Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ба офат дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон вокуниши фаврӣ нишон додааст. Раиси ин ниҳод, генерал Рустам Назарзода, дар нишсти матбуотии 23-уми июл гуфт, ки маъмурони КҲФ аз рӯзи аввал дар маҳалли сел қарор доштанд. Таври маълум сокинони ин минтақа бо иддаои он ки ба мушкили онҳо саривақт расидагӣ нашудааст, дар ба эътироз заданд ва роҳи Бохтар -- Душанберо бастанд. Назарзода мегӯяд, наҷотдиҳандагон аз рӯзи аввал дар маҳалли воқеа ба мардум кумак мекарданд:
“Мо рӯзи 16-уми май бо муовини сарвазир Гулмаҳмадзода маслиҳат карда будем, ки дар ҷойи ҳодиса ҷаласаи ситод мегузаронем. Мардум 17-уми май ба кӯча баромаду моувини сарвазиру дигар мақомот ба ноҳияи Хуросон рафтанд. Ҳарчанд он шабу рӯз кормандони мо дар ҷойи ҳодиса машғули бартараф сохтани оқибатҳои селфароӣ буданд”.
Рустам Назарзода дар идомаи сӯҳбат хабар дод, ки то охири моҳи оянда ҳамаи сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон ба манзили нав мекӯчанд. Мақомот ба онҳо барои сохтмони манзили нав дар минтақаи амн 0,08 гекторӣ замин дода, дар бунёди маскан кумак мекунад ва интизор меравад сохтмони ин хонаҳо то 15-уми август анҷом дода шавад.
Дар натиҷаи сел шаби 13 ба 14 май дар чанд маҳаллаи ноҳияи Хуросон ду кас ҳалок шуда, даҳҳо хонаҳо зери гил монд. Бино ба ҳисоби комиссияи ҳукуматӣ, ҳаҷми умумии осеб ҳудуди 7 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Зарардигаони офат бо талаби кумаки давлат рӯзи 17 май тазоҳурот карданд ва роҳро барои чанд соат бастанд. Ин эътироз ба ҳалли мушкили онҳо мусоидат намуд, вале ҳодисаро ба як рӯйдоди сиёсӣ тадил дод.
Додситони вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода 16 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, барои иштирок дар эътирози бидуни иҷоза даҳ бошандаи ноҳияи Хуросон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд. Вале додситон дар бораи сарнавишти 6 сокини дигари ноҳия, ки алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, чизе нагуфт.
Дар нимсолаи аввал дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта миқдори офатҳои табиӣ ва талафоти ҷонӣ ду баробар кам, аммо хисороти молӣ аз онҳо баръакс ду маротиба бештар шудааст. Чунончӣ, дар ин муддат дар кишвар 178 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дода, дар онҳо 7 сокини кишвар ҷон бохтаанд. Аз ҷумла, бар асари тармафароӣ 2 нафар, селобҳо 4 нафар ва аз раъдубарқ як нафар кушта шудаанд.
Аммо, ба гуфтаи роҳбари ниҳоди наҷотдиҳандагони тоҷик ин омор дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта камтар будааст: “Имсол зиёни ҳодисаҳои таббиӣ бештар аз 50 миллион сомониро ташкил мекунад. Соли гузашта зарари ҳодисаҳои таббӣ 28 миллион сомонӣ буд. Соли ҷорӣ дар ҳодисаҳои таббӣ 7 нафар ва соли гузашта 22 нафар ба ҳалокат расида буд. Ҳамаи ин аз шароити обу ҳаво вобастагӣ дорад».
Генерал Рустам Назарзода афзуд, ки дар пайи ҳодисаҳои табиӣ дар соли ҷорӣ 102 хонаи истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, 18593,97 гектар замнҳои кишт, 6 пул ва беш аз 24 километр роҳи мошингард зарар диданд.