Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи қабули донишҷӯёнро кам кардаанд. Вазъ беҳтар мешавад?


Нақшаи қабули донишҷӯёнро кам кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Ба сабаби он ки дар се соли охир қисме аз курсиҳои холии донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон пур нашуд, бо пешниҳоди Маркази Миллии Тестӣ нақшаи қабули довталабонро ҳудуди 10 дарсад кам кардаанд.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, мудири Маркази Миллии Тестӣ, рӯзи 30-юми июл гуфт, ин тасмим бо ризояти чанд ниҳоди давлатӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод, имконпазир шуд.

“Дар ҳақиқат, нақшаи қабул нисбатан кам карда шуд. Фикр мекунам, ба баланд шудани сифати қабули довталабон низ мусоидат мекунад,” – афзуд ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон.

Ба гуфтаи намояндаи дигари Маркази Миллии Тестӣ, имсол барои қабули довталабон каме бештар аз 96 ҳазор ҷой муқаррар шудааст. Ин рақам дар соли гузашта зиёда аз 105 ҳазор буд.

То ҳоло наздик ба сад ҳазор довталаб барои супурдани имтиҳон дар Маркази Миллии Тестӣ худро сабт карда, бештар аз 65 ҳазори онҳо холҳои даркориро гирифтаву аз озмуни тақсимот низ гузаштаанд.

Ба иттилои Абдувосит Шодиниё, муовини раиси Маркази Миллии Тестӣ, ҳоло каме бештар аз 20 ҳазор довталаб имкони ширкат дар тақсимоти такрориро доранд. Даври дуввуми тақсимот ба мактабҳои оливу миёнаи махсус аз 12 то 15-уми август баргузор хоҳад шуд.

Дар Маркази Миллии Тестӣ гуфтанд, бо вуҷуди корҳои тарғиботӣ имсол низ теъдоди довталабон кам аст. Вале бо таваҷҷӯҳ ба ниҳоӣ нашудани марҳилаи имтиҳонсупорӣ ва озмуни такрории довталабон омор метавонанд тағйир ёбад.

Кам шудани шумораи довталабони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон баъд аз соли 2021 ва қабули қонуни нави даъват ба артиш сар шуд. Бар асоси ин қонун, хамткунандаҳои кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо дигар аз сарбозӣ озод нестанд.

То он вақт донишҷӯёни шаш донишгоҳу донишкадаи кишвар дар кафедраи низомӣ хонда, баробари хатм соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Қонуни нав ҳамин имтиёзро аз байн бурд ва акнун донишҷӯён вазифадоранд пас аз хатми таҳсил низ як сол хидмати сарбозӣ кунанд.

Қонуни нав ҳамчунин магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд.

Сабаби дигар, ба қавли баъзе аз таҳлилгарон ва намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, бо ҳар баҳона аз донишгоҳ рондани донишҷӯён ва маҷбурӣ ба артиш бурдани онҳост.

Дилрабо Самадова, мудири ташкилоти "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", соле пеш дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "онҳое, ки донишҷӯ ҳастанд ё ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро доранд ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват шуда истодаанд."

Мақомот мегӯянд, коҳиши довталабон ба донишгоҳҳо ба ислоҳи қонуни артиш рабт надорад, вале то ҳол ҳеч таҳлиле анҷом ва расонаӣ нашудааст, ки нишон диҳад воқеан чунин иддао то куҷо поя дорад.

XS
SM
MD
LG