Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президенти Тоҷикистон ва духтару домодаш бо Попи Рум Франсиск дар Ватикан


Дар акс аз чап ба рост: соҳибкор ва домоди президент Шамсулло Соҳибов, президент Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рум Франсиск, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳамзамон духтари президент ва ҳамсари Соҳибов
Дар акс аз чап ба рост: соҳибкор ва домоди президент Шамсулло Соҳибов, президент Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рум Франсиск, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳамзамон духтари президент ва ҳамсари Соҳибов

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел дар Ватикан бо попи Рум, Франсиск мулоқот кардааст.

Ватикан, давлати хурде дар шаҳри Руми Италия, маркази католикҳои ҷаҳон аст. Попи Рум дар Тоҷикистон низ намоянда дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Попи Рум гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст.”

Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ ҳамеша танқид мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ таъкид кардааст, ки саҳми калисои католикӣ ва Попи Рум дар татбиқи сулҳу субот дар ҷаҳон назаррас аст.

Акс бо домоду духтараш

Дар аксҳое, ки сомонаи президенти Тоҷикистон нашр кардааст, акси ҷудогонаи президент ва попи Рум ва ҳам акси умумии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон нашр шудааст. Дар акси дигаре президент бо аъзои оилааш дар канори попи Рум дида мешавад.

Дар ин акс инчунин домоди президент Шамсулло Соҳибов, ки чун муассиси ширкати монополист ва моҷаробарангези "Фароз" ном баровардааст ва ҳамсари ӯ - духтари президент ва сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ дида мешаванд. Сафири Тоҷикистон дар Италия Ҷамолиддин Убайдуллоев мебошад, ки ӯ дар аксҳои умумии ҳайати Тоҷикистон бо Попи Рум дида мешавад.

Президенти Тоҷикистонро ҳомиёни ҳуқуқ барои эҷоди як ҳукумати оилавӣ ва дар дасти аъзои хонаводааш тамаркуз ёфтани даромадҳои асосӣ аз иқтисоди кишвар интиқод мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 22-юми апрел дар Италия қарор дорад ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар, доираҳои тиҷоратӣ ва тоҷикони муҳими ин кишвари аврупоӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG