Ӯ, ки ҳангоми ширкат дар ҷанги зидди Украина захмӣ шудааст, барои “бе сабаб ва бо таъхир ҳозир шудан” ба макони хидмат, қисми низомии 201 дар шаҳри Бохтар, муттаҳам мешавад. Бар асоси қонунгузории Русия, ба Ян аз 5 то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мавзуъро шарҳ надоданд.
"Комилан беинсофист"
Ба нақли Ян Букин, ҳама чиз моҳи марти соли 2022 сар шуд. Замоне ки вай ва ҳамхидматонашро аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина бурданд ва ӯ ҷароҳати мағзи сар бардошт.
“Ҳамроҳи мо тоҷикҳо ҳам буданд. Ҳангоми ҳуҷум ба Авдеевка рафиқони зиёдро аз даст додем. Зарбаи мағзи сар гирифтам, аз пораҳои таркиш манаҳам осеб дид. Баъди баромадан аз бемористон ба шаҳри Бохтар баргаштам, аммо вазъи саломатам дигарбора бад шуд ва барои муолиҷа ба Русия рафтам,” – ба нақлаш идома дод ӯ.
Ба қавли Ян, баъд аз табобати дубора натавонист, сари вақт аз Русия ба Тоҷикистон баргардад ва барои ҳамин нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд: “Комилан беинсофист. Ин гуноҳи ман нест. Ин саҳлангории афсарон аст. Харҷи сафарро бояд онҳо медоданд.”
Ин сарбози Русия афзуд, нархи билети бозгашташ ба Тоҷикистон 40 ҳазор рубл буд ва ӯ ин миқдор пул надошт.
Ян Букин фарзанди ягонаи оила аст. Модараш дар шаҳраки Бачатскийи Кузбасс зиндагӣ дорад. Ӯ мехоҳад, парвандаи писараш одилона тафтиш шавад.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷо:
"Аз дастамон ҳеч чиз намеояд"
“Писарам соли чорум аст, ки бе рухсатӣ кор мекунад. Тасаввур кунед, ки системаи асаб хароб шудааст. Истироҳате нест. Аз дастамон ҳеч чиз намеояд. Низоми ҳуқуқӣ кор намекунад. Қонунҳо поймол мешаванд," – гуфт Елена Викторовна, модари Ян Букин.
Таҳқиқи парвандаи Ян Букинро Шуъбаи тафтишотӣ дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикист он пеш мебарад. Дар даромадгоҳи пойгоҳ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъаларо мебинанд ва сипас тамос хоҳанд гирифт. То лаҳзаи таҳияи гузориш ҷавобе наомад.
Далер Қурбонов, вакили мудофеи Ян Букин, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додситону муфаттиш хостааст, парванда нисбат ба зерҳимояи ӯ қатъ карда шавад, “зеро таркиби ҷиноят вуҷуд надорад”. Маълум нест, посухи ин дархост чӣ хоҳад буд.
Ян Букин то ҳол хонадор нашудааст. Мегӯяд, вазъи саломаташ хуб нест, бино бар ин, намехоҳад хидматро дар артиш идома диҳад.
Русия дар охири моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард. Радиои Озодӣ пештар дар бораи ҷалби сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия ба ҷанг гузориш нашр карда буд.
Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд. Охири соли 2015 ин дивизия пойгоҳи худро аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд.