Манобеи Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ мегӯянд, шоми 21 июл тавассути телевизиони Хоруғ эълон шуд, ки муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати умури дохилаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, дар ин хабар ҳамчунин гуфта шуд, ки генерал Навҷувонов “муваққатан” ва “то замони таъини сардори нави раёсати корҳои дохилии Бадахшон” ба фаъолияти пулиси ин вилоят раҳбарӣ хоҳад кард.
Абдулло Навҷувонов дар шароите ба раҳбарии раёсати умури дохилаи Бадахшон меояд, ки як гурӯҳи муштарак аз ҳисоби намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии ин вилоят ба таҳқиқи ҳаводиси моҳи майи Хоруғ идома медиҳанд. Масъулияти ба поён расондани тафтиши ин қазия акнун зоҳиран ба дӯши Навҷувонов хоҳад уфтод.
Дар ин авохир намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз суръати тафтиши парвандаи эътирозҳои Хоруғ изҳори норозигӣ мекарданд.
Аммо Алим Шерзамонов, раҳбари созмони вилоятии ҳизби сотсиал-демократ ва узви гурӯҳи муштараки тафтиши рӯйдодҳои Хоруғ рӯзи 22 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки бо омадани Абдулло Навҷувонов таҳқиқот дар ниҳоят аз ҷояш хоҳад ҷунбид. Ба гуфтаи ӯ, азбаски нооромиҳо дар замони раҳбарии пулиси Бадахшонро ба дӯш доштани Файзулло Нозимов рух дода буд, вай ҳамчун шахси манфиатдор метавонист барои ҳақ баровардани худашу зердастонаш ба раванди тафтишот халал эҷод кунад. Аммо Навҷувонов, ба ақидаи Алим Шерзамонов, аз худи Бадахшон буда, вазъияти ин минтақаро хуб медонад ва азбаски мустақиман дар ҳаводиси моҳи май даст надошт, метавонад холисонатар амал кунад.
Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтибековро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд. Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.
Баъди ин нооромиҳо бархе аз мансабдорони баландпояи тоҷик кишварҳои хориҷиро ба талоши ба ҳам задани вазъи Тоҷикистон, аз ҷумла вазъи Бадахшон айбдор карданд. Рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада бо гумони ҷосусӣ дастгир шуд. Худи ӯ мегӯяд, барои таҳқиқи паёмадҳои эътирозҳои ахири Хоруғ ба ин минтақа сафар карда буд. Содиқов, ки ҳангоми мусоҳибааш бо намояндаи эътирозгарони Хоруғ Алим Шерзамонов дастгир шуда буд, то ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Абдулло Навҷувонов аз ҷумлаи мансабдороне буд, ки аз номи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба протоколи мусолиҳа бо намояндагони эътирозгарони Хоруғ имзо карда буд. Барканории раҳбарони мақомоти интизомии вилоят, бо шумули раҳбари пулиси вилоят, аз ҷумлаи талабҳои асосии эътирозгарон дар маркази Бадахшон буд.
Навҷувонов дар мақоми раҳбари пулиси Бадахшон Файзулло Нозимовро иваз мекунад. Нозимов, ки баъди нооромиҳои тобистони соли 2012-уми Хоруғ аз марказ, яъне Душанбе, ба Бадахшон фиристода шуда буд, баъди эътирозҳои ахири Хоруғ аз авоили моҳи июн ба рухсатӣ рафт, вале бо гузашти қариб 2 моҳ дигар ба Бадахшон барнагашт.
Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон он замон гуфта буданд, ки дар рӯзҳое, ки пурсиши кормандони милиса сар шудааст, сардори раёсати корҳои дохилӣ бо баҳонаи рухсатии меҳнатӣ вилоятро тарк кардааст. Аммо вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ба рухсатии меҳнатӣ рафтани сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов ба ҳеҷ сурат фирор аз ҷараёни тафтишоти ҳаводиси ахири Хоруғ нест. Сухангӯи вазорати умури дохилӣ ба Озодӣ гуфта буд, ки ба рухсатии меҳнатӣ баромадани сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов аз рӯи тартиби ҳамин вазоратхона ва бо пеш омадани зарурат сурат гирифтааст ва дар ҳолати набудани сардори раёсат, муовини аввали ӯ ба ҳар масъалае, ки пеш меояд, посух хоҳад дод ва дар сурати зарурати бештар, сарфи назар аз он, ки Файзулло Нозимов дар рухсатии меҳнатӣ аст, даъват карда хоҳад шуд.