Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев ба бозии дӯстона бо тими миллии Беларус ба ҳайати даста 23 футболбозро шомил кардааст. 13 нафар аз аъзои тими миллӣ аз тими "Истиқлол"-и Душанбе, 3 нафар - аз "Регар-ТадАЗ", 2 нафар аз "Парвоз" ва якнафарӣ аз тимҳои «Вахш», ССКА «Помир», «Энергетик» ва «Хайр» намояндагӣ мекунанд. Давронҷон Эргашев танҳо легионер дар мунтахаби Тоҷикистон буда, дар дастаи «Жетису»-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои аввалин бор ба ҳайати мунтахаби кишвар дарвозабони 20-сола Мӯъминҷон Гадойбоев аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров даъват шудааст.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Парвоз»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Соҳиб Саванкулов («Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳама – аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳама – аз «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»).
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон 4-уми сентябр дар шаҳри Борисов, дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол, дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус рӯзи 29-уми август дар урдугоҳи Академияи футболи “Истиқлол”, дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор шурӯъ мекунад.