Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба омодабош даровардани силоҳҳои ҳастаияшро баррасӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кишварҳои узви Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО машваратро дар робита ба ҳолати омодабош қарор додани силоҳҳои ҳастаӣ ба далели таҳдидҳои Русия, Чин ва Куриёи Шимолӣ оғоз кардаанд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар суҳбат бо "The Telegraph" гуфтааст, кишварҳои узви эътилоф дар ҳоли ҳозир барои ҷойгир кардани теъдоди бештари кулоҳакҳои ҳастаӣ гуфтугӯ мекунанд.

Ҳамчунин берун баровардани мушакҳо аз анбор ва дар ҳолати омодабош қарор додани онҳо низ баррасӣ мешавад.

"Албатта, ҳадафи НАТО ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ аст, вале то замоне ки силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дорад, мо эътилофи ҳастаӣ хоҳем буд. Зеро ҷаҳоне, ки дар он Русия, Чин ва Куриёи Шимолӣ силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд ва НАТО надошта бошад, хатарнок хоҳад буд", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Столтенберг, Чин ба бахши таслиҳоти муосир, аз ҷумла таслиҳоти ҳастаии худ сармояи ҳангуфте харҷ мекунад ва соли 2023 кӯлоҳакҳои ҳастаии ин кишвар аллакай ба ҳазор расидааст.

XS
SM
MD
LG