Тақрибан 20 соли ахир хонум Шерматова дар Маскав кору зиндагӣ мекард.
Ӯ хабарнигори рӯзномаи маъруфи “Московские новости”, маҷаллаи “Болъшая политика” ва солҳои ахир узви Шӯрои коршиносони хабаргузории РИА "Новости" буд.
"НОГАҲОНИВУ ДАРДОВАР"
Барои аксари онҳое, ки Санавбар Шерматоваро хуб мешинохтанд, хабари марги ӯ ногаҳониву дардовар буд.
Хабарнигори рус Дмитрий Фурман мегӯяд, ки бегаҳи ҳамон шаби шум Санавбар ва дугонааш Пилар Бонет меҳмонаш буданд ва Санавбар дар ин сӯҳбат аз Осиёи Марказӣ ҳарф мезад ва аз ҷумла, дар бораи Қирғизистон андешаҳои ҷолиб баён мекард.
“Ҳамон шом ман ба Санавбар китоби хурдеро тақдим кардам, ки ҳамроҳ бо номи “Силсилаи Қирғизистон” навишта будем. Мехостем дар бораи ҳаводиси Қирғизистон китоби бузургтаре таҳия кунем ва акнун маҷбурам, ки ин корро дар танҳоӣ анҷом диҳам”,-афзуд ҷаноби Фурман.
Ин хабарнигори рус мегӯяд, Санавбар ҳафтае пеш аз Бишкек, маркази Қирғизистон, баргашта буд ва он ҷо силсилаи мусоҳибаҳоро бо Роза Отунбооева, Омурбек Текебоев ва дигар сиёсатмадорони қирғиз анҷом дода буд.
Ба қавли Дмитрий, “Санавбар ин мусоҳибаҳоро ба ман дод. Маълум буд, ки ҳамсӯҳбатҳояш бо Санавбар бо эҳтироми бузург сӯҳбат мекарданд. Ин мусоҳибаи оддии хабарнигор бо раисҷумҳур ва ё вазиру сиёсатмадор набуд, ин бештар сӯҳбате ду фарди оқилу доно буд, ки ба ҳамдигар эҳтироми самимӣ доштанд."
САНАВБАР ВА ТОҶИКИСТОН
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, Санавбар назар ба дигар хабарнигорони русзабон авзоъ дар Осиёи Марказиро хубтар медонист, хубтар дарк ва хубтар таҳлил мекард.
Аз ин рӯ, бештари онҳое, ки бори аввал ба минтақа сафар мекарданд, мекӯшиданд бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд, зеро Санавбар ҳам вазъро барои онҳо таъриф мекард ва ҳам тамосҳои заруриро дар ихтиёрашон мегузошт.
Абдунабӣ Сатторзода, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, бо Санавбар Шерматова ҳанӯз аз замони шурӯи музокироти сулҳи тоҷикон ошно буд ва баъд аз он ҳам дар робита ба ҳаводиси минтақаву Тоҷикистон чандин бор сӯҳбатҳо дошт.
Вай афзуд, "шореҳони сиёсие чун Санавбар, ки авзоъ дар Осиёи Миёнаро хуб донанд, ангуштшуморанд ва сиёсатмадорони зиёде алоқаманди навиштаҳои ӯ буданд."
"НОТАКРОРУ БЕҒАРАЗ"
Олег Панфилов, устоди донишгоҳи шаҳри Тифлис, ба Радиои Озодӣ гуфт, матолиби таҳлилии Санавбар дар бораи ҳаводиси Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар робита ба ҳаводиси соли гузашта дар Қирғизистону Тоҷикистон, аз як сӯ, беғаразона буданд ва аз сӯи дигар, вазъро барои хонанда то дараҷае рӯшан мекарданд, ки суоле бидуни ҷавоб намемонд.
Аммо ба таъйиди мусоҳибони мо, Санавбар Шерматова дар чаҳорчӯби масоили Осиёи Марказӣ маҳдуд намешуд.
Матолиби ӯ дар бораи ҳаводиси Чеченистон, Абхозистон, ҳамчунин дар бораи Эрону Туркияву Афғонистон ҳам бо тасвири воқеъбинона ва ҳам бо нигаҳи тозаву андешаҳои бикр фарқ мекарданд.
Зимнан, Санавбар аз таҳлилгароне буд, ки пайваста бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард.

Мехостем дар бораи ҳаводиси Қирғизистон китоби бузургтаре таҳия кунем ва акнун маҷбурам, ки ин корро дар танҳоӣ анҷом диҳам...