Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборова дар мақоми муовини нахуствазир


Марҳабо Ҷабборова, муовини нахуствазири Тоҷикистон.
Марҳабо Ҷабборова, муовини нахуствазири Тоҷикистон.

Марҳабо Ҷабборова дар ин мақом ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират ва тарбияву сафарбарии ҷавонон ба артишро бар дӯш хоҳад дошт.

Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 26-уми ноябр зимни баррасии масъалаи қатъи фаъолиятҳои вакили пешин - Марҳабо Ҷабборова баён кард.

Вай аз хонум Ҷабборова ба унвони шахси масъулиятшинос ва ташкилотчии хуб ном бурд ва гуфт, ки дар муддати фаъолияташ дар порлумон ба унвони вакил, ба хусус раиси кумитаи илму маориф, дар таҳия ва қабули қонунҳои муҳим саҳм гузоштааст.

Ба гуфтаи раиси парлумони Тоҷикистон, яке аз фаъолиятҳои муассири Марҳабо Ҷабборова, таҳия ва қабули қонуни нави маориф мебошад, ки дар ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои насли наврас ва рушди маориф кӯмак хоҳад кард.

Бо таваҷҷуҳ ба кордонии хонум Ҷабборова, раиси парлумон ибрози умедворӣ кард, ки дар иҷрои вазифаи муовини нахуствазир ва эътимоду боварӣ ба президенти Тоҷикистон муваффақ хоҳад шуд. Хонум Ҷабборова рӯзи 24-уми ноябри бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд.

Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ҳамчунин ваколати Махфират Хидироваро низ ба унвони вакили Маҷлиси Намояндагон қатъ карданд. Хонум Хидирова бо фармони раиси ҷумҳури ба мақоми раиси Кумитаи кор бо занон таъин шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки вай дар муддати беш аз 8 сол боз вакили порлумон буд ва раҳбарии фраксияи ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро бар дӯш дошт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳавзаҳои интихоботие, ки Марҳаббо Ҷаборова ва Мағфират Хидирова депутат интихоб шудаанд, минтихоботҳои миёндаврӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG