Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ корҳо нотамом мондаанд? Мусоҳиба бо муовини Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО


Лаҳзае аз суҳбати Раҷаби Мирзо бо Хайриннисо Юсуфӣ
Лаҳзае аз суҳбати Раҷаби Мирзо бо Хайриннисо Юсуфӣ

Дар маъракаи интихоботӣ Радиои Озодӣ бо ҳамаи номзадҳо мусоҳибаҳои ҷудогона анҷом медиҳад ва ҳам чеҳранигории онҳоро мунташир менамояд. Бо ин ҳадаф Радиои Озодӣ дар нимаҳои моҳи сентябр ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо номае муроҷиат намуд, то чунин мусоҳибае баргузор гардад. То ҳоло ба ин нома посух дода нашудааст. Дар ин байн яке аз сарварони ҲХДТ ба рӯзноманигори мустақил дар бораи номзади ин ҳизб мусоҳибаи муфассале дод. Дар он аз саҳму ҷойгоҳ номзад ва барномаи пешазинтихоботии ӯ маълумоти кофӣ дода мешавад. Ин мусоҳибаро бо Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ба шакли пурра пешкаши хонандагон мекунем.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар

Аз блоги “Рӯзи нав”

- Пеш аз ҳама изҳори миннатдории худро мерасонем, ки ба як суҳбати рӯ ба рӯ бо мо омодагии худро изҳор намудед. Фикр мекунам, он саволҳое, ки ин ҷо гузошта мешаванд, саволҳое ҳастанд, ки хеле муҳиманду ҷомеаву мардум дар бораи онҳо донистан мехоҳанд. Суоли аввалини мо дар мавриди он аст, ки ҲХДТ бо чӣ далел бовар дорад, номзадаш дар интихоботи пешорӯи президентӣ ғолиб меояд? Дар ҷомеа дар ин бора назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29 сол таблиғи хеле зиёд шудааст ва ин барои ғалабаи бебаҳс имкон фароҳам меорад. Ҳамчунин, назарҳое ҳаст, ки имкон дорад аз василаву имконҳои маъмурӣ истифода намояд. Ин фикр ҳам ҳаст, ки рақибонаш чандон қавӣ нестанд. Дар маҷмуъ, назарҳо хеле гуногунанд. Вобаста ба ин, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба чӣ бовар дорад?

- Воқеан ҳам, дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии ҲХДТ вакилон якдилона аз пешбарии Раиси муаззами ҳизби мо ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Якмаромӣ ва ҳамоҳангии вакилон дар ин масъала аз он сарчашма мегирад, ки ҳамаи мо мутмаинем, Пешвои мо ягона номзадеанд, ки аз ҷониби халқ эътироф ва ҷонибдорӣ мешаванд. Дигар, вобаста ба суоли Шумо, яъне ба чӣ далел ба ин боварем, ки номзади мо ҳатман ба мақоми Президенти Тоҷикистон интихоб хоҳанд шуд… Сараввал, ба андешаи ман, маҳбубияти ҳамагониест, ки Пешвои миллати моро дар тахту маснади дилҳо нишондааст. Пайдост, ки бо ҳеҷ роҳу тариқи маснӯӣ касе наметавонад мояи муҳаббат ва маҳбубияти ҷомеа гардад. Баршумурдани корҳои азиму вусъатманде, ки тӯли ин ҳама солҳо Пешвои бузурги мо сомон бахшиданд, аз имкони мадору тавони мо берун аст. Ба қавли шоире:

Агар некитро як –як шуморам,

Сар ояд дар шумурдан рӯзгорам.

Шумори дастоварду пирӯзиҳое, ки Тоҷикистон бо раҳнамунии Пешвои муаззам дар масири солиёни Истиқлол дарёб кард, басе фаровон аст. Вале, агар муҳимтарини онҳоро ёдрас шавем, ин, таъмини якпорчагии Тоҷикистон, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ ба маҳвшавӣ ва парокандагӣ буд. Дар заминаи як давлати муфлис ва фалаҷ бунёд намудани давлати тавоно ва соҳибистиқлол, фароҳам овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди бузургтарин иншооти аср, роҳҳо ва нақбҳо, ки тасаввурнопазир буд ва дар таърихи миллати мо собиқа надошт. Бузургтарин ҳодии миллат ҳамон аст, ки барои халқаш неъмати сулҳро эҳдо мекунад ва ҳамин ҳадяи бемислро Пешвои мо барои мардуми азиятдида армуғон бахшиданд. Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин марказҳои сиёсиву фарҳангии минтақа табдил ёфтааст, ки дар он форуму анҷуманҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мегарданд. Садҳо кишвари пешрафтаи ҷаҳон бо мо муносибатҳои судманд ва ифтихори ҳамкорӣ доранд. Бидуни тардид, шахсияти дигареро баргузидан, ки барои миллати тоҷик як дарсади ин корҳоро анҷом дода бошад, ғайриимкон аст.

- Хизматҳое, ки Шумо аз онҳо ном бурдед, бегуфтугӯанд. Мо медонем, ки масалан Эмомалӣ Раҳмон як давлати ҷангзадаву парокандаро муттаҳид кард, асосҳои аслии як давлат дар замони раҳбарии як сиёсатмадори ҷавону бетаҷриба гузошта шуд. Дар ин баробар, дар зарфи 29 сол, он тавре ҷонибдорони президент мегӯянд, як мактаби қавии сиёсӣ ба вуҷуд омад. Ҳамчунин унвони Пешвои миллатро ба худ касб кард. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки ин 29 сол хеле аз нерӯи Эмомалӣ Раҳмонро ба худ гирифт. Маълум аст, ки дар ин ҳолат омили синнусолӣ ба миён меояд, ки наметавонад ба тавонмандиҳои инсон бетаъсир монад. Пас, барои чӣ ҲХДТ фикр намекард, ки шояд вақти истироҳати он кас расидааст, то нафари дигар ба майдон биёяд, ё номзад шавад?

- Бубинед, агар мо ба таърихи кишварҳои пуртаҷаммули ҷаҳон назар андозем, Сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад, ки то соли 2020 кишвари мазкурро идора мекард, дар 94-солагӣ қарор дошт. Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Нарендра Модӣ чанд рӯз қабл ба синни 80 даромад. Президенти амалкунандаи Италия ҷаноби Карло Озели, агар иштибоҳ накунам, 82-сола аст ва мисли ин метавонем мисолҳои зиёд орем, ки сарвари давлати мо аз онҳо бамаротиб ҷавонтаранд. Шукри Худованд, ки Пешвои азизи моро бузургтарин ҷоизаи Раббонӣ – саломатии муқтадир эҳдо кардааст ва фурсат додааст, ки дар хидмати ин миллати хуҷаста ва бани башар бештар мондагор бошанд. Шумо дар бораи тавонмандиҳои номзади мо суол кардед… Тӯли чанд соле, ки бо Ҷаноби Олӣ ифтихори ҳамкорӣ маро даст додааст, боре ҳам надидам, ки фориғ аз корҳои муҳими давлатӣ ба фикри фароғу рафоҳи худ бошанд. Ҷасорати Пешвои миллат метавонад ба насли имрӯзу фардо ойинаи ибрат бошад. Бубинед, агар чанд сол қабл ба хотири таъмини сулҳу амният дар кишвар ва баргардонидани гурезагон ба минтақаҳои хеле хатарнок ва даргир сафар анҷом медоданд, имрӯз новобаста аз таҳдиди пандемия, бемории сироятии коронавирус, ки тамоми ҷаҳонро ба зону задааст, ба минтақаҳои кишвар бо сафари корӣ ташриф меоранд ва бидуни тарсу бим ва сироят шудан бо мардум иртиботи пайваставу мустақим менамоянд.

- Ба ҳар сурат, беҳтар набуд, ки навбат ба ҷавонон дода шавад?

- Пешвои мо ба нерӯ, дониш ва маърифати насли ҷавон ҳамеша арҷ мегузоранд. Пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ҷавононе, ки назару андешаи тоза доранд, ҷалб карда шаванд. Аз ин лиҳоз мо метавонем аз тақдири ояндаи давлат ва миллат хушбин бошем.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Мусоҳиба бо муовини Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:54 0:00

- Омори аҷиб аст, вақте мо натиҷаҳои интихоботии соли 2006 ва 2013-ро муқоиса мекунем, як чизи аҷиб пайдо мешавад. Масалан, дар соли 2006 номзадҳо 4 нафар буданд, ҳудуди 79 дарсади овозҳоро Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд. Соли 2013 ҳудуди 82 дарсади овозҳоро гирифтанд, дар ҳоле ки номзадҳо 5 нафар буданд. Яъне, ҳар қадар номзадҳо зиёд бошанд, гӯё маҳбубияти президент ҳамон қадар бештар мегардад. Хуб тахмине, ки Шумо мезанед, ё ҲХДТ дорад, чӣ гуна аст ва Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи пешорӯи президентӣ чӣ қадар овозҳоро соҳиб мешавад?

- Ман ба ҳайси муовини Раиси ҲХДТ барои тахмин задан аз натоиҷи интихобот ҳақ надорам. Теъдоди овозҳои номзади пирӯзро танҳо Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ҳукуқ дорад, ки муайян кунад. Вале, тавре ки дар боло зикр намудам, боварии комил дорам, ки маҳбубияти миллати тоҷик нисбат ба Пешвои муаззами худ, ҳатман кафили пирӯзии номзади арзандаи мо хоҳад буд…

- Яке аз аввалин шиорҳои Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам!” Мо, воқеан ҳам шоҳиди як сулҳ гардидем. Ҳамроҳ бо мухолифинаш ҷаноби Раҳмон Созишномаи сулҳро дар соли 1997 баст ва сипас барномаҳои стратегие пеш омад. Фикр мекунед ин барномаҳо то куҷо амалӣ шуданд?

- Дар ин замина Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон як таҳлили густурдаеро анҷом дод, ки дар гузориши муовини аввали Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии ҳизб садо дод ва дар нашрияи марказии ҳизби мо - «Минбари халқ» низ нашр шуд. Танҳо ҳамин нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки иҷрои барномаи стратегии рушди кишвар, новобаста аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз интизориҳои нақшавӣ бамаротиб бештар буд. Дар ин маврид метавонед ба таҳлиле, ки зикраш рафт, муроҷиат кунед.

- Мо гуфтем, ки иқдоми аввалини Эмомалӣ Раҳмон ин овардани сулҳ буд, ки ба ваъда вафо карданд. Баъди он роҳандозӣ кардани нерӯгоҳи Роғун, ки аллакай ду агрегаташ фаъол гардид. Бо ин вуҷуд, мухолифин ва дар бархе аз доираҳои таҳлилӣ мепурсанд, ки ҳоло кадом корҳои нотамоми Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мондааст, ки ӯ мехоҳад онҳоро то охир расонад?

- Аслан чунин пиндоштан, ки рушду тараққиёти як кишвар ва ё фаъолияти як роҳбари давлат дар марҳилаи муайяне анҷом меёбад, ба гумони ман иштибоҳ аст. Давом додан ва ё қатъ кардани фаъолияти роҳбари як давлат аз Конститутсияи кишвар ва интихоби мардум вобаста аст. То лаҳзае, ки ҷомеа ва халқ боварӣ ва дастгирӣ мекунад, Президенти кишвар вазифадор аст, ки рисолати худро анҷом диҳад. Дар мавриди синну сол, фикр мекунам, ки мо набояд зиёд ба ин нуктаи зоҳирӣ мувоҷеҳ шавем, зеро инсонҳои нобиға берун аз масоҳати вақту фазо имконоти маънавии вусъатманде доранд, ки бояд ба нафъи халоиқ ва раият истифода шавад.

- Чаро номзади ҳизби ҲХДТ аз мусоҳиба додан бо хабарнигорони тоҷик худдорӣ мекунад?

- Сарвари давлат борҳо бо ҷомеаи журналистии тоҷик мулоқоти самимӣ анҷом додаанд. Фаразан чунин як мулоқоти густурда, ки дар он кормандони воситаҳои ахбори омма аз тамоми гӯшаву канори кишвар иштирок доштанд, моҳи декабри соли 2009 сурат гирифта буд. Ҳамин гуна мулоқот бо ҷомеаи журналистии кишвар бахшида ба 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорони хусусӣ бо ордену медалҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдир шуданд. Моҳи феврали соли 2019 низ ҳамин гуна мулоқоте бо кормандони ВАО баргузор гардид, ки дар он мушкилоти соҳаи журналистика мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта буд. Дар доираи ин ва дигар мулоқот рӯзноманигорони тоҷик ба роҳбари давлат суолҳои зиёд доданд ва посух ҳам гирифтанд. Таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба ҷомеаи журналистии кишвар ва рушди соҳа хеле назаррас аст. Рӯзноманигорони хусусӣ на танҳо ба ҷаласаву ҳамоишҳое, ки бо иштироки Пешвои Миллат дар кишвар баргузор мегардад, даъват мешаванд, балки дар сафарҳои муҳиме, ки ба кишварҳои хориҷӣ анҷом дода мешаванд, эшонро ҳамроҳӣ мекунанд.

- Номзадҳо аз ҳизбҳои демократ ва сотсиалист бо назардошти вазъи феълии иқтисодӣ, бекор кардани ҳама имтиёзи ширкатҳои калоне мисли IRS, “Фароз” ва ғайраро талаб карданд. Ҳизби Шумо ин пешниҳодро ҳимоят мекунад, ё баръакс?

- Ба андешаи ман ҳар қадар фазои сармоягузорӣ озод бошаду ба ширкатҳои хориҷиву дохили имтиёзи бештаре дода шавад, иқтисоди кишвар ҳамон қадар рушд хоҳад кард. Ин усули кор дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон кайҳо таҷриба шудаанд. Дар барномаи ҳизби мо доир ба рушди соҳибкорӣ банди алоҳидае мавҷуд аст, ки ҳадафи он сода ва осон кардани фаъолият дар ин самт аст. Мо, баръакс, ҷонибдори барҳам додани имтиёзҳо, балки роҳандозии рақобати солим ва бо имтиёз фаро гирифтани теъдоди бештари соҳибкорон ва ширкатҳои ватанӣ ҳастем.

- Дар бораи интихоботи пешорӯи президентии Тоҷикистон назару фарзияҳои гуногун вуҷуд дошту гуфта мешуд. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки дар интихоботи пешорӯ на Эмомалӣ Раҳмон, балки нафари дигар иштирок мекунад. Аммо ин фарзия исботи худро наёфт. Ҳоло дар бархе доираҳои таҳлилӣ ба ин назаранд, ки шояд ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон бо наздик шудани интихобот ҷаноби Раҳмон аз номзадии худ даст мекашад ва аз мардум даъват ба амал меорад, ки ба ҷонибдории яке аз рақибонаш овоз диҳанд. Чун худаш дигар Пешвои миллат аст ва метавонад ҳарфи ниҳоии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро занад. Дар ҲХДТ оё чунин фарзияҳо раддубадал мешаванд?

- Ба пиндори ман, барои чунин тасмими носозгор ҳеҷ заминаи воқеӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG