Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли зиндон барои ҷавони “хизматгурез”


Додгоҳи низомии вилояти Хатлон як нафар аз гурӯҳи сарбозони аз хизмати ҳарбӣ фироркардаро барои як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳамакнун Меҳроби Карим, ҷавони 22-сола, ба хотири саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ то соли оянда дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр нигоҳ дошта мешавад.

Исмоил Мирмахсумов, раиси мурофиаи додгоҳӣ, зимни эълони ҳукм гуфт, Меҳроби Карим ҳамроҳ бо 8 ҷавони дигар аз комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ барои адои хизмати аскарӣ ба воҳиди низомии воқеъ дар шаҳри Хоруғи Бадахшон дар моҳи майи соли гузашта сафарбар шуда буданд.

«Аммо вақте мошини наваскарон дар роҳи Кӯлоб-Шӯрообод ба назди кӯпруки вайронае мерасаду қарор мегирад, Меҳроб бо ҷавонони дигар фирор мекунанд», - афзуд ӯ.

Вакили дифоъ ва пайвандони ҷавони муттаҳам дар мавриди ин қазия суҳбат намекунанд, аммо Меҳроби Карим зимни мурофиаи додгоҳӣ гуфт, сабаби фирори ӯ ва ҷавонони дигар вазъи ноороми Бадахшон будааст. Яке аз наваскарон ҳангоми интиқоли Меҳробу ҷавонони дигар ба Хоруғ гуфтааст, ки онҳоро ба Помир мебаранд ва азбаски он ҷо ҷанг рафта истодааст, онҳоро хоҳанд кушт. Ба гуфтаи Меҳроб, тарс аз кушта шудан ӯ ва наваскарони дигарро ба фирор аз хизмати ҳарбӣ таҳрик додааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки Меҳроби Карим нафари сеюми боздоштшуда аз гурӯҳи ҳаштнафараи сарбозони фирорӣ мебошад. То ин замон ду ҷавони дигарро боздошт ва муҷозот кардаанд. Аммо мақомот 5 ҷавони дигарро, ки низ ҳамроҳи Меҳроб аз мошинаи сарбозон фирор кардаанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

Муҷозоти ҷавонони “хизматгурез” дар ҳолест, ки рӯзҳои наздик мавсими нави даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад ва коршиносон мегӯянд, ки чунин мурофиаҳои додгоҳӣ ба хотири тарс додани ҷавонони дигари парҳезкунанда аз адои хизмати низомӣ барпо карда мешавад.

Таҳлилгари маҳаллӣ Абӯбакри Файзалӣ
Таҳлилгари маҳаллӣ Абӯбакри Файзалӣ
Таҳлилгари маҳаллӣ Абӯбакри Файзалӣ дар ин иртибот мегӯяд, агар дар гузашта ҷавонони фироркарда аз хизмати низомиро ҷазои ғайриҳабсӣ медоданд, ҳоло бархӯрди мақомот ба ин масъала сахттар шудааст.

“Ин гуна мурофиаҳои додгоҳии намоишӣ наметавонад боиси ҷалби бештари даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ шавад. Ин усули кор боиси ворид кардани ҳарос дар дили хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ ва ҷавонони синни сарбозӣ ва ба миён омадани ҳар гуна овозаҳо мегардад. Беҳтар мебуд, ки масъулини ин соҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои диққатҷалбкунанда, ҳар гуна мусобиқоти тарғибкунандаи хизмати сарбозӣ ва мисли инро барпо кунанд, то шавқи насли нав ба адои хизмати низомӣ афзун шавад”, - афзуд А.Файзалӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба иддаои коршиносон, сабаби дигари фирори ҷавонон ҳам ин аст, ки дар мавсими даъват ба артиш, ба истилоҳ «облава»-ҳо ё боздошти ҷавонони қобили хизмати сарбозӣ дар кӯчаву хиёбонҳо аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ зиёд мушоҳида мешавад.

Муҳаббат Мирзораҳимова - намояндаи яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қӯрғонтеппа
Муҳаббат Мирзораҳимова - намояндаи яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қӯрғонтеппа
Муҳаббат Мирзораҳимова, намояндаи яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд: “Пӯшида нест, ки ҷавононро натанҳо дар кӯчаҳо, балки ҳатто баъзан аз хонаҳояшон маҷбурӣ «облава» карда, ба артиш мефиристанд. Боз дағалона рафтор мекунанд. Баъзан ҳатто падару модарон аз «облава» шудани писарони худ бехабар мемонанд ва баъди чанде дарак меёбанд, ки фарзандашон дар комиссариати ҳарбии вилоят асту интизори сафарбарӣ ба артиш. Волидон метарсанд, ки писаронашонро ба аскарӣ фиристанд, хусусан баъди ҳодисаҳое, ки дар Рашту Бадахшон ба вуқӯъ пайваст.»

Ба ақидаи Дилшод Шеров, сардори ситоди қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Бохтар, фирори ҷавонон аз адои хизмати низомиро овозаҳои бардурӯғ дар мавриди вуҷуди “дедовшина”-ю латукӯби сарбозон ё ғизои нокофӣ дар артиш сабаб шудааст. Вай афзуд, барои аз тафаккури ҷавонон зудуда шудани чунин овозаҳои аз ҳақиқат дур, ба ҷуз дарсҳои ҳарбии мактабӣ, ҳамасола дар қисмҳои низомӣ “рӯзи дарҳои боз”-ро бо ширкати кулли писарбачаҳои синфҳои болоӣ ба роҳ мондан лозим аст.

Дилшод Шеров - сардори ситоди қисми низомӣ
Дилшод Шеров - сардори ситоди қисми низомӣ
“Он сухане, ки мегӯянд: “бачаҳоро дар хизмат азият медиҳанд”, бахусус дар шаъни қисми ҳарбии мо ғалат аст. Ҳар як афсар, ки қабл аз ҳама, тарбиятгар мебошад, вазифадор аст, то ҳолати рӯҳии ҳайати шахсиро биомӯзад. Агар аз ҷониби мо дар ягон сарбоз дигаргуние мушоҳида гардад, бо ӯ суҳбати хос мегузаронему мутобиқ ба кирдораш чора меандешем. Вале, хушбахтона, солҳои охир дар қисми мо ҷазои маъмурие мавриди амал қарор нагирифтааст, ба истиснои ҳодисаҳои дер мондан ба саф ва ғайра, ки чандон эътибори ҷиддӣ надоранд”, - афзуд Д. Шеров.
XS
SM
MD
LG