Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модару падарон дар комиссариати ҳарбӣ латукӯб шудаанд


Бибимарям Ҳамроева сокини 54 солаи деҳаи Чорбоғи Шӯрои деҳоти Косатарош
Бибимарям Ҳамроева сокини 54 солаи деҳаи Чорбоғи Шӯрои деҳоти Косатарош

Як модар ва як падар мегӯянд, дар робита ба "облава"-и писаронашон дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент мавриди таҳқир ва латукӯби кормандони он қарор гирифтаанд.

Бибимарям Ҳамроева, сокини деҳаи Чорбоғи Шӯрои деҳоти "Косатарош" мегӯяд, барои он ба кумиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент рафта буд, то ба кормандони он бигӯяд, ки чашмони писараш Шоҳимардон нуқс доранд ва ба ин иллат натавонистааст дар мактаби миёна то охир таҳсил кунад. Аммо дар кумиссариат касе омода набуд, арзи вайро шунавад, баръакс дар дохили утоқи корӣ ба баданаш даст зада, вайро таҳқир ва лату кӯб кардаанд.

Ин модари 54-сола меафзояд, азбаски бемории фишори хун дорад, дар ин гиру дор аз ҳуш рафта, ба фарш афтодааст ва вайро хешовандонаш ба бемористони шаҳр интиқол додаанд.

Лату кӯби модар ҳафтаи гузашта рух додааст, вале вай танҳо ҳоло, баъд аз ҷавоб шуданаш аз бемористон, бо машварати хешовандонаш Муҳаббат Искандароваро вакили мудофеъ гирифта, ба додситонӣ муроҷиат кардааст. Муҳаббат Искандарова мегӯяд, дар кашокашиҳо дар дохили кумиссариати ҳарбӣ либоси Ҳамроеваро пора кардаанд. Худи Ҳамроева мегӯяд, дар аснои лату кӯб яке аз онҳоро ҳамкоронаш Далер ном мебурдаанд ва баъд маълум шуд, ки Далер Мирватов корманди ҳамин муассиса аст.

Писари Бибимарям -- Шоҳимардонро дар ҷараёни “облава” кормандони Комиссариати ҳарбӣ боздошт карда буданд. Гузашта аз ин, якуним моҳ пеш писари дигараш Турсуналӣ Аллаёров ихтиёран ба хидмати аскарӣ рафтааст.

Хонум Искандарова ба Радиои Озодӣ гуфт: “Писари калониашон хидмати 2-солаи аскариро моҳи маи ҳамин сол тамом кардааст. Якуми октябр писари хурдиаш, бо вуҷуди ин ки синаш намерасид, ариза навишта, ихтиёран ба хидмат рафтааст. Баъд аз чанд ҳафта кормандони кумиссариати ҳарбӣ дар ҷараёни “облава” як писари дигарашро, ки ирсӣ чашмаш нобино таваллуд шуда ва мактаб ҳам нахондааст, дошта ба хидмат фиристодаанд. Модар барои арз ба назди чаҳор афсар медарояд. Ин занро таҳқир мекунанд, ба баданаш даст мезананд ва либоси танашро пора-пора мекунанд. Модар ба назди ман омад, ман гуфтам, ки ба додситонии шаҳр муроҷиат кунад. Додситонӣ тавсия додааст, ки ба додситонии ҳарбии Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Ман даъвои Ҳамроеваро ба додситонии ҳарбии вилояти Суғд навишта фиристодам”.

Гирудори ҷавонон барои ихидмати ҳарбӣ дар ноҳияи Ваҳдат
Гирудори ҷавонон барои ихидмати ҳарбӣ дар ноҳияи Ваҳдат

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, додситонии ҳарбии вилоят то ҳол ба ин шикоят ҷавоб надодааст. Абдурофеъ Исрофилов-раиси Шӯрои деҳоти Косатарош низ мегӯяд, ки Бибимарям дар ин бора ба Шӯрои деҳот низ шикоят бурдааст. Вай тасдиқ мекунад, ки Шоҳимардон-писари Ҳамроева воқеан ҳам нуқси биноӣ дорад ва ҳатто соли гузашта бо назардошти хулосаҳои тиббӣ ба вай билети ҳарбӣ ҳам дода будаанд. Вале имсол ин билетро ғайривоқеӣ донистаанд ва вайро ба хидмат даъват кардаанд.

Аммо Сабур Нуров -- навбатдори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бибимарямро касе таҳқир накардааст, назадааст ва гапҳое, ки вай мегӯяд, тӯҳмат аст ва асос надорад. "Агар касе вайро зада бошад, додситонӣ тафтиш карда ҳамаашро маълум мекунад.”

Дар ҳамин ҳол мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар давоми як моҳи охир лату кӯб ва азияту озори Бибимарям ягона ҳодиса нест. Ба ҷуз аз ин модар дар ин муддат ду оилаи дигар Абдуҷаббор Рустамов ва Саидалӣ Ҳақбердиев аз лату кӯб тавассути кормандони комиссариати ҳарбӣ ба додситонӣ шикоят бурдаанд. Дилрабо Самадова-раҳбари созмони АМПАРО ё Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, онҳо низ аз номи Бибимарям Ҳамроева ва Абдуҷаббор Рустамов-сокини 55 солаи деҳаи Суҷинаи ноҳияи Панҷакент ва падари даъватшаванда Акмал Рустамов дархости кӯмак гирифтаанд. Онҳо дархост кардаанд, ки дар расидагии одилона ба парвандаи лату кӯби онҳо аз ҷониби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент кӯмак кунанд. Хонум Самадова мегӯяд, Дилшод Ҷӯраев-вакили мудофеи созмони онҳо дар роҳ аст ва вай 4 декабр бо ҷабрдидаҳо дар ноҳияи Панҷакент мулоқот ва бо асли воқеа ошно хоҳад шуд. Вале вай таъкид кард, ки созмони онҳо омода аст ба ҷабрдидагон кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонад.

Табиби бемористони шаҳрии Панҷакент Саидҷон Раҷабов, ки падари даъватшавандаи дигар Абдуҷаббор Рустамовро муолиҷа кардааст, мегӯяд, Рустамовро бо 7 дандони шикаста ва чанд дандони зарбхӯрдаву сару рӯи варамида ба бемористон овардаанд. Вай ҳоло муолиҷа мегирад ва табибон дар бораи вазъи саломатии Рустамов ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия кардаанд.

Худи Абдуҷаббор Рустамов, ки аз бистари бемористон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки вай барои писари бемораш ба комиссариати ҳарбӣ рафтааст, то ба онҳо бигӯяд, ки писараш Акмалро шахсан худаш ба хидмати аскарӣ гусел кардааст ва ба онҳо супурдааст, бо вуҷуди он ки вай бемории саратон дорад ва як ҷарроҳиро низ паси сар кардааст. Рустамов мегӯяд:

Хушнуд Исомаддинов, як қурбонии дигари "облава" дар бемористони Хуҷанд
Хушнуд Исомаддинов, як қурбонии дигари "облава" дар бемористони Хуҷанд

“Акмалро дар маркази вилоят дар шаҳри Хуҷанд табибон баъд аз муоинаи тиббӣ аз хидмат баргардонидаанд. Вайро дубора ба Панҷакент овардаанд. Вале комссариати ҳарбӣ дубора ба Хуҷанд фиристодааст. Мо аз ин корҳо тамоман хабар надоштем ва дар ин миён фикр мекардем, ки Акмал хидматро давом медиҳад. Вале як рӯз котибаи Шӯрои деҳоти Суҷина телефон карда гуфт, ки шуморо комиссариати ҳарбӣ даъват кардааст. Ман омадам ва ба военком (комиссари ҳарбӣ) Қобилов Хуршед гуфтам, ки писарам дар хидмат аст. Онҳо пофишорӣ мекарданд, ки вай дар хидмат нест ва мо вайро пинҳон кардаем. Манро аз кабинети военком берун карданд ва ба кабинети дигар бурданд. Бо Далер Мирватов баҳси мо давом дошт. Дар ҳамин вақт военком даромада, маро бо мушт зад ва ман афтодам ва чапонро ба сарам кашидам. Ба сарам бо лагад мезаданд. Ман дод задам ва аз ҳуш рафтам. Вақте ки ба ҳуш омадам Далер ва Урунбек Тошев -- як корманди дигар хунҳои маро пок мекарданд ва таъкид мекарданд, ки ман ба касе дар ин бора арз накунам. Ман аз тарс қавл додам, ки ба касе намегӯям. Вале хешовандонам маро ба бемористон оварданд.”

Аз 24 ноябр то ҳол Абдуҷаббор Рустамов дар бемористон аст ва мегӯяд, писараш Акмал оиладор ва соҳиби як писар ҳам ҳаст. Бо вуҷуди бемории саратон вайро комиссариат аз Хуҷанд овардааст ва ҳоло вай дар қисми ҳарбии Панҷакент хидматро идома медиҳад. Худи падар аз муоинаи тибби додгоҳӣ гузаштааст ва ҳуҷҷатҳову аксҳоро ба додситонӣ супурдааст.

10 ноябри соли 2014 Радиои Озодӣ дар бораи лату кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев-сокини деҳаи Яккахонаи Шӯрои деҳоти Рӯдакӣ низ гузорише нашр карда буд. Мирзоалӣ Ҳақбердиев -- сокини ин деҳа дар шарҳи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш Саидалӣ Ҳақбердиевро рӯзи 4-уми ноябр кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бидуни даъватнома ва огоҳии пешакӣ аз даруни хона ба зӯр гирифта, дар роҳ то маркази ноҳия лату куб кардаанд, ки бар асари он вай беҳуш шуда, пас аз ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст.

Аммо Исматулло Юсуфов-раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент рӯзи 7 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, чаҳор рӯз қабл вай дар ситоди ҳукумати ноҳия навбатдор буд ва аз комиссариати ҳарбӣ ӯро аз вазъи Саидалӣ Ҳақбердиев бохабар кардаанд: “Вақте ки маро бохабар карданд, зуд мошини ёрии таъҷилиро даъват кардем ва Саидалиро, ки беҳуш буд, ба беморхона овардем, вазъияти бача бисёр бад буд, аз гӯшаш хун мерафт. Ман ба кормандони комиссариат гуфтам, ки бисёр рафтори номатлуб кардаанд.”

Бо вуҷуди ин ҳукумати шаҳри Панҷакент 10 ноябри соли ҷорӣ дар номае лату кӯби Саидалиро рад кард ва гуфт, ки вай худро аз мошин берун партофтасмт ва аз комиссариати ҳарбӣ касе вайро назадааст.

Тӯҳфа Сӯфиева, модари Саидалӣ мегӯяд, ки писараш ҳамин сол донишгоҳро хатм карда буд ва ҷои кор суроғ дошт. Ба гуфтаи вай, намедонад, ки чӣ гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ фарзандашро бурдаанд ва фақат раиси ҷамоат онҳоро бохабар кардааст, ки ба беморхона ба аёдати фарзандашон бираванд.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва ду моҳ, яъне то 1 декабр идома дошт. Дар қонунгузории Тоҷикистон "облава" ё шеваи маҷбурии ба хидмат сафарбар кардани ҷавонони сини хидмат ба артиш мамнуъ дониста мешавад. Ин нуктаро борҳо раиси ҷумҳур ва вазорати дифои Тоҷикистон низ таъкид кардаанд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур қабл аз оғози даъвати баҳории соли 2014 аз комиссариатҳои низомӣ хоста буд, то ба шеваҳои ғайриқонунии даъвати ҷавонон ба хидмат нуқта гузоранд.

XS
SM
MD
LG