Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гарнизони ҳарбии Хуҷанд "облава"-и Саидалиро таҳқиқ мекунад


Гарнизони ҳарбии Хуҷанд ба баррасии қазияи лату кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев сокини ноҳияи Панҷакент ҳангоми “облава” шурӯъ кардааст.

Гарнизони ҳарбии Хуҷанд ба санҷиши қазияи лату кӯби бераҳмонаи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава”-ро шурӯъ кард, ки ӯ баъди ин ҳодиса ду рӯз дар бемористон беҳуш буд.

Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Саидалӣ Ҳақбердиев рӯзи 2 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Гарнизони ҳарбии Хуҷанд ба баррасии ҳодисаи латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев шурӯъ кардааст. Вай гуфт, ки дирӯз ташхиси судии Панҷакент хулосаи худро дар мавриди латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев ба Гарнизони ҳарбӣ пешниҳод кардааст.

Зафар Холов, ходими Маркази ташхиси тиббии шаҳри Панҷакент гуфт, ки хулосаи ташхисро ба гарнизони ҳарбии Хуҷанд ирсол доштаанд, вале ӯ аз шарҳи ҷузъиёти ташхис гап назад. Дилшод Ҷӯраев вакили мудофеи Саидалӣ Ҳақбердиев мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ташхиси тиббиро омӯхта сипас айбномаи худро эълон хоҳад кард.

Зимнан, падари Саидалӣ Ҳақбердиев рӯзи 2 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз писараш аз беморхона ҷавоб дода шуд ва феълан дар шароити хона табобат меёбад.

Сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола чоруми ноябр аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия “облава”шуда, ва ба гуфтаи наздиконаш дар роҳ то маркази ноҳия латту куб шудааст, ки бар асари он вай беҳуш шуда, пас аз ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст. Саидалӣ Ҳақбердиев ҳамин сол Донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, ба деҳааш барои кор баргаштааст.

Пизишки беморхона касалиҳои рӯҳии Панҷакент дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Саидалиро бо занбар (носилки) оварданд, ки беҳуш буд ва пардаи гӯшаш даридааст.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва ду моҳ идома мекунад. Синну соли аскарӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27 сол аст, вале теъдоди ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба хидмат мераванд, ангуштшумор мебошад. Мақомот нақшаи даъватро ба ин далел асосан аз ҳисоби маъракаҳои дар байни мардум маъруф ба “облава” пур мекунанд. Сафарбарии иҷборӣ ба артиш ё “облава” аз масоилест, ки ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG