Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз рӯйдоди 6-уми ноябр дар дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" маълумоти пурра ва фарогир намедиҳанд, ҳувияти ҳамлаварон ва равиши ҳодисаро ошкор намекунанд, фарзияҳои гуногун садо дода, шарҳу тафсирҳои мухталиферо ба миён меоранд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ба ғайр аз изҳороти аввали худ дар бораи воқеа тафсилоте надоданд ва намояндагони онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз такмили фарзияи расмӣ худдорӣ мекунанд.
Дар ин байн манбаъҳои наздик ба тафтишот мегӯянд, як соҳибкор дӯкони худро дар бозори "Корвон"-и Душанбе фурӯхта, барои ин амалиёт мошинҳои сабукрав харидааст ва чаҳор тан аз ҳамлаварон қаблан узви гуруҳи тундрави "Ансоруллоҳ" буда, баъдан ба ДОИШ пайвастаанд ва ҳамчунин барои ин ҳамла махсусан занон истифода шудаанд, то шубҳаи камтар ба миён оранд. Ба гуфтаи манобеъ, ин гурӯҳро нафаре бо номи Анвар ба ин дидбонгоҳ раҳбаладӣ шудааст, ки қаблан худаш дар он ҷо хидмати ҳарбӣ карда, бо ин макон хуб шиносоӣ доштааст.
Ҳамчунин аз ноомодагии марзбонон ба чунин иттифоқ хабар дода мешавад ва маълумоти фаровоне дар даст ҳаст, ки нахуст бояд озмуда шаванд ва биноан чизҳои зиёде норӯшан мемонанд. Ҷузъиёте, ки то ҳоло ба даст омадааст, факти ҳамла ба дидбонгоҳ, рабуда шудани аслиҳа ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат будани гуруҳро тасдиқ мекунанд, аммо пайванди он бо ДОИШ, аз Афғонистон ворид шудани ҳамаи гуруҳ ва ҷузъиёти дигар зери шубҳа қарор мегиранд.
Бино ба фарзияи расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр ба амал омада, дар он як марзбон ва як афсари пулис ва 15 ҳамлавар кушта шудаанд. КДАМ эълон дошт, ҳамлаварон 20 нафар ва марбути гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ будаанд, ки "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд". Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.
Камбуди шадиди иттилои дасти аввал, нашри аксҳои шубҳабарангез дар сомонаи ВКД ва сипас бардошта шудани онҳо, пинҳон доштани шумораи дақиқи қурбониёни ҳодиса, ангеза ва амалкардаи ҳамлаварон сабаб гаштааст, ки фарзияҳои ҳархела ва гоҳе комилан тахайюломез нашр шуда, шубҳаро ба воқеияти изҳороти КДАМ ва ВКД бештару қавитар кунанд. То ба андозае, ки як бахши муаллифон ҳамаи ҳодисаро “саҳнасозӣ” бо ҳадафҳои муайян шумурдаанд, аммо бахши дигар онро ба масъалаҳои тиҷоратӣ рабт додаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ тамоми талоши худро карданд, то бо дарёфти маълумот аз манбаъҳои боварбахш ба воқеаи 6-уми ноябр рӯшанӣ андозанд.
Такопӯ дар бозори “Корвон”
Гурӯҳе аз тоҷирони бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе мегӯянд, дар робита ба даст доштани як тоҷири ин бозор дар ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз сӯи кормандони УБОП ё Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД бозпурсӣ шудаанд. Чанде аз тоҷирон рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пурсиши онҳо дар бораи Искандар ном тоҷири тахминан 30-35 сола, сокини вилояти Суғд, сурат гирифтааст. Тоҷироне, ки бозпурсӣ шудаанд, зоҳиран, аз сӯҳбат дар бораи Искандар ҳарос доштанд ва таъкид мекарданд, ки бо ӯ чандон шинос набуданд. Искандар тӯли 5 моҳи соли равон дар дарвозаи 5-уми бозори «Корвон» ба фурӯши либоси кӯдакона машғул будааст. Шумораи телефони ӯ рӯзи 12-уми ноябр дастнорас буд.
Фазлиддин Раҳмонов, тоҷире, ки дар макони Искандар ба савдои либоси кӯдакона машғул аст, гуфт, ӯро ҳам бозпурсӣ кардаанд: "Мо Искандарро зиёд намешиносем. Ӯ ду моҳ пеш ин дӯконро холӣ карда, мехостааст, фурӯшад. Як моҳ пеш бо 126 ҳазор сомонӣ ин ҷойро харидем. Ҳангоми харидан фаҳмидем, ки ин макон ба номи Анвар Ғаффоров, як тоҷири дигар аз Суғд будааст ва Искандар фақат иҷора менишастааст. Дар овезаи назди дӯкон рақамҳои телефони Искандар буд, мо пулро ба Анвар додем ва дигар на Искандар ва на Анварро надидаем".
Масъулони бозори “Корвон” ҳам дар бораи шахсияти Искандар нахостанд суҳбат кунанд. Онҳо мегӯянд, суҳбат дар ин бора дар салоҳияти онҳо нест ва аз баски Искандар иҷоранишин буд, мушаххасоташ дар ҳеч санаде сабт нашудааст. Шералӣ Қарахонов, як корманди бозори “Корвон”, ки сардори маъмурии дарвозаи №5-и бозор муаррифӣ мешуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз бозпурсӣ шудани тоҷирон пас аз ҳодисаи ахири дидбонгоҳи Ишқобод огоҳ аст, вале дар бораи шахсияти тоҷире, ки аз ӯ Искандар ном бурда мешавад, маълумот надорад. Қарахонов таъкид намуд, ки воқеан ҳам соҳиби аслии дӯкон на Искандар, балки Анвар буд ва ҳоло намедонад ин ду нафар дар куҷоянд.
Рӯзи 12-уми ноябр дар Раёсати ВКД дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар бораи даст доштани тоҷири “Корвон” дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ ва бозпурсӣ шудани ҳамкорони собиқаш маълумот надоданд. Пас аз муаррифӣ ва фаҳмидани мавзӯи мавриди назар, гуфтанд, ҳоло масъулоне, ки дар бораи ин қазия суҳбат кунанд, сари кор нестанд.
Аммо манбаи дигари наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибкор Искандар бо пуле, ки аз фурӯхтани дӯконаш ба даст овард, мошиниҳои сабукраверо харидааст, ки дар ин ҳамла истифода шудаанд. Соҳиби аслии дӯкон бо номи Анвар Ғаффоров касе дониста мешавад, ки тарҳи ин ҳамларо кашида ва ба эҳтимоли зиёд ба он раҳбарӣ кардааст. Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, Анвар дар гузашта дар ҳамин дидбонгоҳ хидмат кардааст ва ҳамаи нуқтаҳои заъфи онро медонистааст. Аз сӯйи дигар, дидбонгоҳи "Ишқобод" дурафтода ва назарногир буда, расидани нерӯҳои иловагӣ ба он вақт талаб мекунад, шояд ба ин сабаб ҳадаф интихоб шудааст.
Дар Лайлакуя оромист
Тафтишот, ки ҷузъиёти ташкили ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро дар марзи Тоҷикистону Узбекистон таҳқиқ мекунад, собит кардааст, ки ҳамлаварон дар ду деҳи ноҳияи Қубодиён - Қизил-нишон ва Лайлакуя паноҳгоҳ ёфта буданд. Як манбаъ мегӯяд, мошинҳои сабукрав барои ҳаракати гуруҳ ба самти Душанбе ба ҳамин макон оварда шудаанд. Бино ба фарзияи расмӣ, ҳамлаварон шаби 3-юми ноябр аз Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузаштаанд. Вале касе аз мақомот ё афроди огоҳи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфта натавонист, оё ҳаракати шубҳаноке аз 3 то 6 ноябр дида шудааст
Номи ин ду деҳа дар гузашта низ бинобар пайвастани сокинонаш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротгаро дар Афғонистон ва Сурияву Ироқ расонаӣ шуда буд. Лайлакуя ва Қизил-нишон ду деҳаи ҷамоати “20 солагии Истиқлолият” (собиқ Янгиюл) ҳастанд, ки аксарияти сокинонаш узбекзабонанд.
Дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷиҳати ҷилавгирии ҷавонон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми ноҳия ва аз ҷумла ин деҳаҳо корҳои тарғиботӣ пеш мебаранд.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта низ ин деҳаҳо бинобар майли бархе аз сокинонаш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти вилояти Хатлон ва ҳам ҷумҳурӣ қарор дошт, “аммо айни замон вобаста ба даст доштани сокинони ин деҳаҳо ва ё, кумаки онҳо ба ҳамлаварони дидбонгоҳи марзӣ ба мо иттилое нарасидааст”.
Мақомот мегӯянд, "чун ин ду деҳа дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд, маҳз дар деҳаи Қизил-нишон як варзишгоҳ сохта, ба истифода дода шуд, то ҷавонон дар вақтҳои холии худ ба варзиш машғул бошанд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нагараванд”.
Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон сокинони деҳаи Қизил-нишонро барои пайвастан ба Ҳаракати исломии Узбекистон боздошт карда буданд. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2013 мақомот аз боздошти 6 нафар аз сокинони Қизил нишон ба ҷурми узвияти ба Ҳаракати исломии Узбекистон ки дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст боздошт ва ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шудаанд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ду деҳаи зикршуда мегӯянд, вазъ дар ин ҷо то 12 ноябр одӣ будааст, манбаи дигар зикр мекунад, ки сафари афрод аз ноҳияи Қубодиён ва ба он наздик зери назорати маъмурони амниятист ва таксиронҳо аз интиқоли афроди ношинос худдорӣ мекунанд.
Фарзияҳои “шираи камол” ва "як авлодӣ"
The Insider, нашрияи бонуфуз, ки бо пажуҳишҳои худ шуҳрат дорад, фарзияи ҳамлаи террористиро рад кард ва воқеаро ба ҷамъкунандагони шираи камол ва нархи хариди он аз ҷониби ширкати “Фароз” бастагӣ дод, ки ба домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аммо далелҳои қатъии ин фарзия дар миён нестанд ва ширкати сокинони вилояти Суғд дар ин ришта боварбахш ба назар намерасад. Нашрия баръакси дигар матлабҳои таҳқиқотии худ ҳеҷ далел, мисли ҷойи кори ҳамлаварон ё санаде, ки коргари ширкати мазкур будани онҳоро собит кунад ва ё исме аз онҳоро наовардааст.
Вале як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳамлаварон каҷкордҳое дарёфт шудаанд, ки умдатан барои ҷамъоварии шираи камол ба кор мераванд ва шояд касе бо такия ба ин овозаеро паҳн кардааст, ки воқеа ба эътирозҳои ҷамъоварандагони ин маҳсулот рабт дорад. Ишораи дигари The Insider дар бораи "бенишон шудан"-и эътирозгарони моҳи апрел дар назди дарвозаи "Фароз" ҳақиқат надорад. Зиёда аз даҳ нафари онҳо ҷазои маъмурӣ гирифтанд ва ба сари кор баргаштаанд. Онҳо асосан аз навоҳии ҷануби кишвар буданд.
Ҳувияти аксари онҳое, ки гуфта мешавад, дар ин ҳамла ширкат кардаанд, нишон медиҳад, ки онҳо аксаран зодагон ва сокинони вилояти Суғданд. Чунончӣ, Анвар Ғаффоров, Искандар, Раҳбар Боқиева, Малоҳат Ҳайдарова, Зулхумор Ҷумъаева, Ҳусейн Исломов ва Шавкат Исломов зодагони вилояти Суғд будаанд. Ба хабарнигорони мо маълум шуд, ки бародарон Исломовҳо, сокини деҳаи Қалъачаи Араби ҷамоати "Зарҳалол"-и Истаравшан будаанд.
Номи як нафари дигар низ рӯ задааст, ки Парвина Маҳмудовна Розиқова буда, сокини деҳаи Қалъачаи Араби ҷамоати “Зарҳалол”и шаҳри Истаравшан дониста мешавад. Ин зан ва чанди дигар аз онҳое, ки номбар шудаанд, дар солҳои 2014-2015 барои дарёфти кор ва даромад ба Русия рафтаанд. Як манбаъ мегӯяд, Розиқова ва Шавкат Исломов аз Русия ба Сурия сафар кардаанд. Дар ин пайт манбаъ номи Исломро на Шавкат, балки Шуҳрат мегӯяд. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашудааст, ки ҳақиқат доштани ин гуфтаҳоро санҷад.
Аммо раиси ҷамоати "Зарҳалол"и шаҳри Истаравшан Шафқат Мавлонов дар як тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳусейн ва Шавкат сокинони ҳамин деҳа буданд, онҳо чаҳор бародаронанд, аммо номи хонаводагияшон Ҳомидов аст, на Исломов ва ҳарду аз соли 2014 ба ин сӯ аз деҳа рафтаанд."
Як манбаи дигар гуфт, аслан ҳамаи ин гуруҳ аҳли як хонадон ё авлодист, ки яке аз мардҳои он дар гузаштаи начандон дур дар дидбонгоҳи "Ишқобод" хидмат кардааст, ҷойгиршавии он ва нуктахои муҳимашро хуб медонистааст. Ин даста гоҳе ки ба назди маркази марзбонӣ мерасад, яке аз занхо кудакаш дар бағал ба назди дидбонгоҳ меояд ва кумак мепурсад ва ҳангоме ки сарбоз аз болои дидбонгоҳ поин ва ба назди зан меояд. Он гоҳ мардҳо ба марзбон дармеафтанд ва ӯро корд задаву ба қатл мерасонанд.
Ин манбаъ меорад, ки дар пояи дидбонгоҳ ҳамчунин 4 марзбони дигар кушта шудаанд ва гуруҳ силоҳи онҳоро гирифта, ба дохили марказ ҳамла мекунанд ва ҳар каси пешомадаро мепаронанд. Яке аз афсарон тугмаи "Бонги хатар"-ро пахш мекунад. Милисаи минтақавӣ ва ҳамзамон сардори маҳалла Баҳром Қосимзода ҳангоме кушта мешавад, ки ба ҷойи воқеа меояд. Яке аз ҳамлаварон ӯро бо чанд зарбаи корд мезанад ва дигаре ба тарафи Қосимзода чаҳор тир холӣ кардааст.
Сарбозон мошини ҳамлаваронро бо мушакандоз ё гранатомет ҳадаф қарор медиҳанд.
Дар ин воқеа 3 зан ва ду кӯдак зинда мондаанд.
Як манбаи дигари Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати яке аз ин занҳо, ки гуфта мешавад 40 сол дорад, ҳукми боздошти думоҳаро содир кардааст.
ДОИШ ё на?
Мақомоти тоҷик аз ибтидо эълон карданд, ки ҳамла кори дасти гурӯҳи тундрави ДОИШ аст. Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти қудратӣ низ таъкид мекунанд, ки дар воқеаи "Ишқобод" “ячейкаҳои хуфта”-и ДОИШ дар дохили Тоҷикистон ба ҷангҷӯёни ин созмони тундрав, ки аз хоки Афғонистон ворид шудаанд, ҳамкорӣ кардаанд. Аммо далели шаъйии ин фарзия ҳанӯз дар миён нест. Эҳтимол, пас аз ошкор ва расонаӣ шудани гуфтугӯҳои телефонӣ ё паёмакрасонҳо ин ақидаи тасдиқи пурраи худро пайдо кунад.
Дар ин байн, сомонаи “Аъмоқ”, ки марбут ба ин гурӯҳи тундрав аст, низ иддао кард, ки ҳамла кори дасти онҳост.
Агар ба мақомоти тоҷик ва иддаои ДОИШ бовар кунем, ин нахустин ҳамлаи созмони тундрав пас аз марги Абубакри Бағдодӣ, “халифа”-и худхондаи ин созмон аст.
Аммо Рафаэлло Пантучӣ, таҳлилгари умури амният ва терроризм дар Лондон мегӯяд, феълан бисёр мушкил аст, ки ин ҳамла воқеан бо дастури ДОИШ ё ҳаводорони он сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи таҳлилгар, ДОИШ гоҳо худаш бевосита ҳамлаҳоеро тарҳрезӣ мекунад ва дар бархе маврид ҳаводоронаш аз пеши худ ба ин кор даст мезананд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки тамоман ин созмон дар ҳамла даст надорад, вале онро бар душ мегирад.
“ДОИШ чунин навъи ҳамлаҳоро эътироф мекунад, барои он ки ҳарду навъи ҳамлаҳо ба манфиати ин созмони тундрав аст ва ин созмонро аз он чи кӣ ҳаст, бузургтар нишон медиҳад”,--гуфт ӯ.
Моҳи июли соли 2018 дар ҳудуди вилояти Хатлон дар ҳамлае чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо низ ин гурӯҳи тундрав бар душ гирифт.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик дар масоили амниятӣ дар Хуҷанд мегӯяд, тахмин кардан мушкил аст, ки ду ҳамлаи охир оғози маъракаи ДИ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.
“Бо ин далел, ки ин гурӯҳ дар Афғонистон як неруи қавӣ нест. Зидди он ҳам гурӯҳи Толибон ва ҳам давлат чун як неруи бегона мубориза мекунанд”,--гуфт ӯ.
Рафаэлло Пантучӣ, таҳлилгари умури амният ва терроризм дар Лондон мегӯяд, ДОИШ баъди саркуб шудан дар Ироқу Сурия барои эҳёи “хилофат”-и худхондаи худаш минтақаи дигарро ҷустуҷӯ дорад.
“Ва ҳар кишваре, ки сохторҳои давлатдориаш фалаҷ асту табақаҳо ва қувваҳои сиёсӣ бо ҳам бархурд доранд, барои эҳёи ДОИШ минтақаи мувофиқ ҳисоб меёбад. Эхтимолияти дар Афғонистон ҷамъ омадани миқдори зиёди ҷангиёни фирори аз Сурияву Ироқ, махсус шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, баъди ба хоки Сурия даромадани ҳарбиёни Туркия шояд рӯ ба афзоиш орад. Дар назди марзи Тоҷикистон Узбекистон сафарбар шудани микдори зиёди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ таҳдиди навест, ки ба устувории вазъият дар минтақа таъсир мерасонад”,-- мегӯяд ӯ.
Ҳарчанд, ин таҳлилгар ду ҳамлаи хунин дар Тоҷикистонро оғози “ҷанг”-и ин созмони тундрав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ намедонад, мегӯяд, “афзоиши амалҳои террористиро бояд дар назар дошт, зеро онҳо аз ҷониби гуруҳҳои ҷудогона содир шуданашон аз эҳтимол дур нест”.
Ба гуфтаи ӯ, “агар ДОИШ дар назди марзи Тоҷикистон пурқувват гардад, эҳтимолияти амалиёти диверсионӣ ва кушишҳои рахна кардани марз мумкин афзояд”.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Назорати марз аз ду ҷониб мушкил арзёбӣ мешавад. Мақомоти тоҷик дар пайи ҳамлаи охир назорат ба сарҳадро пурзӯр кардаанд, чун ангушти ишора ба ҳамлаи охир ба он сӯи марз аст.