Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони сиёсии ӯзбак ва интизориҳо аз Мирзиёев


Дар миёни дигарандешони ӯзбаки муқими давлатҳои хориҷӣ дар робита бо номзади аслӣ ба курсии президентии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев назари ягона вуҷуд надорад. Рӯзи 4 декабр дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад, ки номзади калидии он нахуствазир ва иҷрокунандаи вазифаи президент Шавкат Мирзиёев аст.

Рӯзи интихобот баъди он таъйин шуд, ки 2 сентябр дар шаҳри Тошканд бар асари хунравии мағзӣ президенти дарозумри Ӯзбакистон Ислом Каримов даргузашт.

Аҳмадҳоҷӣ Хоразмӣ, собиқ муовини раиси як вилоят гуфт, ки баъди интиқоди Каримов дар соли 2005 ба Бритониё кӯч баст, мегӯяд, аз Мирзиёев интизориҳои хубе дорад, “чунки ӯ диктатор нест”.

Мирзиёев як шахсияи тундхӯ ва дағал аст. Стив Свердлов, Human Rights Watch

Вале айни замон, на ҳама фаъолони сиёсии ӯзбак дар хориҷа дар бораи Мирзиёев назари хуб доранд. Онҳое, ки аз собиқаи кори ӯ дар ҳукуматҳои Самарқанду Ҷиззах ва баъдан нахуствазириаш огаҳӣ доранд, мегӯянд, ӯ як нафари наздик ба президент Каримов буд, дар давоми 13 сол дар сояи президент дар мақоми раиси ҳукумат кор кард ва ҳамшарики сиёсати президент мебошад.

Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, Мирзиёев дар як ҳодисаи соли 2000-ум дар мақоми раиси вилояти Ҷиззах як омӯзгори математикаро барои он латукӯб кардааст, ки донишҷӯёнаш бо суръати суст пахта мечиданд. Вай гуфт, ки Мирзиёев “як шахсияи тундхӯ ва дағал аст”.

Ғасби ғайриконститутсионии қудрат?

Шаш рӯз баъди марги Каримов парлумони Ӯзбакистон на раиси маҷлис, балки Мирзиёеви нахуствазирро президенти муваққатии кишвар эълон кард. Айнан ҳамин корро даҳ соли пеш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Туркманистон баъди марги ногаҳонии президент Сафармурод Ниёзов карда буд.

Фирор аз муқаррароти конститутсионӣ барои расидан ба қудратро бархе дар миёни муҳоҷирони сиёсии Ӯзбакистон ҳамчун аломати бад қабул карда чандон бовар надоранд, ки Мирзиёев аз паи ислоҳот мешавад.

Интизориҳои зиёд аз пешрафтҳои иқтисодӣ

Айни замон, дигарандешони ӯзбак мехоҳанд, ки президент ҳадди аққал як ислоҳоти иқтисодиро ба манфиати мардуми ин кишвар роҳандозӣ кунад. Ҷаҳонгир Муҳаммад, ки дар оғози солҳои 1990-ум аз парлумон хориҷ ва аз хонааш ҳам берун карда шуд, умедвор аст, ки Мирзиёев ба ислоҳоти тадриҷӣ даст мезанад. Вай гуфт, “ман медонам, ки ин кор аз дасти касе намеояд. Дар Ӯзбакистон клани пул ҳоким аст – ҳамаро фасоду ришват пур кардааст. Умедворем, ки президент даст ба ислоҳоти тадриҷии вазъ мезанад, иқтисод як каме озод мешавад ва ҳадди аққал, аз рӯи модели Қазоқистон ё Чин пеш хоҳад рафт”.

Миллионҳо сокинони Ӯзбакистон бо сабаби бекорӣ дар Русия ва кишварҳои дигар дар ҷустуҷӯи кор мегарданд. Ҷаҳонгир Муҳаммад умедвор аст, ки ҳадди аққал барои мардуми оддӣ шароит як каме беҳтар мешавад ва дар хонаҳои мардум барқу газу об ниҳоят ба таври доимӣ ва бемушкил таъмин мегардад.

Феълан аломати ин ки дар сатҳи мардуми оддӣ кадом беҳбудие мешавад, вуҷуд надорад. Вале моҳи октябр як ишорае шуд, ки эҳтимолан дар иқтисоду бахши хусусӣ тағйироте сурат бигирад. Мирзиёев эълон кард, ки 10 ширкати азимтарин дар Ӯзбакистон соли оянда қисман хусусӣ гардонида мешаванд.

Ҳамсояи хуб ва оби бештар?

Муҳоҷирони ӯзбак дар хориҷа бо як овоз таъкид мекунанд, ки Мирзиёев ба об кардани яхҳо бо наздиктарин ҳамсояҳо, бахусус Тоҷикистон ва Қирғизистон иқдом кард. Ҷаҳонгир Муҳаммад мегӯяд, “Мирзиёев мефаҳмад, ки агар ӯ ҳам аз роҳи диктатура равад, пас Ӯзбакистон шикаст мехӯрад. Вай дарк мекунад, ки Ӯзбакистон бидуни равобити хуб бо ҳамсояҳо пеш рафта наметавонад”.

