Шавкат Мирзиёев ба Қонуни асосӣ ва Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонҳо, қасам ёд карда ва расман ба мақоми президенти Узбакистон нишаст. Маросими савгандёдкунии ӯ рӯзи 14 декабр дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумони Узбакистон ва бо ҳузури аъзои ҳукумату дипломатҳои хориҷии муқими Тошканд сурат гирифт. "Савганд ёд мекунам, ки ба мардуми УзбАкистон содиқона хидмат карда, Конститутсия ва қонунгузории ҷумҳуриро ба таври қатъӣ риоя мекунам. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, вазифаҳои ба зиммаи президенти ҷумҳурии Узбакистон вогузоршударо софдилона иҷро хоҳам кард", - изҳор доштааст Мирзиёев. Баъди ёд кардани қасам президенти нави Узбакистон паёми худро ироа кард.
Дар маросими савгандёдкунии охирини соли 2015-и президенти собиқ Ислом Каримов низ меҳмонҳо аз хориҷ даъват нашуданд.
Шавкат Мирзиёев аз соли 2003 нахуствазири Узбакистон буд ва баъд аз тақрибан як ҳафтаи марги раиси ҷумҳури пешин Ислом Каримов ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президент расид. Дар интихоботи 4 декабри имсол аз миёни чор номзад ӯро пирӯзи интихобот донистанд ва Кумисюни марказии интихобот барояш шаҳодатномаи президенти Узбакистонро супурд.
Як рӯз пештар Сенат ё палатаи болоии порлумони Узбакистон истеъфои Шавкат Мирзиёевро ба ҳайси нахуствазир пазируфт ва ба дунбол аз рӯйи қонунгузории Узбакистон, аъзои ҳукумат пурра ба истеъфо рафт. Ҳоло бо пешниҳоди Мирзиёев, ба мақоми нахуствазирии Узбакистон Абдулло Орипов пешбарӣ шудааст.
Қонун чӣ мегӯяд?
Аз рӯи қонун "Дар бораи интихоботи президентии Узбакистон", маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии нав бояд на дертар аз ду моҳ баъди эълони натиҷаҳои расмии интихобот баргузор шавад. Аз рӯи мӯҳлате, ки қонун муайян кардааст, маросим бояд моҳҳои январ-феврали соли 2017 баргузор мешуд, вале тасмими ниҳоӣ ин шуд, ки баъди 10 рӯзи баргузории интихобот Мирзиёев расман дар мақоми президентӣ кор кунад.
Зимнан, ин нахустин бор нест, ки Мирзиёев хилоф бо мӯҳлату шароити аз рӯи қонун муқарраршуда даст ба амал мешавад. Ҳамингуна баъди марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ, қарор буд аз рӯи қонун раҳбарии муваққати Узбакистон ба дӯши раиси Сенат вогузор шавад, вале бо як қарор, ин масъулиятро нахуствазир Шавкат Мирзиёев бар ӯҳда гирифт.
Маросими бидуни меҳмонҳои хориҷӣ
Шароф Убайдуллоев, ки замоне дар ташкили маросими савгандёдкунии президент Ислом Каримов иштирок кардааст, гуфта буд, маъмулан ин чорабинӣ бидуни даъвати меҳмонҳои дур аз хориҷ танҳо дар ҳузури аъзои ҳукумат, порлумон, дипломатҳои хориҷии муқими Тошканд ва журналистон баргузор мешавад. Дар маросими савгандёдкунии охирини соли 2015-и президенти собиқ Ислом Каримов, меҳмонҳои хориҷӣ даъват нашуданд. Ин маросим танҳо дар ҳузури дипломатҳо баргузор шуд.
Ин маросим рӯзи 10 апрели порсол баргузор шуд ва аз миёни сиёсатмадорони маҳаллӣ ҳама аъзои палатаҳои болоиву поёнии порлумон ҳузур доштанд. Он вақт намояндагони мухолифини Узбакистон гуфтанд, ки интихобот бо нақзи моддаи 90-уми Конститутсияи кишвар баргузор шуд, ки дар он гуфта мешавад, "як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа раҳбарии Ҷумҳурии Узбакистонро ба ӯҳда дошта бошад".
Президенти нави Узбакистон кист?
Шавкат Мирзиёев, президенти нави Узбакистон, рӯзи 24 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон дар хонаводаи табиб таваллуд шуда, дорои маълумоти олӣ ва номзади илмҳои техникист. Фаъолияташро соли 1981 дар Донишкадаи муҳандисии хоҷагии қишлоқ шуруъ кардааст.
Мирзиёев соли 1990 вакили Шӯрои олии Узбакистон интихоб шуда, аз соли 2003 нахуствазир ва аз моҳи сентябри имсол иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера аст ва бори аввал рӯзи 4 декабр, яъне дар рӯзи интихоботи президентии Узбакистон, ҳамроҳи хонаводааш дар як қитъаи раъйдиҳӣ дар Тошканд зоҳир шуд.