Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 5 ҳамлавари "Султонобод" ошкор гашт. Се зан, ду мард


Ҳувияти панҷ нафаре, ки, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ширкат кардаанд, маълум гардид. Манобеъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин афродро сокинони вилояти Суғд гуфтанд. Чаҳор нафари онҳо ҳоло дар боздошт қарор дошта, як тани онҳо ҳангоми задухӯрд кушта шудааст. Тасдиқи ин хабар аз тарафи манбаъҳои мустақил то ҳол имконпазир нагаштааст.

Аз панҷ нафаре, ки шахсияти онҳо ба мо маълум шуд, се зан ва дуи дигар мард мебошанд.

Як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомӣ гуфт, дар пайи амалиёт Малоҳат Ҳайдарова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зулхумор Ҷумъаева ва Раҳбар Боқиева, сокинони шаҳри Истаравшан боздошт шуданд. Ҳусейн Исломов, сокини деҳаи Қалъачаи Араби ҷамоати "Зарҳалол"-и Истаравшан низ дар ин ҳодиса дастгир ва сокини дигари ҳамин деҳа Шавкат Исломов, ки гумон меравад, хешованди Ҳусейн Исломов аст, кушта шудааст.

Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, бо раиси ҷамоати "Зарҳалол"и шаҳри Истаравшан Шафқат Мавлонов дар тамос шавад. Ӯ гуфт, "Дарвоқеъ Ҳусейн ва Шавкат сокинони ҳамин деҳа буданд, онҳо чаҳор бародаронанд, аммо номи хонаводагияшон Ҳомидов аст, на Исломов ва ҳарду аз соли 2014 ба ин сӯ аз деҳа рафтаанд." Раиси ҷамоат афзуд, ду рӯз пеш намояндагони мақомоти амниятӣ бо ӯ дар тамос шуданд ва аз ин ду нафар пурсуҷӯ карданд.

Акси яке аз ҳамлаварони зан, ки боздошт шудааст, дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, аммо ба далели халал наёфтани ҷараёни тафтишот, аз нашри он худдорӣ мешавад.

Синни аксари ин боздоштшудаҳо ва фарди кушташуда аз 20 то 25-сола аст. Дар бораи шахсияти 15 тани дигар аз ҳамлаварон, ки ҳангоми задухӯрд бо нирӯҳои давлатӣ кушта шудаанд, то ҳанӯз маълумоте дар даст нест.

Наздикони ин афрод дар Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд ва талошҳои кормандони Радиои Озодӣ барои тамос бо онҳо бенатиҷа будаанд. Аз ҷумла, хонаводаи Ҳомидовҳо соли 2014 ба Хуҷанд кӯчидааст ва суроғаи он дастрас нест.

Дар ҳоле ки маълумоти аввал дар бораи ин панҷ нафар аз як манбаи мустақил дастрас шудааст, як корманди додситонӣ рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи Роҳбар Боқиева маълумот надорад, аммо номи дастгиршудаҳои боқимондаро тасдиқ мекунад. Ӯ афзуд, номи касе, ки дар ин моҷаро кушта шудааст, Шавкат ва худаш сокини Истаравшан будааст. Ин манбаъ аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.

Ба иттилои манбаи дигар, дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин афрод бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, куштор ва ғайриқонунӣ убур кардани марз парванда боз шуда, тафтишоту бозпурсӣ идома дорад.

Ҳувияти ин чаҳор нафари боздоштшуда ва як каси кушташуда нишон медиҳад, ки бахше аз ҳамлаварон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи шаби 6-уми ноябр эълон карда буданд, ки панҷ тан аз ҳамлаваронро боздошт карданд. Вазорати умури дохилӣ шумораи онҳоро 4 нафар гуфта буд.

Рӯзи 8-уми ноябр дар қисми навбатдории Шӯъбаи Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Истаравшан гуфтанд, онҳо низ хабардор шудаанд, ки чанд тан аз ҳамлаварон аз ин шаҳр ҳастанд, вале дар бораи шахсияти онҳо маълумот надоранд. Дар ин идора гуфтанд, исми сокинони Истаравшан, ки дар ин ҳамла даст доранд, ба онҳо пешниҳод нашудааст. Дар Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе низ гуфтанд, ки маълумоте дар ин бора ба онҳо ироа нашудааст.

Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар изҳороти расмӣ гуфтанд, бист ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла кардаанд. "Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", -- гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.

XS
SM
MD
LG