Сафари гурӯҳи соҳибкорони ӯзбак ба Суғд
Сафари гурӯҳи соҳибкорони ӯзбак ба Суғд

Дар ҳафтаҳои ахир ҳайатҳои калони соҳибкорони ӯзбакистонӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дидан карданд ва ҳатто аз қитъаҳои баҳсии марз убур карданд, ки замоне дар онҳо афроди мулкӣ аз тири марзбонҳо кушта мешуданд. Тошканд ваъда дод, ки барои ҳамсояҳояш низоми раводидро сабуктар карда роҳи ҳазорҳо тоҷику қирғизу қазоқ ва ҳам ӯзбактаборони ҳамсоякишварҳоро барои ворид шудан ба Ӯзбакистон осон мекунад.

Ихроҷи журналистон

Айни замон, муносибати маъмурияти Мирзиёев ба гуногунандешӣ дар матбуоти кишваре, ки Каримов давоми даҳсолаҳои охир журналистони озодро саркӯб карда озодии баёнро пахш кардааст, ҳамоно тағйир наёфтааст. Моҳи ноябр мақомоти Ӯзбакистон дар ҳодисаҳои ҷудогона як хабарнигори “Московский комсомолец” Екатерина Сажнева ва як хабарнигори олмонӣ Эдда Шлагерро аввал боздошт ва баъдан аз кишар ихроҷ карданд.

Екатерина Сажнева
Екатерина Сажнева

Дар рӯзҳои баъди сари кор омадани Мирзиёев, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳукумати Ӯзбакистонро барои мавриди ҳадаф қарор додани аъзои оилаи журналистони бахши Ӯзбакӣ интиқод кард. Президенти ин радио Томас Кент дар изҳороти рӯзи 22 сентябраш гуфт, “Раҳбарони нави Ӯзбакистон бояд донанд, ки РАО/РО ҳама гуна ҳамла ба аъзои оилаи журналистон ва талошҳо барои хомӯш кардани садои моро маҳкум мекунад”.

Баъди марги Каримов ҳабсу фишор болои мусалмонони дар ифротгароӣ маҳкумшуда боз ҳам идома кард. Як хабар ҳокист, ки бо амри Мирзиёев, сохторҳои қудратӣ хона ба хонаи афроде мегарданд, ки дар гузашта ба ифротгароӣ гумонбар шудаанд. Ҳамингуна рейдҳо инчунин дар манзили онҳое сурат мегирад, ки наздиконашон мӯҳлатҳои тӯлонӣ дар хориҷа зиндагӣ мекунанд.

Ӯзбакистон, ки зодгоҳи раҳбарони гурӯҳи шӯришии Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аст, дар аҳди Каримов, мубориза бо ҷангиёни исломӣ ва ифротгароиро ба стратегияи аслии ҳукумат табдил додааст.

Озодӣ дар навбати охир

Дар ҳоле, ки афвҳои дастаҷамъона дар бархе кишварҳо ба хабарҳои оддии ҳарсолаи ин кишварҳо табдил шудааст, ногаҳон аз зиндонҳои Ӯзбакистон озод шудани се нафаре, ки аз онҳо ба ҳайси зиндонии сиёсӣ ном мебурданд, ғайриинтизорӣ буд. Яке аз озодшудаҳо Мурод Ҷӯраев буд, ки бо иттиҳомоти сохта 21 солашро дар зиндон паси сар кард ва рӯзи 12 ноябр ба озодӣ баромад.

Таваҷҷӯҳи мунаққидони Мирзиёев инчунин ба таъсиси як шабакаи шикоятҳои телефониву хаттӣ ҷалб шуд, ки, ба қавли нозирон, ҳазорҳо шикоят қабул мекунад, вале аксари онҳо беҷавоб мемонад.

Муҳаммад Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ

Айни замон, бархе муҳоҷирони сиёсӣ ба таври ошкоро аз дур аз шахсияти Мирзиёев пуштибонӣ карда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паём додаанд, ки “мухолифон метавонанд бо раҳбари Ӯзбакистон ҳамкорӣ барпо кунанд”. Вале Муҳаммад Солеҳ, яке аз раҳбарони собиқадори мухолифони Ӯзбакистон ба таври қотеъ Мирзиёевро маҳкум кардааст. Вай мегӯяд, Мирзиёев як бахши “ҳамон режим” аст ва “ҳеҷ умеде” барои тағйирот дар Ӯзбакистон вуҷуд надорад.

Шавкат Мирзиёев ба номзадӣ аз ҳизби ҳокими либерал-демократи Каримов ба интихобот пешбарӣ шудааст ва шубҳае нест, ки рӯзи 4 декабр баранда мешавад. Як фаъоли мухолифони Ӯзбакистон дар хориҷа мегӯяд, “то вақте, ки Мирзиёев фаъолияти озоди матбуот ва мухолифонро дар кишвар иҷозат надиҳад, дар бораи демократияи воқеӣ дар Ӯзбакистон сӯҳбат карда намешавад”.

Сироҷиддини Ислом, Пит Баумгартнер, Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG