Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо дар бораи ҷавонони эътирозгар чизе намегӯем"


Раҳматулло Сафаров, раиси ноҳияи Хуросон дар нишасти хабарии 24-уми июл
Раҳматулло Сафаров, раиси ноҳияи Хуросон дар нишасти хабарии 24-уми июл

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар нишасти хабарии 24-уми июл аз посух додан ба суолҳо дар бораи тақдири ҷавононе, ки баъд аз эътирози 17-уми май дастгир шудаанд, худдорӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки масъалаи бархӯрд бо боздоштшудагон барои ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад.

Фаъолони ҳуқуқи тоҷик дар Маскав ба нишони ҳамрайъӣ бо сокинони боздоштшудаи ноҳияи Хуросон флешмоб ё чорабинии варзишӣ баргузор карданд. Дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин суол баррасӣ мешавад, ки чаро шаҳрвандон барои баёни мавқеъ ва андешаи худ, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба онҳо ҳақ додааст, таъқиб мешаванд. Корбарон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки муҳокимаи боздоштшудагон паси дарҳои баста ва зери муҳри "махфӣ" ҷараён хоҳад гирифт.

"Аз мо напурсед"

Раҳматулло Сафарзода гуфт, “дар мавриди ҷавонони эътирозгар аз мо напурсед, аз мақомоти интизомӣ пурсед”. Дар ҳоле ки ба қавли яке аз сокинони Хуросон, “раиси ноҳия бояд ба сарнавишти ҳар сокини он таваҷҷуҳ дошта бошад ва нисбат ба онҳо адолатро таъмин кунад.”

Эътирози рӯзи 17-уми май дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе
Эътирози рӯзи 17-уми май дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе

Ҳафтаи гузашта масъулони Додситонии вилояти Хатлон гуфтанд, ки даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои ташкили тазоҳуроти бе иҷоза аз панҷ то даҳ шабонарӯз ба ҳабс гирифтанд. Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ тақдири 6 сокини дигари ноҳияи Хуросон, ки боздошт шудаанд, норӯшан аст. Мақомоти ноҳия нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Эътирози сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 17-уми май баъд аз харобкориҳои селу ярч сурат гирифт. Мардуми осебдида барои чанд соат шоҳроҳи Бохтар-Душанберо баста, гуфтанд, ки ба ин восита мушкили худро ба мақомот расонданд.

Мақомот ваъдаи худро нисбат ба "саркардагон" иҷро карданд?

Сели рӯзҳои 14 ва 15-уми май даҳҳо хонаро пурра вайрон ва ба даҳҳо манзили дигар қисман осеб расонд, чанде аз чорвои мардумро кушт ва киштзорҳошяонро хароб кард. Ду нафар ҳам ҷони худро аз даст доданд. Сокинон он вақт шикоят доштанд, ки дар хонаҳои наздикон шабро рӯз мекунанд, вале намояндаҳои мақомот ба суроғашон намеоянд.

Баъд аз он ки тазоҳурот бо истифода аз нирӯҳои вижаи милиса пароканда шуд, муовини нахуствазир ва раиси вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса рафта, бо гуруҳе аз мардум вохӯрданд. Онҳо ваъдаи кумак карданд ва ҳамзамон гуфтанд, нисбат ба саркардагони амали эътирозӣ чора меандешанд.

Дар ду моҳи ахир дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон барои осебдидагон сохтмони 67 хона идома дорад. Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта гуфт, ки хонаи аввалинро ба соҳибаш супурданд ва дар ин деҳа маросими нахустини арӯсӣ ҳам баргузор шуд.

Хишт аз киву дару тиреза аз кӣ?

Мақомот нагуфтанд, ки барои бунёди 67 хона дар деҳаи Чорбоғ чӣ қадар пул харҷ шудааст, аммо таъкид карданд, ки “бахши бузурги он ёрии раиси ҷумҳурӣ аст” ва “ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо дару тирезаи хонаҳоро пайдо карданд”.

Дар ин муддат ба сокинони осебдида Иттиҳоди Аврупо ҳам кумаки молӣ кардааст. Ду сокини деҳаи ба номи Неъматулло Асадулло, ки дар пайи омадани сел ва лағжиши кӯҳ зарар дидаанд, инро тасдиқ намуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ба ҳар кадом аз мардуми зарардида 150 франки Швейтсария, муодили беш аз якуним ҳазор сомонӣ, тақдим мешавад.

Дар ҳоле ки мақомотро масъули фоҷиаи моҳи май дар ноҳияи Хуросон медонанд, раиси ноҳия мардумро барои, ба гуфтаи ӯ, “фиребкорӣ” муттаҳам намуд. Раҳматулло Сафаров 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъд аз сели харобиовари соли 2009 барои 11 нафар дар ҷойи бехавф замину хона доданд, вале ба қавли ӯ, "онҳо хонаҳоро фурӯхта, боз ба макони хатарзо баргаштанд ва худро дар дами офати табиӣ гузоштанд."

Як мушкил рафт, мушкили дигар омад?

Сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон баръакси рӯзҳои аввали ҳодиса аз суҳбат кардан бо матбуот парҳез доранд ва аксари онҳо ба суолҳо бо баҳонаи он ки “сарашон дар бало намонад” худдорӣ меварзанд. Танҳо ҳаминро мегӯянд, ки эътирози рӯзи 17-уми май агарчӣ мушкил овард, ҳамзамон мушкили бехонагии онҳоро ҳал кард, вагарна маълум набуд зимистони ояндаро дар чӣ шароите пушти сар мекарданд.

Дар вилояти Хатлон тақрибан 400 минтақаи хавфнок вуҷуд доштааст, ки ҳар сол хатари омадани селу лағжиши кӯҳ таҳдид мекунад. Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ, бахусус сел, аст. Солҳои гузашта низ омадани сел ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG