Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирати корӣ дар Русия сахт аст, вале пулаш дигар"


Маскав. Акс аз соли 2021
Маскав. Акс аз соли 2021

Ҳамла ба "Крокус Сити" сабаб шуд, ки садҳо муҳоҷири тоҷикро ба Русия роҳ надиҳанд ва ё аз ҳудуди ин кишвар биронанд. Баъзе аз муҳоҷирон, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд, бекоранд ва намедонанд аъзои хонаводаро чӣ гуна бихӯронанду бипӯшонанд. Иқтисоди кишвар сахт пойбанди Русия ва пули муҳоҷирон аст.

"Дар хонаи мо сездаҳ хӯранда аст. Ин кор мекунӣ, он кор мекунӣ, нӯг ба нӯг мерасад." Шаҳоб (ном иваз карда шуд) бо нақли ин ҷумла мегӯяд, аз Русия берун карда шудааст ва ҳоло дар яке аз сохтмонҳо дар Тоҷикистон кор мекунад.

"Музди ҳозираи кор ба таъмини рӯзгори хонавода намерасад. Маоши муҳоҷирӣ фарқ мекунад. Дар инҷо дар як моҳ се-чор ҳазор сомонӣ кор мекунӣ, дар он ҷо баробар ба 20 ҳазор сомонӣ. Онро сарфакорона истифода мебурдам, ба ҳама чиз мерасид. Ҳам барои хона, барои хӯрдан, пӯшидан. На қарз мекунӣ, на ҳеч чиз," – ба нақлаш идома дод ӯ.

Даврон (ном иваз карда шуд), муҳоҷири дигаре, ки воқеаи "Крокус" сабаби ихроҷаш шудааст, бист сол дар Русия муҳоҷир буд ва акнун дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрон мондааст: "Бе кор, бе пул зиндагӣ чӣ хел мешавад? Ҳоло қарз гирифта, хӯрда истодаем."

Шаҳоб мегӯяд, то ҳоло намедонад, ки чаро мақомоти Русия ӯро ихроҷ карданд. Вай ва даҳ ҳамроҳаш, ки дар як сохтмон кор мекарданд, бе ягон сабаб аз кор ва аз қаламрави Русия ронда шуданд. "Қапиданд, панҷ ҳазор рубл ҷарима бастанд ва барои панҷ сол аз ҳудуди Русия "депортатсия" карданд. Сабабаш ҳеч чиз. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро нишон додам, аҳамият надоданд," – афзуд ӯ.

Даврон ихроҷашро як иштибоҳ донист ва барои фаҳмидани сабаби он дубора ба Русия рафт, аммо боз ҳам роҳаш надоданд: "Рӯзи 12-уми апрел як бори дигар билет гирифтаму рафтам. Боз пас гардонданд. Ин дафъа ҳам ягон чиз нагуфтанд. Ба мисли дафъаи аввал гирифтанду баргардонданд."

Муҳоҷирони "депортшуда" чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00

Муҳоҷироне ба монанди Шаҳоб ва Даврон ҳазорон нафаранд. Тибқи гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон танҳо дар панҷ рӯз, аз 26-уми апрел то 30-юми апрел, таҳти таъсири ҳамлаи "Крокус" 643 муҳоҷир аз Русия ронда шудаанд.

Ин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳолати душвор гузоштааст. Муовини раиси Оҷонси кор, Матлуба Искандарзода, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар се моҳи аввали имсол дар умум 1088 муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд.

Вай гуфт: "Аксар шаҳрвандоне, ки аз хориҷ бармегарданд, хоҳиши касбомӯзӣ доранд. Мехоҳанд, ки ягон касб омӯзанд, қарзҳои бефоиз мегиранд. Муроҷиат ҳаст. Қариб 40-45 дарсади муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд, муроҷиат мекунанд. Мо аз ҳисоби барномаи давлатии мусоидат ва шуғли аҳолӣ кор мекунем."

Аз Шаҳоб, ки маълумоти олӣ дораду бекор аст, пурсидем, ки барои кор ё мададе ба идораи ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат кардааст? Ӯ "не" гуфт. Даврон ҳам мегӯяд, "ба ягон ҷо муроҷиат накардаам. Хаёл мекунам, бефоида аст."

Шаҳоб интизори ором шудани вазъ ва баргаштан ба Русия аст. Даврон дар ҷустуҷӯи кор дар Тоҷикистон.

Шаҳоб дар ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, заминҳои зиёде ҳастанд, ки барои кишту кор тайёранд, вале намехоҳад дар замин кор кунад, "чун дору қимат, нуриҳои минералӣ қимат, ҳамон маҳсулотро мегирӣ, фақат пули сарф кардаат мешавад, фоидааш ҳеч чиз."

Коршиносон бар инанд, ки мақомоту мардуми Тоҷикистон бояд муҳоҷиратро ба Русия бознигарӣ кунанд ва дар ҷустуҷӯйи самтҳои дигари муҳоҷират ё бунёди корхонаву ҷойҳои корӣ дар худи ҷумҳурӣ шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин изҳорот вокуниш накардаанд, вале мисли гузашта умед доранд, ки Русия муносибати худро ба муҳоҷирони тоҷик дигар мекунад. Чанде пеш Бунёди Байнулмилалии Пул дар гузорише гуфт, барои расидагӣ ба баргашти муҳоҷирон ва ташкили ҷойҳои корӣ барои онҳо Тоҷикистон бояд як ислоҳоти васеи иқтисодиро ба роҳ монад.

"Русия ҷое нест, ки абадан барои мо сабаби таъмини рӯзгор ва сабаби таъмини зиндагӣ бошад," – гуфта буд ҷомеашинос Музаффар Олимов дар суҳбати чанд ҳафта пеш ба Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG