Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" кори дасти аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" будааст. Дар ин ҳодиса як марзбон, як корманди пулис ва 15 ҳамлавар кушта шуданд. ДОИШ ки маъмулан ҳамлаҳои анҷомдодаи худро дар гӯшаҳои ҷаҳон ба таври фаврӣ эълон мекунад, то ба ҳол ба ин изҳороти мақомоти тоҷик вокуниш накардааст.
Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр, дар хабарномае гуфт, баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, "онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд".
"Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд",- омадааст дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.
Мақомот субҳи чаҳоршанбе эълон карданд, ки бар асари ҳамлаи "гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобпӯш" ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод", як марзбони тоҷик ва як корманди вазорати умури дохилӣ ба ҳалокат расиданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойгир аст. Ҳанӯз тасдиқи хабар аз манобеи мустақил дастрас нашудааст.
Ба иттилои маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ин ҳодиса 15 ҳамлавар кушта ва панҷ тани дигар боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳодиса соати 03:23-и шаби чаҳоршанбе сурат гирифтааст ва гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар ба ин дидбонгоҳ ҳамла бурданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам бо пахши як хабарнома гуфт, ки ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намуданд. Ба иттилои ВКД, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорати умури дохилӣ шумораи боздоштшудаҳоро, ки ба деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор кардаанд, 4 нафар гуфтааст.
Як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳамлаварон ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” бо чаҳор худрави дорои рақамҳои 01, ки ба минтақаи Душанбе марбут аст мехостанд фирор кунанд. Ин манбаъ гуфт, мошинҳои истифодакардаи ҳамлаварон асосан тамғаи “Опел” мебошанд.
Дар аксҳои нашркардаи Вазорати умури дохилӣ низ чанд мошини “Опел” дида мешавад, ки нимсухта ҳастанд. Аммо дар яке аз аксҳо дақиқан рақами мошин марбут ба минтақаи 01 аст, ки ба худравҳои ҳудуди Душанбе дода мешавад. Ин аксҳо баъдан аз сомонаи Вазорати умури дохилӣ пок карда шуданд.
Мақомот аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ ва Неруҳои марзбонӣ то ҳол расман шарҳ надодаанд, ки ҳамлаварон чигуна аз ноҳияи Қубодиён то ба дидбонгоҳи “Султонобод” воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон омаданд.
Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр, дар хабарномае гуфт, баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, "онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд".
Баъд аз ин изҳороти мақомот, суолҳои зиёде пайдо шуд, ки чигуна ҳамлаварон тавонистанд давоми ду рӯз аз ноҳияи Қубодиён ба ноҳияи Рӯдакӣ оянд ва касе ҳам монеи онҳо нашуд. Масофа аз марзи Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Қубодиён то макони ҳодиса тибқи ҳисоби харитаи Гугл наздики 200 километр аст.
Бо гузашти беш аз 15 соат аз ҳамла мақомот аз шарҳи ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ кунанд. Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани маълумот аз Неруҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулл то ин дам бенатиҷа буд.
Дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” 17 нафар, аз ҷумла як корманди ВКД ва як корманди Неруҳои марзбонӣ кушта шуданд.
Корманди ҳалокшудаи Вазорати корҳои дохилӣ ин нозири минтақавии ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ Баҳром Қосимзода будааст. Як сокини ҷамоати Эсанбой гуфт, маросими ҷанозаи Баҳром Қосимзода баъд аз зуҳри 6-уми ноябр баргузор шуда, ӯро ба хок супориданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ барои видоъ бо афсари кушташуда омад.
Дар ҳамин ҳол, масъулини деҳаҳои наздимарзӣ дар ноҳияи Қубодиён мегӯянд, кормандони мақомоти қудратӣ имрӯз ба назди онҳо омада, ҳушдор доданд, ки дар баробари хатарҳо аз тарафи Афғонистон ҳушёр бошанд.
Эркин Турахонов, раиси ҷамоати “20 солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Қубодиён дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони мақомоти қудратӣ ба фаъолони деҳаҳо суҳбат карда гуфтанд, ки “аз гузаштани одамон эҳтиёт шавед.”
Турахонов мегӯяд, ҷамоати онҳо дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон воқеъ аст.
Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи тафтиши фаврӣ таъсис шудааст ва таҳқиқ идома дорад. Аз манбаъҳои дигар маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса дар даст нест.
Дар ҳоли ҳозир роҳ ба сӯи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, қисман масдуд мебошад ва сари роҳ низомиён бо силоҳ истодаанд ва шаҳрвандонро танҳо баъд аз тафтиши санадҳо ва нақлиёташон иҷозаи убур медиҳанд.
Кормандони мақомоти қудратӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки ба ҷамоати Лоҳур ворид шаванд. Онҳо гуфтанд, ки рӯзноманигорон ҳаққи наздик шудан ба маҳали ҳодисаро надоранд.
Инчунин дар роҳи Душанбе-Бохтар, мошинҳои низомӣ гузошта шудаанд ва тонкҳо ба чашм мехӯранд. Даромадгоҳи шаҳри Душанбе аз тарафи ҷамоати Лоҳур зери назорати нерӯҳои интизомӣ қарор дорад.
Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои аслии пойтахт низомиён бо аслиҳа ба чашм мерасанд. Низомиён асосан мошинҳои сиёҳишаро нигоҳ дошта, кофтукоб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии РИА Новости бо такя ба намояндагони марзбонии Узбекистон иттилоъ додааст, ки онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар пайванд ба ин ҳамла, дар тамос ҳастанд. Як намояндаи марзбонии Узбекистон изҳор доштааст, ки "мо аз ҳодиса бохабар ҳастем ва феълан онро мавриди омӯзиш қарор додаем".
Ҳамла дар ҳоле ба амал омадааст, ки Тоҷикистон Рӯзи Қонуни Асосиро ҷашн мегирад ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба кишварҳои Аврупост. Ин сафар қарор аст, то 12 ноябр идома кунад.
Агар дар ҷойи ҳодиса будед, ё аксе видеое аз онҷо доред, лутфан ба ин шумораҳо ба мо ва ба воситаи Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед:
(+420)607 900 808
(+420) 724 056 681
(+420) 724 053 959