аст. Дар ин бора Федотов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол барои дарёфти мақоми намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот номзадҳо аз Русия, Гурҷистон, Бритониё, Австрия, Булғористон, Боснӣ ва Ҳерсеговина пешбарӣ шудаанд.

Мақоми намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот соли 1997 таъсис шуда буд. Айни ҳол ин курсиро намояндаи Маҷористон Миклош Ҳарастӣ ишғол мекунад, ки ваколаташ баҳори соли оянда поён меёбад.

Олег Панфилов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва солҳои зиёд дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони кишвар ва дар расонаҳои русзабони чопи Душанбе кор кардааст.

Вай аз соли 1993 дар Русия ба сар мебарад ва аз соли 1997 сарварии Маркази журналистикаи изтирории Русияро бар дӯш дорад. Ӯ муаллифи чанд китоб, аз ҷумла дар бораи хабарнигорони дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қурбоншуда аст.
XS
SM
MD
LG