Маркази миллии тестӣ аз сатҳи дониши хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон аз фанни забони тоҷикӣ изҳори нигаронӣ карда ва аз вазорати маориф ва илм хостааст, то чораҳои заруриро рӯи даст бигирад. Пажӯҳиши ин ниҳод дар чаҳор мактаб нишон додааст, ки аз миёни 916 нафар довталаб танҳо 1 нафар тавонистааст холи пурра аз забони тоҷикиро ба даст орад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз соли 2018 дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон иншои озод ё эссе ҷорӣ мешавад.
Ҷамшед Азимов, як масъули Маркази миллии тестӣ рӯзи душанбе, 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳиши ин ниҳод собит кардааст, ки сатҳи дониши хонандагони макотиби Тоҷикистон аз фани забон ва адабиёти тоҷик бисёр нигаронкунанда аст.
Ба гуфтаи ҷаноби Азимов, дар байни 916 хонандаи синфи 11-уми шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ санҷиш гузаронданд ва беш аз 70 дар сади ширкаткунандагон нисфи холи имконпазирро ба даст оварданд. Аз ин миён танҳо як нафар тавонистааст холи пурра (24 хол)-ро ба даст орад.
“Тафтиши корҳои хаттӣ нишон дод, ки довталабони мо озодона фикри худро баён карда наметавонанд. Хонандагони мо ҳоло омода нестанд, ки дар як мавзӯи озод фикрашонро дуруст ва беғалат баён кунанд. Иншои навиштаи онҳо такрори иншоҳои забонзаде мебошад, ки дар китобчаи намунаи иншоҳо бо хатои зиёд чоп шудаанд” – гуфт Ҷамшед Азимов.
Ин масъули Маркази миллии тестӣ мегӯяд, як бастаи тавсияҳоро ба Вазорати маориф ва илм ироа карда ва хостаанд то ҷиҳати беҳтар шудани таълиму тадриси фанни забону адабиёти тоҷик дар мактабҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Саводи ками забон
Ба гуфтаи Ҷамшед Азимов дар ин тавсияҳо гуфта шудааст, ки хонандагон бештар ба азхуд кардани луғат ва ибораҳои фразеологӣ фаро гирифта шаванд; “Бубинед вақте хонандаи мактаби миёна як ҷумлае менависад, ки пур аз ғалат аст ва дар он чанд калимаи тоҷикию русӣ ба ҳам омехта аст. Мо тавсия додем, ки бояд дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик на аз ёд кадани хушку холии шеъру матнҳои насрӣ балки хондан ва таҳлил каодани матн ҷорӣ шавад.”
Аммо масъулони вазорати маориф ва илм мегӯянд, ба ин андеша розӣ буда наметавонанд, зеро дар барномаҳои таълимӣ соатҳо барои омӯзиши забону адабиёти тоҷик ба дараҷаи зарурӣ ҷудо шудааст.
“Ин забони модарии мо аст ва дар олимпиадаву ҳамоишҳое, ки мегузаронем фарзандони мо чӣ қадар шеърхонӣ мекунанд. Китобхонаҳо ҳам дар назди мактабҳо бахусус дар шаҳри Душанбе фаъоланд. Аз ҷиҳати саводнокӣ махсусан аз фанҳои забону адабиёти тоҷик нисбат ба фанҳои дигар фарзандони мо дониши беҳтар доранд. Инчунин дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифтани иншо ва корҳои хаттӣ монда шудааст” гуфт, Носир Бӯриев, як масъули вазорат ба Радиои Озодӣ.
Китоб кам аст, бачаҳо намехонанд
Дар ҳамин ҳол Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд дар ин самт беҳбудӣ ба чашм мерасад, вале мисли солҳои қаблӣ барои хонандагони макотиби миёна китобҳои хуби бадеӣ кам чоп мешавад.
“Барои ҷавонҳо китобҳои хонданӣ нест. Дар гузашта асарҳои беҳтарини нависандаҳои Ғарб дар бораи сайёҳон ва бисёр асарҳои аҷиб чоп мешуд. Ҳоло ин гуна асарҳо кам чоп мешаванд. Барои ҷавонон асарҳои бадеии ба синну солашон мувофиқи хонданбоб нест.” –гуфт, ӯ.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи масъулони Маркази миллии тестӣ бар асоси дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 дар имтиҳони қабул иншои озод ё эссе ҷорӣ карда мешавад. Ба гуфтаи масъулони марказ, иншои мазкур дар шакли дастнавис гирифта мешавад ва 3 тан аз устодон ҳаққи тафтиши онро доранд.
Ба ин далел қарор аст ба манзури тафтиши иншоҳои довталабон Маркази Милли Тестӣ 700 нафар устодони фанни забон ва адабиёти тоҷикро ба кор ҷалб кунад.
Масъулони Маркази миллии тести мегӯянд, барои роҳ надодан ба фасод низоми гирифтани иншоро ду марҳилаӣ кардаанд.
“Барои онки як баҳогузории воқеӣ шавад як кори довталабро ду нафар омӯзгори алоҳида месанҷад. Як омӯзгор онро месанҷад ва он кори хаттӣ ба омӯзгори дигар супорида мешавад. Дар сурати мувофиқат накардани холгузории ду тафтишкунанда тафтишкунандаи сеюм онро месанҷад. Бинобар ин ҳаҷми хеле кор зиёд аст” - гуфт Ҷамшед Азимов.
Маркази миллии тестӣ масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии довталабон дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Марказ соли 2013 оғоз ба кор карда ва роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона, баҳогузории дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод аз ҳадафҳои он унвон мешавад.