Бо гузашти тақрибан як моҳ аз ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҳанӯз баҳсу тафтиши қазия поён наёфтааст. Дар ҳоле ки Додситонии кул ба таҳқиқи қазия машғул аст, 500 омӯзгор дар шаҳри Норак дар ҷаласаи қабл аз соли нави хониш мардумро ба ҳифзи субот даъват кардаанд.
Писарам дар соли панҷуми Донишгоҳи техникӣ мехонд. Аз ӯ даъват кардаанд, ки “ҷиҳод мекунем”. Писарам рад кардааст. Мақомот ӯро ба хотири он дастгир карданд, ки дар ин бора хабар надодааст.
Дар анҷоми ҳамлаи рӯзи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ ҳадди ақал панҷ сокини шаҳри Норак гумонбар шуда, тақрибан даҳ нафари дигар бо иттиҳми хабар надодан боздошт шудаанд. Ду нафар аз ҳамлаварон фарзандони як омӯзгоре ҳастанд, ки дар шаҳри Норак кор мекард. Ҷаласаи омӯзгорон рӯзи 23-юми август баргузор шудааст.
Дар поёни ҷаласа омӯзгорони мактабҳои маҳаллӣ муроҷиатномае қабул карда, ҷомеа ва ҷавононро ҳушдор додаанд, ки “ба доми мубаллиғони "Давлати исломӣ" наафтанд”. Мақомот масъулияти ҳамлаи 29-уми июлро ба дӯши ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ гузошт ва гуфт, ин афрод зери пӯшиши парчами ДИИШ даст ба ин амали террористӣ задаанд. Ҳизби наҳзат ин иттиҳомро беасос хонда ва рад кардааст.
Талаби омӯзгорони шаҳри Норак
Алимурод Исмоилов, мудири маорифи шаҳри Норак, гуфт, “дар муроҷиатномаи омӯзгорон даъват ба амал омадааст, ки бояд стратегияи мубориза ба терроризм хуб амалӣ шавад, то ҳамлаи рӯзи 29-уми июл такрор нашавад.”
Мақомот гуфтанд, ки дар пайи шурӯи таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ Наботбегим Юсупова, омӯзгори собиқадори ин шаҳр аз мақоми муовини мудири мактаб оид ба тарбия барканор шуд. Ду фарзанди ӯ - Ҷаъфариддину Аслиддин Юсуповҳо дар паи амалиёти боздошти ҳамлагарон кушта шуданд.
Модарро мазаммат мекунанд
Убайдулло Набиев, мудири мактаби шумораи 22 дар деҳаи Лангари шаҳри Норак аз 500 омӯзгорест, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштааст. Ӯ рӯзи 25-уми август гуфт, ин ҳодиса “омӯзгорони зиёдро хиҷолатзада кард”.
Наботбегим Юсупова беш аз 30 сол дар мактаби шумораи 5-и шаҳри Норак шогирдонро тарбия мекард, вале дар паи таҳқиқи ҳамла ба ҷаҳонгардон ва бозпурсиҳои мақомот, аз мақом ва кораш маҳрум шуд. Худи ӯ дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфтааст, фарзандонашро хуб тарбия карда буд ва зоҳиран касе онҳоро аз роҳ задааст.
Ҳоло бархе ҳамкоронаш ин омӯзгорро мазаммат мекунанд, ки натавонист аз ӯҳдаи тарбияи фарзандони худ барояд. Айни замон, омӯзгороне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, дар ҳодисаи рухдода масъулияти на танҳо модар, балки худи ҷавонҳо ҳам кам нест. Як омӯзгори собиқадор гуфт, “маҳкум кардани омӯзгор кори осон аст. Вале вақте як хонандаи мактаб дар баробари таҳсил кори сангини хонаро мекунад ва баъди хатми мактаб имкони таҳсил ё кору даромадро надорад, ба роҳи фиреб рафтан ва мағзшӯӣ шудани ӯ аз ҷониби афроди хатарнок хеле осон мешавад.”
Айби писарам чӣ буд?
Таҳқиқи ҳодисаи террористии ҳамла ба ҷаҳонгарон, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод, аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон идома дорад. Дар чаҳорчӯби ин таҳқиқ ҳадди аққал 10 нафар боздошт шудаанд. Панҷ нафари онҳо аз ҷамоати Дӯконии шаҳри Норак ҳастанд. Иттиҳоми онҳо “хабар надодан” дар бораи ҷиноят, яъне узви гурӯҳи тундрав будани ду бародар – Ҷаъфариддини 21-сола ва Аслиддини 26-сола – сокинони шаҳри Норак мебошад.
Файзулло Қурбонов, падари бознишастаи Қиёмиддини 21-сола, ки ҳоло дар боздошта ст, гуфт, писараш дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад ва иттиҳомаш пинҳон доштани ҷинояти содиркардаи ду ҷавони норакӣ аст. Ӯ гуфт, "писарам дар соли панҷуми донишгоҳи техникӣ мехонд. Аз ӯ даъват кардаанд, ки “ҷиҳод мекунем” ва писарам рад кардааст. Ӯро боздошт карданд, ки дар ин бора ба мақомот хабар надодааст. Писарам намедонистааст, ки пинҳон доштани ҷиноят ҷавобгарӣ дорад ва ҳоло дар боздошт қарор дорад.”
Мақомот мегӯянд, тафтиш идома дорад
То ҳол мақомот гуфтанд, ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуповҳо анҷом додаанд. Вале нафарони дигар ҳам ҳастанд, ки аз омодагӣ ва ҳам содир шудани ин ҷиноят хабар доштанд. Мақомоти додситонӣ ҳанӯз тафсилоти бештари тафтишотро нашр намекунанд ва дар посух ба хабарнигорон ҳам мегӯянд, ки ба хотири сирри тафтишот, аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ мекунанд.
Ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо марги ду шаҳрванди Амрико, як ҳолландӣ ва як швейтсарӣ анҷомид, дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа будааст.