Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Бозгашт ба фардо» ё бозгашт ба СССР?


Тайи понздаҳ соли раҳбарии Владимир Путин дар Русия размҳои шӯравии собиқ дубора арзи вуҷуд карданд ва сиёсати дохиливу берунаи Кремл ҳам ҳарчӣ бештар шабеҳи сиёсати Кремли замони СССР мешавад.

21 октябри соли 2015… Қаҳрамонони филми маъруфи амрикоии «Бозгашт ба фардо» («Back to the Future”) маҳз ҳамин рӯз бо дунёи пур аз асрори фардо ва пешрафти бесобиқаи илму фановарӣ рӯбарӯ шуданд. Аммо агар сӣ сол пеш «мошини вақт» қаҳрамонони филмро на ба Амрико, балки ба Русияи имрӯз меовард, онҳо шоҳиди боқӣ мондан ё эҳёи рамзҳову нишонаҳои зиёде аз он айём мешудаанд. Тайи понздаҳ соли раҳбарии Владимир Путин дар Русия бархе аз размҳои шӯравии собиқ дубора арзи вуҷуд карданд ва сиёсати дохиливу берунаи Кремл ҳам шабоҳатҳое ба сиёсати Кремли замони СССР дорад.

“Ситораи сурх – рамзи муқаддаси мост”.

Иосиф Сталин, раҳбари вақти СССР, тақрибан 90 сол пеш барои қадрдонии заҳмати коргарону деҳқонон унвони "Қаҳрамони меҳнати сотсиалисти"-ро таъсис карда буд. Ин унвони соли 1991 аз байн бурдашударо Владимир Путин соли 2013, яъне баъди 22 сол барқарор намуд. Ҳамон сол таҳиягари театр, кишоварз, табиб, нақбкан ва харрот «Қаҳрамони меҳнат» шуданд.

Аз ин пеш Путин гимн ё суруди миллии шӯравиро бо матни нав чун гимни Русия эҳё кард, ки акнун дар ҳама ҷашу маросиму тантанаҳо садо медиҳад.

Сарвари Русия соли 2002 ситораи сурхро ҳам чун рамзи нерӯҳои мусаллаҳи Русия эҳё намуд. Сергей Иванов, вазири дифои Русия, он вақт гуфта буд, ки ситораи сурх барои ҳама низомиёни рус як рамзи муқаддас аст.

Ленин боз «аз зиндаҳо ҳам зиндатар» аст

Айёми раёсати Борис Елтсин дар Русия баҳсҳое дар бораи аз Мақбара дар Майдони сурхи Маскав берун кардан ва гӯронидани Владимир Ленин доман зада шуданд. Аммо солҳои ахир ин мавзӯъ ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтодааст. Муҷассамаҳои «доҳии пролетарҳои ҷаҳон» дар Русия нафақат ҳифз шудаанд, балки дар посух ба барафкандани муҷассамаҳои ӯ дар Украина, дар баъзе мавзеъҳо пайкараҳои Ленин дубора ифтитоҳ мешаванд.

Мақбараи Ленин дар Майдони Сурх
Мақбараи Ленин дар Майдони Сурх

Номи дигар доҳии замони шӯравӣ - Иосиф Сталин дар Русия «сафед» мешавад ва ба ӯ ҳам дар баъзе манотиқ муҷассама мегузоранд. Соли гузашта Владимир Путин эълом дошт, ки ба хотири ба шаҳри Волгоград баргардонидани номи пешинааш Сталинград шояд раъйпурсӣ баргузор шавад. Моҳи феврали соли равон Думаи давлатӣ пешниҳоди коммунистҳо барои баргардонидани номи Сталинград ба ин шаҳрро рад кард.

Дар Русия талошҳое барои "зинда" кардани номи Феликс Дзержинский, поягузори КГБ-и шӯравӣ, ҳам ба чашм мерасанд. Дар ҳоле, ки мавзӯи эҳёи муҷассамаи азими ӯ дар майдони Лубянка, бинои пешини КГБ дар Маскав, матраҳ мешавад, се сол пеш дар вилояти Тюмен ба “Феликси оҳанин” муҷассамаи нав гузошта шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрҳои "стратегӣ" дар Русия дубора дарҳои худро ба рӯи "бегонаҳо" мебанданд. Баъд аз суқути СССР дар соли 1991 вуруд ба даҳҳо "шаҳрҳои баста", ки дар онҳо корхонаҳои махфии низомӣ бунёд шуда буданд, осонтар гардид. Аммо шурӯъ аз соли 2001 баъд аз Норилск, ки он ҷо иқомат ба ҳама афроди ғайрирус (ба ҷуз белорусҳо) манъ гардид ва Уренгойи нави Сибир, ки вуруд ба шаҳр на фақат ба хориҷиҳо, балки барои белорусҳо ва русҳои «номатлуб" ҳам мамнӯъ шудааст, боз чанд шаҳрро ба феҳристи "шаҳрҳои баста" шомил карданд.

Инзивоъ - паёмади таҷовуз

Вуруди нерӯҳои Русия ба қаламрави Гурҷистон дар соли 2008 – нахустин таҷовузи Кремл ба як кишвари мустақил баъд аз хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон буд. Сарбозони рус соли гузашта дар минтақаи Донбасси Украина ҳам пайдо шуданд. Аммо бузургтарин таҷовузи берун аз қаламрави шӯравии собиқ – дахолати низомии Русия ба умури Сурия аст, ки охирҳои моҳи сентябри соли равон шурӯъ шуд. Дар амалиёт алайҳи мухолифини режими Башор Асад ҳавопаймову чархболҳо ва киштиҳои ҷангии Русия ширкат доранд.

Ҳавопаймоҳои русӣ дар Сурия
Ҳавопаймоҳои русӣ дар Сурия

Баъди замима кардани нимҷазираи Қрим Русия ва бархе аз шаҳрвандони воломақомаш бори аввал баъд аз шикасти шӯравӣ дар инзивои кишварҳои Ғарб қарор гирифтанд. Дари клуби G-8, гурӯҳи иборат аз ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам, ба рӯи Русия баста шуд ва ин ниҳод дубора G-7 ном гирифт. Беш аз 30 кишвари аврупоӣ, ҳамчунин ИМА, Астралия, Зеландияи нав, Ҷопон ва Канада алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд. Бар асари ин иқтисоди Русия аз рушд бозмонд, қимати рубли русӣ тақрибан ду баробар коҳиш ёфт. Даҳҳо мансабдорон ва тоҷирони рус аз имкони сафар ба кишварҳои ғарбӣ маҳрум шуданд.

Вазъ дар Иттиҳоди кишварҳои мустақил (ИДМ) ё СНГ, ки ба он чанд кишвари шӯравии собиқ шомиланд, мувофиқи матлаби Маскав нест. Гурҷистон соли 2009 ин ниҳодро тарк намуд, дар нишасти ахири сарони ИДМ дар Қазоқистон ҳайати Украина ҳузур надошт, Туркманистон ва Молдова ба ин нишаст мансабдорони сатҳашон пойинро фиристоданд.

Айни ҳол Русия бо режимҳои мустабиде чун Кореяи Шимолӣ, Чин, Вйетнам, Қазоқистон, Тоҷикистон, Белорус, Эрон, Сурия, Венесуэла, Никарагуа, Куба ва Зимбабве дӯстӣ мекунад.

Ҳамзамон Русия дар пайравӣ ба шӯравии собиқ робитаашро бо Куба тақвият дод. Охирин гоми Маскав дар роҳи таҳкими робитаҳо бо «Ҷазираи озодӣ»– ироаи 1 миллиарду 320 миллион доллар барои таъмири нерӯгоҳест, ки шӯравиҳо дар Куба бунёд карда буданд.

"Гоуда" ва "Мотсарелла" куҷо шуданд?

Таҳлилгарон мегӯянд, шаҳрвандони Русия баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб аз истеъмоли бархе маводи озуқа, аз ҷумла, панирҳои фаронсавӣ, панири ҳолландии Гоуда, панири италявии Мотсарелла маҳрум монданд. Сергей Иванов, раҳбари дафтари раисҷумҳури Русия, рӯзи 19 октябр иқрор кард, ки «мо ба умеди воридот шуда, тақрибан тайи сад соли ахир панирҳои аълосифат истеҳсол намекардем. Ва аз ин рӯ, агар касе фикр мекунад, ки ба ин зудӣ мо панирҳои хуб тавлид мекунем, иштибоҳ мекунад».

Албатта, дар Русияи муосир чун дар замони шӯравӣ норасоии маводи озуқа ва навбатҳои тулонӣ барои гӯшт ё арақ ба чашм намерасанд. Аммо таҳримҳои Ғарб дар робита ба аъмоли Русия дар шарқи Украина, сайёҳони русро водор месозад, чун он айёми дур, ки масолеҳи аълосифати ғарбӣ гаронқимат ва камчин буд, аз кишварҳои ғарбӣ барои дӯстонашон паниру ҳасиб "армуғон" баранд ё баъзе маводи озуқаро ба таври қочоқӣ ба Русия ворид кунанд…

Амрико дигар дӯсти Русия нест?

Тарғиботи расонаҳои Русия алайҳи ИМА ва дар ҳама бадбахтиҳои олам айбдор намудани Вошингтон сатҳи бадбинӣ нисбати амрикоиҳоро боло бурд. Дар интернети русӣ моҳҳои ахир ҳатто латифаҳои зиёди нажодпарастона дар бораи президенти Амрико Барак Обама пайдо шуданд. Назарпурсиҳои солҳои ахир ҳам ҳокиянд, ки дар Русия сатҳи бадбинӣ нисбати ИМА назар ба солҳои пеш ба карат афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, бар пояи як назарпурсии муштараки нашрияи Wall Street Journal ва шабакаи телевизионии NBC, ки рӯзи 20 октябр нашр шуд, 74 дар сади амрикоиҳо низ Русияро таҳдиди низомӣ арзёбӣ кардаанд, ки дар қиёс бо назарпурсии ду соли пеш хело бузург ва баёнгари рақобати шадиди сиёсиву беэътимодӣ миёни Маскаву Вошингтон аст.

...21 октябр як корбари Твиттер бо номи Дарт Путин навишт, «агар бо «мошини вақт»-и сӣ сол пеш сохташуда ба Русияи соли 2015 парвоз мекарде, кишвареро дармеёфтед, ки пойбанди нафт асту аз сӯи КГБ идора мешавад ва раҳбаронаш ҳама айбу масъулиятро бар дӯши Амрико мегузоранд»...

XS
SM
MD
LG