Рӯзи сешанбе додгоҳи Барселона муҳокимаи саркашии ситораи футбол Лионел Мессӣ аз супурдани андозро оғоз кард. Мессии 28-сола ҳамроҳ бо падараш бо он муттаҳам мешавад, ки дар солҳои 2007-2009 дар минтақаҳои офшор ширкатҳои қалбакӣ таъсис дода, аз даромади умумии тахминан 4,1 миллион евро як сент молиёт насупурдааст. Дар рӯзи аввали муҳокима Мессӣ ва падараш ҳузур надоштанд. Вакилон мегӯянд, онҳо рӯзи панҷшанбе - як рӯз пеш аз эълони ҳукм дар ҷаласа ширкат хоҳанд варзид. Дар ҳоли собит шудани гуноҳ: Мессӣ ва падараш метавонанд ба муддати 22 моҳ аз озодӣ маҳрум шаванд.
Чанде пеш Мессӣ гуфта буд, ки назорати сармояҳояшро ба падараш супурад, ҳеҷ иттилоъ надоштааст, ки ӯ бо пулҳояш чӣ кор мекунад? Баъзе ҳаводорони Мессӣ бовар доранд, ки ин ситораи аргентинии футбол воқеан бегуноҳ аст. Дигарон мегӯянд, ки ҳатто дар сурати собит шудани гуноҳи Мессӣ, меҳри онҳо ба ин футболбоз кам намешавад. Дар гузашта чунин низ ҳодисаҳои саркашии ситораҳои варзиш аз андозсупорӣ ҷой доштаанд. Беҳтарин теннисбози солҳои 1990-ум Штефӣ Графф бо айбномаи саркашӣ аз супурдани андоз муттаҳам шуд, вале он замон падараш тамоми ҷурмро ба гардан гирифта, бар иловаи супурдани ҷарима муддате зиндонӣ ҳам шуда буд.