Чӣ гуна мумкин аст, ки чунин коре сурат бигирад? Суолест, ки дар Қазоқистон баъди ифшо шудани достони як духтараки ноболиғ ба такрор аз якдигар мепурсанд. Модари духтари 17-сола ва хонандаи мактаб қиссаи ғамангези духтарашро ифшо кард, ки ҳамсинфонаш ӯро ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, дар ихтиёри садҳо мизоҷи калонсол гузошта пул мегирифтанд. То ҳол посухи комили суолро касе пайдо накардааст.
Муфаттишоне, ки қазияи ваҳшатнок дар шаҳри Қизилордаро таҳқиқ мекунанд, аз мардум хостаанд, ба қавли онҳо “дурӯғпароканӣ”-ро дар бораи парванда бас кунанд. Онҳо тасвири ҳомиёни ҳуқуқро, ки гуфтаанд, “гурӯҳи мофиёии кӯдакон” истисмори фоҷиабори духтаракро назорат мекард, беасос меноманд.
Бо вуҷуди ин то рӯзи 15-уми август чаҳор ноболиғро бо иттиҳоми ба танфурӯшӣ додани ҳамсинфи худ дастгир карданд ва он ҳам баъди нишасти хабарии онлайнии ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносон дар бораи парвандаи такондиҳанда дар кишвар.
Бори аввал нест, ки мақомоти Қазоқистон барои ҳимояти нокофии кӯдакони осебпазир таҳти танқид қарор мегиранд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам барои беэътиноӣ ва ғафлат сарзаниш мешаванд.
“Ҷавону ҷавонтар шудани танфурӯшӣ”
Яке аз муттаҳамон ба ҷиноят, ки ҳоло дар зиндон аст, ба гуфтаи модари духтар, дӯсти собиқи ҷабрдида аст. Модараш намехоҳад, ки ному насабашро ошкор кунанд. Ҳарду духтар дар 500 метрии мактабе дар Қизилорда зиндагӣ мекардаанд ва ба гуфтаи модар, дугонаи духтараш пайваста ба хонаи онҳо меомадааст.
Аввали имсол, ки ҷабрдида 16-сола шудааст, ба хонаи дугонааш рафта ва шабҳо бештар бо ӯ мемондааст. Модараш мегӯяд, ки аз ин кори фарзандаш розӣ набуд, аммо монеи рафтани ӯ ба хонаи дугонааш ҳам намешуд.
Ба қавли модар, як акси урёни фарзандашро се духтар ва як писар гирифта, ҳамчун абзори фишор ба ӯ истифода бурдаанд. Сипас телефонашро гирифта ва аз номи ӯ дар як вебсайти танфурӯшон, ки ба забони қазоқӣ “духтарон” ном дорад, сабти ном кардаанд.
Бо гузашти чанд моҳ истисмори ҷинсии духтар ба ҳадде расидааст, ки ӯ моҳона бештар аз 6 ҳазор доллареро, ки мизоҷон ба ҳисобаш мефиристоданд, ба ҳисоби чаҳор нафар аз “ҳомиёнаш” мефиристод ва барои худ фақат андаке пул барои сафар ва луқмаи ноне мегузошт.
Ба қавли модар, агар духтараш андаке пулро дертар мефиристод, “ҳомиёнаш” ӯро мезаданд ва ё аз назари равонӣ шиканҷа мекарданд. Мегӯянд, ки ин гурӯҳ ба духтар маҷбуран маводи мухаддир медодааст, то ҳарчӣ бештар манфиати иқтисодӣ ба даст биёранд.
Дина Смайлова, раиси бунёди NeMolchi.kz, ки дар нишасти хабарӣ сӯҳбат кард, гуфт, мардонеро, ки аз нотавонии духтар истифода кардаанд, бояд “педофил” донанд, агарчӣ духтарро дар вебсайти танфурӯшон 18-сола навишта сабти ном кардаанд.
Дина Смайлова рӯзи 16-уми август дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар воқеъ ин духтар андоми бисёр хурде дорад ва ба назар 14 ё 15-сола мерасад.”
Ӯ ки бо ҷабрдида дар иртибот аст, мегӯяд, агарчӣ духтар кумаки равонӣ мегирад ва таҳти ҳимояти махсуси давлат аст, аҳволи нохубе дорад. Дина Смайлова: “Аз ӯ мехостанд, ки мизоҷашро бо ханда пешвоз бигирад, то касе шубҳа накунад. Баъди рафтани мизоҷ ӯро мезаданд. Аз назари ҷисмонӣ ва равонӣ осеб дидааст. Ҳоло мо ин тамоюлро мебинем, ки духтарони ҷавону ҷавонтар ба доми танфурӯшӣ меафтанд.”
Смайлова дар идомаи мусоҳиба афзуд: “Онҳо дар вебсайтҳояшон муқаррароте доранд, ки нишон бидиҳад, духтар аз 18-сола хурдтар ба назар бирасад. Дар як парванда, ки мо таҳқиқ кардем, дар шаҳри Алмаато онҳо мӯи сари духтаронро ранг мекардаанд, то ба назари мизоҷон мисли ноболиғ бирасанд.”
