Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши аҳзоби сиёсӣ ба "ақибнишинӣ"-и КМИР


Аҳзоби сиёсии кишвар тасмими Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро, ки аз интихоботи миёндаврӣ дар се ҳавзаи холишудаи Маҷлиси намояндагон даст кашид, ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд.

Агар ҳизби ҳоким ва Ҳизби коммунист мегӯянд, ба ин иқдом зидд нестанд, Ҳизби сотсиал-демократ онро хилофи Қонуни асосии кишвар арзёбӣ мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, тасмими мазкурро ба машварати роҳбарияти ҳукумат бастагӣ медиҳад ва мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ он ба хотири фаъол нашудани аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гирифта шудааст.

Вай гуфт, «агар таъйин шудани собиқ вакили маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷаббороваро ба инобат гирем, имконият буд, ки интихоботи миёндавриро эълон кунанд. Зеро баъд аз таъйин шудан дар асоси фармони раиси ҷумҳур ба мақоми муовини сарвазир, ин фармонро парлумон тасдиқ кард. Ва ҳар нафареро, ки президент ба вазифае таъин намуд, парлумон рад накард. Вале ба ҳар сурат, ҳанӯз барои пешниҳоди номзадон ва баргузории интихобот вақт ҳаст, аммо комиссия чунин тасмим гирифтааст ва он аслан аз мушкилоти сиёсии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.»

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов
Ҷаноби Ҳакимов афзуд, Ҳизби сотсиал-демократ ахиран дар ҷаласаи шӯрои сиёсии худ тасмим гирифта буд, ки бо номзадии Бузургмеҳр Ёров дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси намояндагон иштирок мекунад. Ба иддаои ӯ, аҳзоби дигар низ мехостанд, номзадҳои худро пешбарӣ кунанд, аммо таври маълум рақобати аслӣ бояд миёни намояндаи онҳо ва Ҳизби халқӣ-демократӣ сурат мегирифт.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) рӯзи 3-юми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бо сабаби кам мондани вақт, тибқи қонунгузории кишвар, барои курсиҳои холишуда дар Маҷлиси намояндагон, интихоботи миёндаврӣ баргузор намешавад: "Ваколати вакилони Маҷлиси намояндагонро, ки ба дигар кор гузаштанд, дер қатъ карданд. Тибқи модаи 57-и қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ, бояд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 2 моҳ пеш интихоботро эълон кунад. Аммо вақт кам монд, бо сабаби кам мондани вақт, интихоботи миёнадаврӣ гузаронида намешавад."

Аммо ба бовари Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, дар сурати баргузории интихоботи миёндаврӣ ҳизби онҳо ҳатман ҳар се курсиҳоро соҳиб мегардид. Зеро ба гуфтаи вай, намояндагони фаъоли ин ҳизб бо мушкилоти мардуми кишвар ошноянд ва барои ҳалли онҳо талош ба харҷ медиҳанд: «Мо бо ин восита ҷонибдорони худро зиёд карда, имконият доштем, ки дар ин ҳавзаҳо ба пирӯзӣ расем. Мо то ҳол мунтазири таъин ва эълон шудани рӯзи интихобот будем, то ки номзадҳои худро муайн кунем. Аммо чун Комиссюни марказии интихобот ниҳоди мустақил аст ва онҳо чунин тасмимро гирифтаанд, онҳо беҳтар медонанд.»

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Ба назари ҷаноби Солеҳ, се вакили нав дар муддати як соле, ки боқӣ мондааст, ба кори Маҷлиси намояндагон таъсире нахоҳанд дошт. Вакили ин маҷлис аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков ин ақидаро мантиқӣ медонад ва мегӯяд, вакилони нав фурсате барои фаъолият нахоҳанд дошт. Ба гуфтаи ӯ, комиссия аз талош ва хароҷоти зиёдатӣ пешгирӣ кардааст: «Масалан, агар интихобот дар моҳи феврал доир мешуд, парлумон аз моҳи июн то октябр ба таътил меравад. Аз 1-уми октябр бошад, аллакай масъалаи пешбарии номзадон ба маҷлиси даъвати 5-ум оғоз мегардад. Дар натиҷаи саргардониҳо ва маблағсарфкуниҳо вакили тозаинтихоб наметавонад, фаъолияти вакилӣ дошта бошад, зеро барои ин вақт надорад.»

Ҳолати мазкур замоне пеш омад, ки бо фармони президенти Тоҷикистон се вакили Маҷлиси намояндагон, Марҳабо Ҷабборова ба симати муовини сарвазир, Махфират Хидирова, раиси Кумитаи зан ва оила, Амирбек Маҳмадалиев раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шуданд ва курсии онҳо дар палатаи поёнӣ холӣ монд.

Комиссюни марказии интихобот қаблан эълон карда буд, ки дар ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонии пойтахт ва Бохтари вилояти Хатлон, ки аз аввалӣ Марҳабо Ҷабборова ва аз дувумӣ Амирбек Маҳмадалиев дар парлумон намояндагӣ мекарданд, интихоботи миёндаврӣ баргузор хоҳад кард. Аммо ҳоло ин ниҳод мегӯяд, то интихоботи ояндаи парлумонии дар Тоҷикистон каме бештар аз 1 сол мондааст ва курсиҳои се вакили парлумон то он вақт холӣ боқӣ мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҷаноби Додоев, интихоботи миёнадаврии Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон рӯзи 15-уми феврал дар 5 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар ҳавзаҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ барои ҷойҳои холии 9 вакили Маҷлиси Миллӣ баргузор мешавад. Раиси дастгоҳи КМИР гуфт, ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ пештар қатъ гардид ва баргузор кардани интихоботи Маҷлиси Миллӣ қонунист.
XS
SM
MD
LG