Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати HRW аз президенти мунтахаби Узбакистон


HRW logo
HRW logo

Созмони ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Узбакистон даъват кардааст, ки "барои беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвараш гомҳои дақиқ бардорад".

Ин созмони маъруфи байналмилалӣ қадамҳои калидиеро, ки ба ҳукумати Узбакистон барои гузаронидани ислоҳот дар 5 соли оянда заруранд, пешниҳод кардааст.

HRW ҳукумати Мирзиёевро ба озод кардани маҳбусони сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои идомаи фаъолиятҳои осоиштаашон, андешидани чораҳои зарурӣ барои бартараф кардани шиканҷаю бадрафторӣ ва барқарории ҳамкориҳо бо агентиҳои СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх даъват кардааст. Созмон низ хостааст, ки ба ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандии Узбакистон озодии воқеӣ таъмин ва бастани сомонаҳои мустақилу таъқиби рӯзноманигорон қатъ карда шавад.

Ҳамчунин даъват шудааст, ки озодии диндоронро таъмин карда, ба табъизи ақалиятҳои ҷинсӣ хотима бахшида шавад. HRW хостааст, то Узбакистон аз таҷрибаи истифодаи нерӯи иҷборӣ дар мавсими ҷамъоварии пахта даст кашида, барои таҳқиқи байналмилалии мустақили ҳаводиси Андиҷон иҷозат диҳад. Дар охир, Human Rights Watch аз президенти тозаинтихоби Узбакистон хостааст, то барои боздиди кормадонаш аз ин кишвар иҷозат диҳад.

XS
SM
MD
LG