Тарс аз қатл
Бо назардошти азобе, ки духтари ноболиғ дар на камтар аз ним сол кашидааст, шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо модари ӯро ҳадаф гирифта, пурсидаанд, ки чӣ гуна метавонист, азобу ранҷеро, ки духтараш дар ин муддат кашидааст нодида бигирад ва то аввали ҳамин моҳ?
Баъди водор ба танфурӯшӣ кардани духтар, ӯ ба дарсҳо кам мерафтааст ва таҳти фишори “ҳомиёнаш” шабҳои зиёд ба хонаашон намерафтааст ва аз моҳи май дигар аслан назди модар набудааст.
Смайлова мегӯяд, танқидҳоро метавон фаҳмид, аммо ба қавли ӯ, ҳукумат ба модароне, ки мехоҳанд, мушкилоти фарзандашон дар мактабро таҳқиқ кунанд, фишор меорад.
Модари духтар ҳам айни чизро дар нишасти хабарӣ зикр карда гуфтааст, ки аз аввали моҳи март борҳо ба мактаб рафт, то дар бораи тағйири рафтори духтараш ва бад шудани баҳову донишаш пурсад.
Ӯ гуфт: “Аз он вақт аз мактаб на кӯмак, балки фақат таҳдид гирифтам. Ба пулиси ноболиғон, ба нозири минтақавӣ муроҷиат кардам. Айни корро карданд. Ба ман таҳдид карданд, ки ӯро аз ман мегиранд ва аз ҳаққи модарӣ маҳрум мекунанд. Ҳамаашон тамоман бемасъулият буданд, ману духтарамро сарзаниш мекарданду айбро ба гардани мо мезаданд.”
Духтараш ҳам ба назди мушовири мактаб рафтаааст, ки ба ҷойи кӯмак ба сари ӯ фарёд кашида ва гуфтааст, ки ба ҷое шикоят накунад. Аммо рӯзи 6-уми август ҷабрдида ба хона баргашта ба модар гуфтааст, ки метарсад, ки агар ба яке аз духтарон 250 000 танга ва ё 520 доллар надиҳад, “ӯро мекушад.”
Модар дар нишасти хабарӣ гуфт: “Яке аз дӯстонаш дар Инстаграм кӯмак кард, ба хона баргардад. Ҳамачиро ба мо гуфт. Ӯ чиркин буд, ҳамаҷояш сиёҳу кабуд. Дар пӯсташ ҳама осорро дидан мумкин буд. Ман ба зидди тамоми онҳое, ки ба духтарам даст расондаанд, ба зидди бештар аз 1000 нафар, ҳар касе, ки ӯро ба меҳмонхонаву саунаҳо бурдаанд, шикоят хоҳам бурд.”
Пулиси Қизилорда рӯзи 14-уми август гуфт, ки ба зидди волидони ноболиғони муттаҳам ба ҷиноят бо иттиҳоми “иҷро накардани масъулияти тарбияти фарзанд” парванда боз кардаанд.
Яке аз хешовандони ҷавони ҷабрдида ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки оилаи ҷабрдида ба зидди волидони яке аз аъзои гурӯҳ шикояти иловагӣ бурдааст, чун бовар дорад, ки онҳо ҳам дар истисмори ҷинсии духтар саҳм доранд.
Худи наврасон ба “ташвиқ кардани ноболиғ ба танфурӯшӣ” муттаҳам мешаванд. Ҳукумати вилояти Қизилорда рӯзи 16-уми август гуфт, ки раиси вилоят амр додааст, ки мудири мактаб ва чанде дигар аз кормандони он аз кор ронда шаванд.
Дина Смайлова мегӯяд, ки пас аз нишасти хабарӣ мақомот дар расидагӣ ба парванда фаъолтар шудаанд.
Пеш аз ин ба гуфтаи модари ҷабрдида, маъмурони пулис ба ӯ ҳушдор додаанд, ки бо Дина Смайлова тамос нагирад, чун ӯ парвандаи чанд афсареро, ки ба озори ҷинсӣ ва фасод муттаҳам мешаванд, ошкор кардааст ва дар сурати бозгашт ба Қазоқистон мумкин аст, ба зидди худаш бо иттиҳоми тақаллуби молӣ парванда боз кунанд.
Ин рафтор чунин тасаввурро ҳосил мекунад, ки мақомот ба ҷойи пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳои фоҷиабор мекӯшанд, то ҷомеа аз онҳо хабардор нашавад.
Ба қавли Дина Смайлова, ин шеваи кор, мушкилоте ба монанди бардагии ҷинсӣ дар минтақаҳои муҳофизакорро зиёдтар мекунад, ки дар онҳо ҷабрдидагон аз ҳимоят бархурдор нестанд.
Соли гузашта дар шаҳри Туркистон дар ҷануби Қазоқистон як духтараки 17-сола аз табақаи 6-ум ва аз тарси мизоҷаш худро ба поён андохт. Ӯ низ дар вебсайти “духтарон” сабти ном шуда будааст. Дина мегӯяд: “Мо медонем, ки духтар зинда монд, аммо намедонем, парванда чӣ гуна анҷом ёфт.”
Радиои Озодӣ саъй кард, аз мактаби Қизилорда ва пулиси вилоят шарҳи қазияро бигирад, вале то замони нашри гузориш ҳич посухе аз онҳо нарасид.
Гуфтугӯ