Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳаммад Расулуллоҳ"-ро имкон дорад дар Душанбе намоиш диҳанд


"Муҳаммад Расулуллоҳ" -- филми маъруфи коргардони эронӣ Маҷид Маҷидиро, ки ба қимати 35 миллион доллар наворбардорӣ шуда, вале бо вокунишҳое дар ҷаҳони Ислом рӯ ба рӯ гардидааст, имкон дорад дар Душанбе намоиш диҳанд.

Ин филм, ки ба ҷашнвораи Оскари Амрико пешниҳод шудааст, дар бархе аз маҳфилҳои мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом мавриди танқид қарор гирифтааст.

Солҳои охир, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба масоили мазҳабӣ бештар шудааст ва сокинон тавассути матбуот аз баҳси ахири уламои Арабистони Саудиву Миср ва филмсозони эронӣ дар бораи ин филм огоҳ шудаанд. Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, рӯзи 15 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои намоиши оммавии филм бояд онро аз муаллифонаш харид. Аммо корхонаи давлатии “Тоҷиккино”, ки масъулияти харидану намоиши филмҳои хориҷиро ба ӯҳда дорад, ба сабаби мушкили молӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бахусус, барои харидани филми “Муҳаммад Расулуллоҳ”, ки аз гаронбаҳотарин филмҳо дар Эрон ба шумор меравад, дасткӯтаҳ аст."

Сафар Ҳақдодов
Сафар Ҳақдодов

Ҳақдодов гуфт, Иттиҳоди синамогарон бо истифода аз собиқаи дӯстиву рафоқат бо синамогарони эронӣ, як нусхаи ин филмро барои як-ду рӯз ба Душанбе оварда ва метавонанд ба гурӯҳе аз алоқамандони ҳирфаии синамо, намоиш диҳанд.

Хайриддин Зайниддинов, ноиби раиси корхонаи “Тоҷиккино”, низ гуфт, ба иллати бӯҳрони шадиди молӣ ин ниҳод барои харидани филмҳои хориҷӣ пули кофӣ надорад.

"Вале мо метавонем ба кинотеатрҳои хусусӣ барои харидории ин гуна филмҳо мусоидат кунем. Яъне, корхонаи мо муҳтавои филмро ташхис ва баррасӣ карда, барои намоиши онҳо ба кинотеатрҳои хусусӣ иҷозатнома ё литсензия медиҳад", - афзуд ӯ.

Маҷид Маҷидӣ
Маҷид Маҷидӣ

Дар ҳоли ҳозир дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”, фурӯшгоҳи “Ашан” ва Кохи Ҷавонони Душанбе толорҳои муосири синамо бо таҷҳизоти пешрафтаи намоиши филмҳо мавҷуданд. Ин кинотеатрҳои хусусӣ имкони молӣ барои харидани филмҳои нави хориҷиро дошта, вале умдатан филмҳоеро, ки дар Русия баргардон (дубляж) шудааст, намоиш медиҳанд.

Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ”, ки аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонии паёмбари Ислом ҳикоят мекунад, дар ҳудуди 140 толори синамоии Теҳрон ва гӯшаҳои мухталифи кишвар намоиш дода шудааст. Интизор меравад, ҳафтаи равон ин филмро дар 300 толори синамоии Туркия низ нишон диҳанд.

Вале ин филм, ки ба ҷашнвораи бонуфузи Оскари Амрико пешниҳод шудааст, дар бархе аз маҳфилҳои мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом мавриди танқиди шадид қарор гирифт. Аз ҷумла, дар тирамоҳи соли гузашта Шайх Абдулазиз Аш-Шайх, муфтии аъзами Арабистони Саудӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Алҳаёт” сохту таҳияи “Муҳаммад Расулаллоҳ”-ро аз назари шаръӣ муҷоз надонист ва гуфт, синамое, ки ин филмро аз даврони туфулияти паёмбари Ислом бардоштааст, “амале хасмона алайҳи Ислом” аст. Ба таъкиди Шайх Абдулазиз, “ин филм паёмбарро ба истеҳзо гирифта” ва шаъни ӯро поён овардааст.

Мақомоти баландпояи Донишгоҳи Ал-Аҳзари Миср низ бо зикри ин ки “ба тасвир кашидани паёмбарон дар шаръ муҷоз нест”, хостори тавқифи фаврии пахши филми “Муҳаммад Расулуллоҳ” шуда буданд.

Аммо Маҷид Маҷидӣ, коргардони филми “Муҳаммад Расулуллоҳ” он замон дар мусоҳибае гуфта буд, “дар ин филм ҳатто чеҳрае аз паёмбари Ислом дар даврони кӯдакӣ ба намоиш дар наёмадааст ва тамоми талошамон ин буд, ки порае аз зиндагии Ҳазрати Муҳаммадро ба тасвир кашем”.

Тамошобинҳои тоҷик баъди касби истиқлоли Тоҷикистон ба филмҳои эронӣ ошноӣ доранд. Нахустин сериале, ки дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пахш шуда ва миёни тамошобинҳо маҳбубият касб кард, “Падарсолор” буд. Баъдан силсилафилми “Юсуфи Паёмбар” дар Тоҷикистон маъруф шуда ва дискҳои он дар бозорҳои кишвар харидорони зиёд дошт. Ба гуфтаи Саъдулло Раҳимов, коршиноси умури синамо, тамошобинҳои тоҷик аз ду роҳ - тавассути шабакаи телевизиони давлатӣ ва синамобазми “Дидор” - бо филмҳои эронӣ ошноӣ пайдо кардаанд.

“Филмҳои ҷолиби ҳаётӣ ва достонҳои таърихии эронӣ дар миёни тамошобинҳои тоҷик маҳбубият дошта ва филмҳои олудаи иделогияи динӣ тамошобин надорад. Намунааш синамобазми “Дидор” аст, ки дар Тоҷикистон мегузарад ва ҳамеша филмҳои эронӣ дар он ширкат мекунанд. Дар ин фестивал бахши филмҳои форсизабонҳо дорем, ки филмҳои эронӣ тамошобинҳои зиёд дорад. Ин филмҳоро ба ҳисоби миёна аз 5 то 7 ҳазор нафар тамоишо мекунанд”, - таъкид кард ӯ.

XS
SM
MD
LG