Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бачабозӣ - шарми пинҳони Покистон


Наим -қаҳрамони хурдсоли филми “Шарми пинҳони Покистон”
Наим -қаҳрамони хурдсоли филми “Шарми пинҳони Покистон”

Ба гуфтаи филмбардорони бритониёӣ, 90 дарсад аз тақрибан 1,5 миллион кӯдакони хиёбонӣ дар Покистон ҳадди ақал боре мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Филми мустанаде бо номи “Шарми пинҳони Покистон”, ки Шабакаи чоруми телевизиони Бритониё ба навор бардоштааст, таваҷҷӯҳро ба масъалаи озори ҷинсии кӯдакони Покистон, махсусан дар шаҳри Пешовар, дар наздикии марз бо Афғонистон ҷалб мекунад.

“Шарми пинҳони Покистон” қиссаи бачаҳои хиёбонӣ дар ин кишвари Осиёи ҷанубист, ки гуфта мешавад, дар марҳилаҳое аз зиндагии худ сӯиистифодаи ҷинсиро таҷруба кардаанд. Қаҳрамони ин филми мустанад бачаи 12-солае бо номи Наим аст, ки мегӯяд, баъди фирор аз хона аз дасти бародари хушунатпешааш бори аввал ҳанӯз дар синни 8-солагӣ бо марде ҳамхоба шуд, то барои худ ғизое бихарад. Зиндагии хиёбонӣ Наимро мӯътоди маводи мухаддир ҳам кард. Ӯ акнун танфурӯшӣ мекард, то ҳероин бихарад.

Танҳо Наим нест, ки дар ин кишвари пур аз маҳдудият ба паёмадҳои хатарнок рӯбарӯ шудааст. Бар пояи баъзе оморҳо, ҳудудан беш аз 1,5 миллион кӯдак дар Покистон дар хиёбонҳо зиндагӣ мекунанд ва нодорӣ онҳоро дар ростои истисмори ҷинсӣ осебпазир кардааст. 90 дарсади инҳо, ба гуфтаи офарандагони филм, дар мароҳиле аз зиндагашон таҷовуз шудаанд.

Порае аз ин филми мустанад инҷо қобили тамошост:

Аксари муҷримон ронандаҳои автобус ва мошинҳои боркашанд, ки соатҳои тӯлонии кор ва маоши кам доранд ва онҳо маъмулан ба кӯдакон пули ночиз медиҳанд ва дар атрофи истгоҳҳои автобусу терминалҳҳои атрофи шаҳр бо онҳо ҳамхоба мешаванд.

Қурбониҳои ин тиҷорат писарҳои хурдсоланд. Коргардони филми мустанад Муҳаммад Нақавӣ мегӯяд, ин бештар аз афкори густардаи падарсолорӣ дар Пешовар бармеояд, ки занҳо дар он ҳамчун номуси хонавода ҳифозат мешаванд, вале писарҳои хурдсол бепуштибон мондаанд.

Қаҳрамони дигари филм роҳбалади автобус бо номи Эъҷоз эътироф кардааст, ки бо даҳҳо писабача робитаи ҷинсӣ доштааст. “Занҳо моле ҳастанд, ки дар хона нигаҳдорӣ мешаванд. Занҳоро берун оварда намешавад, зеро онҳо таҳти назоратанд, ин як кори беҳуда аст; баъдан бо занҳо бояд баодобона рафтор кунӣ. Бачаро бошад аз атроф мегирӣ ва бе ҳеҷ мушкил истифода мекунӣ.” – мегӯяд ин роҳбалади автобус.

Ин мавзӯъ ба коргардон Ҷейми Доран, ки барои филми “Писарони раққоси Афғонистон” ҷоизаи бонуфуз дарёфт кардааст, ошност. Филми Доран бо ошкоргӯиҳои худ парда аз рӯи сӯиистифодаи ҷинсии писарҳо дар Афғонистон, ки тиҷорати онро ҷангсолорҳо таҳти назорат доранд, бардошт ва бинандагонро таккон дод.

Доран дар сӯҳбат бо телевизиони CNN гуфт, ки “сӯиистифодаи ҷинсии писарҳои хурдсол дар Покистон барои он густарда аст, ки духтарҳо дар дастрас нестанд. Агар ба сабабҳои ин вазъият нигоҳ кунед, ба натиҷае мерасед, ки дар ин гуна ҷамъиятҳо нақши занҳо то андозае ночиз аст, ки метавон гуфт, аслан вуҷуд надорад.”

Ҳайратовар аст, ки Эъҷоз, ҳамон роҳбалади автобус аз филми мустанади “Шарми пинҳони Покистон”, бо онки медонад, озори ҷинсии кӯдакон хато ва аз нигоҳи Ислоҳ гуноҳ аст, ин рафтори худро маъмулӣ мешуморад. “Мо чӣ кор кунем? Мо медонем, ки ин комилан хилофи Ислом аст. Худо инро дӯст намедорад. Аммо мо дар муқобили хоҳишҳои худ ночор ҳастем,” -мегӯяд Эъҷоз.

Ҳузнангез ин аст, ки кӯдакони хиёбонӣ низ дар баробари хоҳишҳои афрлде, чун Эъҷоз дармондаанд, зеро дар Пешовар, минтақае, ки нерӯҳои пулис бештар бо ҷангиёни Толибон даргир шудаанд, барои таъмини амнияти кӯдакон ва ҳимоят аз фоҳишаҳои хурдсоли хиёбонӣ талоши чандоне ба харҷ дода намешавад.

Кӯдакони хиёбонӣ
Кӯдакони хиёбонӣ

Ин аст, ки филми мустанади Нақавӣ мавҷи танқидҳоро бештар дар Бритониё ва давлатҳои дигари ғарбӣ ба бор овард, на дар Покистон, ки хоҳиши баҳс дар мавзӯъи барои ҷомиаи муҳофизакораш мамнӯъе, чун озори ҷинсии кӯдаконро надорад. Дар ҳоле, ки Имрон Хон, яке аз сиёсатмадорони саршиноси Покистон мавридҳои озори ҷинсии кӯдаконро дар ин филм “ғамангез ва шармовар” унвон кард, ҳеҷ як аз шабакаҳои телевизионии кишвар ин филмро, ки бе пул ба онҳо барои пахш пешниҳод шуда буд, намоиш надодааст.

XS
SM
MD
LG