Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба тақсимот роҳ ёфтед...Нагузаштед". ВИДЕО


Назди Маркази Миллии Тестӣ. 3-юми августи соли 2017.
Назди Маркази Миллии Тестӣ. 3-юми августи соли 2017.

Бо вуҷуди дарёфти СМС ё паёмак аз Маркази милии тестӣ ва огоҳ шудан аз эълони натиҷаи имтиҳонот, субҳи рӯзи 3-юми август даҳҳо довталаб ва волидон дар саҳни бинои Маркази Милии тестӣ ҷамъ омаданд. Бархе бо ашки чашм ва норозигӣ аз натиҷаҳои имтиҳонот ва гурӯҳи дигар ҳам бо суолҳои барои худ норӯшан, ба мулоқоти рӯ ба рӯ бо масъулини Маркази милии тестӣ омадаанд.

Муҳаммад тарҷумон шудан мехост, аммо...

Муҳаммад Мирзошарипов, барои таҳсил дар факултаи тарҷумонии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия омодагӣ дид. Аммо паёми ахир аз Маркази миллии тестӣ, ӯро то ҷое ноумед кард. Муҳаммад мегӯяд, бовар дошт холи ба дастовардааш бад нест, аммо бо сабабҳои барояш номаълум ӯ ба ягон ихтисоси интихобкардааш роҳ наёфт.

Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, бо вуҷуди ташкили вохӯрӣ ва маъракаҳои тарғиботии ҳарсолаи онҳо, ҳанӯз ҳам довталабон дар бархе маворид дар бораи ин низом маълумоти пурра надоранд.

"Омодагиам нағз буд, ман мехостам, ки ба дигар давлатҳо равам. Ба озмун роҳ ёфтам. Ҳама гуфтанд, ки холҳоятон хубанд, баъзеҳо бо 150 хол гузаштанд, аммо ман, ки 184 хол доштам, боварӣ надоштам, ки намегузарам. Дар СМС аввал омад, ки Шумо аз имтиҳон гузаштед, аммо дере нагузашта боз паёмак гирифтам, ки нагузаштам",-гуфт Муҳаммад.

Барои донишҷӯ шудани Ганҷина ҳамагӣ 19 хол нарасидааст. Ҳоло тамоми умеди ӯ ба тақсимоти иловагӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки "225 бал гирифтам. Ман аз ҳамин норозиям, ки бо нарасидани фақат чанд хол, мо аз рӯйхат берун мондем. Як ман не, бисёр одамон барои нарасидани 1 ва ё ду хол натавонистанд ба донишгоҳҳои интихобкардаашон дохил шаванд. Ҳарчанд омодагиам нағз буд."

Гиряву шодиҳои хатмкунандагон баъди гирифтани СМС-и Маркази тестӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Бе "восита" метавон донишҷӯ шуд

Аммо дар миёни довталабону волидайни норозӣ теъдоди онҳое ҳам зиёд буданд, ки ба хабари донишҷӯ шудани худ аз тариқи СМС бовар накарда, омадаанд то бо гӯши худ ин хушхабарро бишнаванд. Адҳамҷон Бекназаров, ки наметавонист хушҳолии худро пинҳон дорад, гуфт, имсол бовар кард, ки бидуни “восита” ва бо каме кӯшиш кардан, мешудааст унвони донишҷӯиро ба даст овард.

"Бародарам ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуд. Ман боварӣ надоштам, зеро саводи корӣ надошт. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки бо дониш ҳам дохил шудан имкон доштаст, зеро бародарам пеш аз имтиҳонҳо каму беш хонда буд",-афзуд Адҳамҷон Бекназаров.

Аз тақрибан 91 ҳазор довталабе, ки имсол барои шомил шудан ба донишгоҳҳои кишвар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, 65 ҳазору 456 нафар ба озмуни «тақсимот ба ихтисос» роҳ ёфтанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки аз ин теъдод чанд нафараш дар ниҳоят донишҷӯ мешаванд, зеро нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ имсол 64 ҳазору 939 нафар муайян шудааст.

"Паёмак маънии донишҷӯй шуданро надорад"

Абдувосит Юлдошев, як масъули Маркази милии тестӣ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки онҳо ҳар сол бо ба роҳ мондани маъракаҳои тарғиботӣ ва ирсоли паёмак ба довталабон мефаҳмонанд, ки дарёфти холи гузариш ва роҳ ёфтан ба тақсимот ҳанӯз маънии донишҷӯ шуданро надорад, аммо боз ҳам довталабон бархе баъди дарёфти СМС-и дуввум бо сардаргумиву нофаҳмиҳо ба марказ меоянд.

Ба гуфтаи ин масъули Маркази милли тестӣ, "довталабоне, ки бали камтар гирифтаанд, бо вуҷуди он, ки дар озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, агар ихтисосҳои сертаваҷҷӯҳро интихоб карда бошад, ба эҳтимоли зиёд комёб намегардад. Марказ ҳамеша ба ин таъкид мекунад ва дар сомонаи марказ ба таври рӯшан гуфта шудааст. Бо вуҷуди ин, бархе аз довталабон маълумоти мазкурро нодидаву нохонда ба марказ муроҷиат мекунанд, ки чаро мо рӯзи 25 июл ба озмун роҳ ёфтему 3-юми август аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисос нагузаштем."

Боз як имкон барои довталабони ноком

Бархе аз довталабони норозӣ аз натиҷаҳои имтиҳони худ ба Марказ ба хотире омадаанд, ки бифаҳманд роҳи дигаре барои дохил шудан ҳаст ё на. Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, ягона роҳ барои ин донишҷӯён, тақсимоти такрорӣ мебошад, ки қарор аст аз 19 то 22-юми август баргузор шавад. Ба гуфтаи Абдувосит Юлдошев, расман то ба имрӯз 19 нафар довталаб ба Маркази тестӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардааст, ки шикояти 3 нафар ҳам қонеъ карда шуд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки ин 3 нафар иштибоҳан рӯзи имтиҳонот ба ҷои афроде нишастаанд, ки он рӯз дар имтиҳон ширкат надоштанд. Масъулини Маркази тестӣ мегӯянд, дар ҷараёни дохилшавӣ ба донишгоҳ имсол ягон ҳолати тақаллуб ошкор нашудааст, аммо сару садоҳо дар бораи вуҷуди миёнравҳо, ки дар ҳамкорӣ бо дигарон ба донишҷӯёни нокомшуда ваъдаи кӯмак мекунанд, ҳанӯз ҳам ҳаст.

Ҳанӯз нобоварӣ...

Масъулини марказӣ тестӣ мегӯянд, бо вуҷуди ташкили вохӯрӣ ва маъракаҳои тарғиботии ҳарсолаи онҳо, ҳанӯз ҳам довталабон дар бархе маворид дар бораи ин низом маълумоти пурра надоранд ва бо ҷамъ омадан назди марказ, кори худ ва онҳоро мушкил мекунанд. Бархе аз таҳлилгарон сабабро дар ҳанӯз ҳам бовар накардани мардум бо корҳое рабт медиҳанд, ки тавассути СМС-у интернет ба роҳ монда мешаванд.

Аммо гурӯҳи дигар бар ин боваранд, ки иқдомҳои тарғиботӣ барои довталабон ба таври зарур роҳандозӣ нашудааст. Саидэҳсон Солиев, хабарнигори тоҷик мегӯяд, "ширкатҳои мобилӣ вақте як кори худро тарғиб мекунанд, ин қадар таблиғоте мебаранд, ки ҳар нафар аз он огоҳ мешавад. Бояд марказ ҳам, ки ҳамаи имкониятҳо дар дасташ ҳаст, таблиғоти пурқувватеро ба роҳ монад."

Соли панҷум аст, ки довталабон дар Тоҷикистон тибқи низоми муосири қабул, яъне тавассути Маркази миллии тестӣ барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ рақобат мекунанд. Аммо тавре вазири маориф Нуриддин Саид дар сӯҳбати ахираш иттилоъ дод, имсол ба фарқ аз 4 соли аввал суолҳои имтиҳоноти дохилшавӣ барои донишҷӯён бештар ва мураккабтар буд.

XS
SM
MD
LG