Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегуфт, духтар таваллуд кардӣ, бирав, ҷавобатро додам"


Лаҳзае аз барнома
Лаҳзае аз барнома

Чаро дар баъзе аз оилаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони таваллуд ба писар бартарии бештар медиҳанд? Дар барномаи “Салом, хоҳар” ба ҳамин масъала рӯй овардем. Дар остонаи рӯзи байнулмилалии духтарон, ки ҳар сол 11-уми октябр таҷлил мешавад.

Кӣ гунаҳкор?

Ҳангома Асоева, сокини ноҳияи Ёвон, чаҳор духтар дорад. Мегӯяд, ки як сабаби аз ҳам пошидани оилааш таваллуди пайиҳами духтар буд. Ба нақли ӯ, вақте бори чорум обистан шуд ва ҷинси тифли батнаш маълум гардид, шавҳар хост, исқоти ҳамл кунад. То он вақт низ бо сабаби надоштани писар дар оила муноқиша зиёд буд, вале баъди омадани духтари хурдӣ, Фирӯза, зиндагӣ вайрон шуд.

“Модараш мегуфт, кори хонаро намекунад, фақат духтар ба дунё меорад. Ҳар боре кӯдакам таваллуд мешуд, мо ба Суд (Додгоҳ) рафта меомадем. Мегуфт, бирав, ҷавобатро додам. Чор бор ҳамин хел кард. Се талоқ не, бирав мегуфт. Ҳамсояҳо чанд бор гуфтанд, мон, зиндагӣ кунад, яке писар мешавад, вале хушдоманам бо шавҳарам гуфтанд, ин бача намекунад,” – қисса кард ӯ.

Ҳангома Асоева мегӯяд, борҳо дар ин муноқишаҳо аз сӯйи шавҳар латукӯб низ шудааст. Бори охир вақте ба хонаашон баргашт, наздикон нахостанд, ки дигар ӯ зиндагиро бо шавҳараш идома диҳад. “Гуфтанд, дигар нарав, меравӣ боз духтар мешавад, боз ҳамон аҳвол. Намонданд,” – идома дод ӯ.

Фирӯз, шавҳари собиқи Ҳангома Асоева, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин иддаои занро рад кард ва сабаби ҷудоиро на таваллуди духтар, балки ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва рафторҳои ҳамсари собиқаш номид. Ӯ ҳоло ҳамсари дигар ва писар дорад ва иддао кард, ки ба духтаронаш ҳам мадад мекунад.

“Кӣ намехоҳад, ки писар дошта бошад? Дуюм, фарзанд доди Худо аст, на аз дасти ман ягон кор меояд, на аз дасти вай. Зиндагии мо аз рӯйи гӯш накарданаш вайрон шуд. Вақте дар никоҳи ман буд, баромада рафт, коргар шуд. Дар ин ҷо худаш гунаҳкор аст, ягон кас не,” – шарҳ дод мард.

Фирӯза духтари чоруми Ҳангома ба иддаои модар то ҳанӯз симои падарро надидааст. Шавҳари собиқи зан тифлро қабул надорад, чун ба қавли ӯ, баъд аз ҷудошавии онҳо ба дунё омадааст. Зан мегӯяд, омодааст, бо озмоиши тиббӣ исбот кунад, ки тифл аз ӯст: “Мегӯяд аз ман нест. ДНК ҳаст, гурехта гаштааст. Намекунад.”

Баъд аз ҷудоӣ, модар ва фарзандонаш як муддат дар хонаи шавҳар маскун шуданд, аммо натавонистанд бо ҳамсари нави ӯ якҷоя бимонанд. Ҳоло бо 4 духтар дар хонаи модар аст ва дар як нонвойхона кор мекунад. Намедонад, ояндаи ӯ ва духтаронаш чӣ хоҳад шуд, чун хона надоранд ва умед ҳам надорад, ки бо пули нонпазӣ тавонад соҳиби сарпаноҳ шавад. Аммо бо ин ҳама вай мегӯяд аз ин ки писар надорад, ғамгин нест.

Барномаро дар инҷо бинед:

Салом, хоҳар. "Ту духтар мезоӣ гуфта, ҷавоб дод"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:05 0:00

"Мардҳо писар мехоҳанд, аммо..."

Дар ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон чунин мисолҳо кам нестанд. Ҳарчанд ба бовари коршиносон, солҳои охир назари ҷомеа ба ин масъала андаке тағйир ёфтаву падароне ҳам зиёд шудаанд, ки бо духтарони худ ифтихор мекунанд. Дар робита ба сабабҳои бартарӣ додан ба таваллуди духтар аз чанд сокини Душанбе назар пурсидем. Ҷавобҳо чунин буданд:

  • “Мардҳо писар мехоҳанд, аммо баъзе аз духтароне ҳастанд, ки аз сад писар болотаранд. Бонангу баномустаранд.”
  • “Духтар шавҳар карда меравад, писар падару модарро нигоҳубин мекунад. Мустаҳкамии оила аст.”
  • “Баъзе аз духтароне ҳастанд, ки фоидаашон аз писар дида бештар мерасад.”
  • “Агар мо табиати мардуми худро бигирем, ин дигар маълум аст, ки вақте духтар калон шуд, аз хона баромада меравад. Инро инкор карда намешавад. Вақте духтар ба шавҳар баромад, ихтиёраш дар дасти шавҳараш. Бисёр занони мо кор намекунанд, агар кор кунанд, ҳам манфиати онҳо ба падару модар намерасад, барои ҳамин бисёриҳо мехоҳанд, фарзандашон писар бошад, ки пагоҳ дастгир бошаду хору зор нашаванд.”

Солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шудаанд, ки дар он рӯҳониён ва пизишкон ба ин мавзуъ рӯ оварда, дар посух ба суоли корбарон талош кардаанд, бартарӣ гузоштан ба ҷинси тифл, ки ба гуфтаи онҳо нишони камхирадист, аз байн равад.

Ба назари таҳлилгарон, рафтори фарзанд ва муносибати ояндааш бо волидон на аз ҷинси ӯ, балки аз тарбия ва фазое вобастааст, ки ӯ дар он ба воя расидааст. “Аз назари илмӣ ҳам, ягон роҳи қатъие барои таъйини ҷинси фарзанди оянда вуҷуд надорад," – хулоса кард Моҳрусор Акобиршоева.

Барнома дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG