Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дирӯз ба Ленин саҷда мекарданд, имрӯз бо ҳайкалаш ҷанг мекунанд". ВИДЕО


Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик 80-сола шуд. Яке аз пештозтарин ҳунарпешаҳои зани синамои тоҷик дар кору зиндагии хусусӣ шебу фарозҳои зиёдеро пушти сар кардааст. Дар авҷи маъруфият ва муваффақиятҳои эҷодӣ оилаи духтараш Гулноз ҳамроҳ бо набераи сесолааш кушта шуд. Худи ҳунарпеша гуфт, то ҳол қотилони фарзандаш ошкор нашудаанд.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Марям Исоева аз кору эҷоди имрӯза ва инчунин хотироти мудҳиши марги духтараш ёдодвар шуд.

Радиои Озодӣ: Хонум Марям, ҳоло ҳам дар саҳнаи театр ҳунарнамоӣ мекунед?

Нақши модар - амплуаи Марям Исоева

Марям Исоева: Ҳунарманд бе эҷод мисли моҳии бе об аст. Дар охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ мо дубора “Эзоп”-ро рӯи саҳна овардем. Ин намоишнома баъд аз 48 сол дубора рӯи саҳна омад. Он солҳо ин намоишномаро мо якҷо ба Маҳмудҷон Воҳидов ва Бурҳон

Танҳо мегӯям, ки бо гузашти 22 сол ҳанӯз омилони қатли хонаводаи духтарам пайдо нашудаанд. Ҳатто кӯдаки ӯро ба қатл расониданд. Ин мисли ваҳшонияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст.

Раҷабов омода карда будем. Баъд аз тақрибан ним аср Нурулло Абдуллоев театри ду ҳунарманд сохт ва номи намоишномаро низ тағйир дод. Ҳоло номи ин намоишнома “Санам ва ғулом” аст. Қаҳрамони ин намоишнома тамоми умри худро сарфи озодӣ кардааст. Вай ҳатто аз ишқу сарват рӯй гардонида, даъво дорад, ки озодӣ аз ҳама сарвати бебаҳо мебошад. Фалсафаи ин намоишнома хеле бузург аст. Фикр мекунам тамошобин аз ин намоишнома арзиши аслии зиндагӣ ва нақши сухану забон дар онро ба хубӣ дарк мекунад.

Дар як соли ахир ман ҳамчунин барои баргузории ҷашни худ омодагӣ гирифтам. Дар машварат бо коргардонҳо ва нависандаҳои намоишномаҳо мехостам барномаеро иҷро кунам, ки ба гунаи нақшҳои офаридаи қаблиам набошад. Ба хулосае омадем, ки бояд нақши ҳаматарафаи модарро иҷро кунам – модари инсон, модари ватан ва модари офаридагор. Тӯли чиҳил соли ахир ҳамвора ёддоштҳои худ аз навиштаҳои бузургон ва Қуръонро ҷамъоварӣ кардаам. Дар асоси ин ёддоштҳо нақше эҷод кардем бо номи “Рӯъёи Марям”. Дар ин асар ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии инсон инъикос шудааст.

Марям Исоева: "Дирӯз ба Ленин саҷда мекарданд, ҳоло бо ҳайкалаш ҷанг мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Радиои Озодӣ: Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳунарманди театр будан хатарнок набуд?

Марям Исоева: Вақте садои ҷанг мебарояд, санъат хомӯш мешавад. Вале дар Тоҷикистон акси ин ҳолат буд ва фарҳанг хомӯш нашуд. Бахусус дар театри русзабони ба номи Маяковский.

Радиои Озодӣ: Дар театри ба номи Лоҳутӣ чӣ?

Марям Исоева ба саволҳои Искандари Фирӯз посух медиҳад
Марям Исоева ба саволҳои Искандари Фирӯз посух медиҳад

Марям Исоева: Дар театри ба номи Лоҳутӣ муддате намоишномаҳо набуданд, зеро бинои театр аз сӯи силоҳбадастон ғасб шуда буд. Тӯли солҳои 1993 то 1995 мо дар толори бинои вазорати мудофиа, дар толори як корхонае дар маҳаллаи “Советский” ва дар ниҳоят дар толори бинои “Ориёнбонк” машғули эҷод шуда, намоишномаҳоро пешкаши тамошобинон мекардем.

Театри тоҷик: гузаштаву имрӯз

Радиои Озодӣ: Шумо ҳам дар давраи Иттиҳоди Шӯравии пешин ва сипас дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардаед. Чӣ тафовутҳое доранд ин ду давр?

Марям Исоева: Фарқият зиёд аст ва он ҳама ба тафовути асри гузашта ва қарни 21 рабт мегирад. Дар як китоби хотираҳои худ ҳатто навиштаам, ки дар асри 20 ҷанг бо фашизми олмонӣ буд, аммо дар асри нав ҷанги бародаркуш, ки мо ҳатто намедонистем кӣ бо кӣ меҷангад. Ҳатто саҳнае доштем, ки бародарон аз як оила муқобили ҳамдигар қарор доранду бархе ба Афғонистон панаҳ бурдаву бархеи дигар дар Тоҷикистон мондаанд. Фарқияти дигар ин аст, ки дар солҳои шӯравӣ ҳамаи кор тибқи нақша анҷом дода мешуд, яъне дар як сол таҳияи чанд намоишнома, ки ҳатман миёни онҳо бояд ҳам маҳзака бошаду ҳам фоҷиа.

Ҳам асари муосир бояд бошаду ҳам асари классикӣ. Солҳои қаблӣ намоишномаҳои театрӣ қабл аз таҳия дар чанд муассиса баррасӣ шуда, сипас мавриди иҷрои ҳунармандон қарор мегирифт. Ҳоло, мутаассифона, ин тавр нест. Дар гузашта намоишноманависҳои касбӣ ба монанди Ғанӣ Абдулло ва Файзулло Ансорӣ буданд. Ҳоло вазъ комилан дигар аст ва ҳеҷ гуна баррасие намешавад ва ҳатто ҳунармандон бо худи асар қабл аз иҷрои нақш ошно мешаванд.

"Тӯли 70 сол ба Ленин саҷда мекарданд..."

Радиои Озодӣ: Агар баргардем ба мавзӯи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар хотирам ҳаст, ки шумо аз барчида шудани муҷассамаи Владимир Ленин дар маркази шаҳри Душанбе эътироз ва талаб карда будед, ки муҷассама ба ҷои худ баргардонида шавад. Чаро?

Марям Исоева: Ман тавассути телевизион аз барчидани ин муҷассама огаҳӣ ёфтам. Ин бори аввал буд, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ чунин ҳодиса рух дода буд. Ман худ рӯҳан мубориз ҳастам ва қабл аз ҳунарманд шудан муддате талош доштам касби ҳуқуқшинос ва меъмориро биомузам. Аммо ба далели гурез аз издивоҷ ба Душанбе

Марям Исоева

Марям Исоева 1 маи соли 1937 дар деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии ҳунари театрӣ дар Маскав соли 1961 ба кор дар театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пардохт. Соли 1979 бо унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистони шӯравӣ мушарраф гардид. Дар синамову театр беш аз 150 нақш офаридааст. Хоҳараш Сайрам Исоева ҳам аз ҳунарпешаҳои маъруфи театру синамои Тоҷикистон аст.

омада, тасмим гирифтам ҳунарманд шавам. Тӯли 70 сол ба Ленин саҷда мекарданд, аммо акнун бо муҷассамаи ӯ ҷанг мекунанд. Тафаккури ман инро қабул надошт. Зеро агар мухолифон нисбати муҷассама чунин амалро раво дида бошанд, пас бо одами зинда чӣ коре мекарда бошанд? Хайрияти кор, ки пеши роҳи чунин каҷравиҳо гирифта шуд, вагарна ҳоло мо дар Тоҷикистон шоҳиди ваҳшонияти гурӯҳҳои ифротии исломӣ мешудем.

Радиои Озодӣ: Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар хонаводаи шумо низ мусибате рух дода буд. Метавонед ҷузъиёти онро барои мо бигӯед?

"Қотилони духтарам пайдо нашуданд"

Марям Исоева: Бароям дар ин бора сухане гуфтан бисёр сахт аст. Танҳо мегӯям, ки бо гузашти 22 сол ҳанӯз омилони қатли хонаводаи духтарам пайдо нашудаанд. Ҳатто кӯдаки ӯро ба қатл расониданд. Ин мисли ваҳшонияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст. Тоҷикистон дар ҷаҳон нахустин шуда чунин ваҳшигариеро дида буд ва ҳоло кишварҳои дигари ҷаҳон бо чунин ваҳшоният рӯбарӯ шудаанд. Вале рӯҳи духтарам ҳамеша ҳамроҳам аст.

Радиои Озодӣ: Чанде пеш дар хиёбони шаҳр бо писаратон Фаррух дучор омадам. Солҳои пеш вай аслан нопадид шуда буд. Чаро?

Марям Исоева: Дар ин мавзӯъ низ намехоҳам зиёд сухан кунам. Аммо ривоятҳое ҳаст, ки дар сарнавишти мард нақши зан бузург аст. Ман ҳеҷ намехоҳам, ки сарнавишти ман ба унвони модар насиби касе шавад, вале дар ҳаёти писарам нақши хонумаш зиёд аст. Танҳо мегӯям, ки воқеан вай ҳоло дар озодӣ аст ва мехоҳад ба хориҷи кишвар муҳоҷират кунад.

XS
SM
MD
LG