Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи рус аз паноҳандагии сиёсӣ дар Олмон даст кашид


Иля Яшин
Иля Яшин

Иля Яшин, cиёсатмадори рус, ки дар оғози моҳи август дар пайи табодули зиндониён аз маҳбаси Русия озод шуд, аз паноҳандагии сиёсӣ дар Олмон даст кашид. Дар ин бора вай ба хабаргузории Bloomberg иттилоъ дод.

Яшин гуфтааст, мақоми паноҳандаи сиёсиро қабул надорад, чун ин ба он маъност, ки вай дигар ҳеч гоҳ ба Русия баргашта наметавонад. Вай тасмим дорад, барои гирифтани ҳаққи муваққатии иқомат ба ҳукумати Олмон муроҷиат кунад. Шарҳи мақомоти Олмон дар ин бора маълум нест.

Ба навиштаи Bloomberg, Яшин мехоҳад, ҳукумати кишварҳои аврупоиро мутақоид созад, ки таҳримро ба зидди русҳое, ки дар ҷанги Украина ва саркӯбгариҳо даст доранд, афзун кунанд.

Иля Яшин то замони боздошт ва ҳам дар маҳбаси Русия борҳо гуфта буд, ки Русияро ҳатто бар ивазӣ озодӣ тарк кардан намехоҳад. Мегӯяд, ӯро ғайрихоҳиши худаш аз кишвар ронданд.

Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифи ҳукумати Русия аст. Соли 2022 ба 8 сол зиндон маҳкум шуд. Рӯзи якуми август Яшин ва 15 маҳбуси сиёсии дигарро дар Русия бо зиндониёни рус дар Амрико ва Олмон иваз ва озод карданд.

XS
SM
MD
LG