Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шинохти ҳуввияти миллӣ аз хонавода шурӯъ мешавад"


Марям Давлатова
Марям Давлатова

Марям Давлатова ҷомеашиноси тоҷик бо нашри китобе мегӯяд, таълими мавзӯи ҳуввияти миллӣ аз хона шурӯъ мешавад.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик бо нашри пажӯҳише мегӯяд, таълими масъалаи ҳуввияти миллӣ аз хонавода шурӯъ мешавад. "Нақши муҳити оила дар тарбияи ҳуввияти миллӣ” - китоби тозанашри Марям Давлатова аст, ки мақолаҳои таҳлилии ин ҷомеашиносро дар бар гирифтааст ва асрори як оилаи муваффақро барои ҷомеа пешниҳод мекунад.

Ҷомеашиноси маъруф мегӯяд, ҳадафи таълифи ин китоб устувор нигоҳдоштани оила дар ҷомеа ва ҷой кардани ҳуввияти миллӣ дар зеҳни фарзанд дар муҳити хонаводагӣ аст. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Марям Давлатова андешаҳои дар ин китоб овардашударо шарҳ дод:

Марям Давлатова: Мушкилоти оиладории тоҷик ба ҳадде расид, ки ҳукумати кишвар онро эътироф ва соли 2015-ро "Соли оила” эълон кард. Ин китоб ҳам маҷмӯи мақолаҳои маро дар бар мегирад, аммо дар зери ҳар мақола, дастурҳои муайян пешниҳод шудааст, ки чигуна бояд бештар солим бошад. Зеро мегӯянд, “агар оила обод аст, ҷомеа обод аст”. Оила як сохторе аст, ки арзишмандтарин неъмати парвардигор - инсон дар он ташаккул

​меёбад ва барои ҷомеа хизмат мекунад Аз ин хотир, ҳадафи нашри китоб ҳам ин буд, ки ба онҳое, ки дар масъалаи хонадорӣ масъул ҳастанд, кормандони ташкилот, волидон ва рӯзноманигороне, ки дар ин маврид менависанд, кӯмаке бошад.

Озодӣ: Аслан ҳуввияти миллӣ аз назари шумо чист?

Марям Давлатова: Мо бисёр дар бораи миллатамон сухан мекунем. Вақте модар мегӯем, ин модар-Ватан аст. Агар арзиши модар ба ҳадди лозимӣ бошад, фарзанд дар симои модараш ватанро мебинад ва ватанро низ мисли модараш дӯст медорад. Вале агар модар дар назди фарзанд арзишманд набошад, озор ёбад ва ё гушнаю ташна бошад чӣ? Вай наметавонад ватанашро дӯст дорад, чун давоми мантиқии калимаи модар ин ватан аст. Пас агар мо хоҳем, ки фарзанди мо ватандӯст бошад, бояд аввал модарашро дӯст дорад, падарэҳтиромкунанда бошад. Ва ин ду бахш дар ниҳоди фарзанд ибораи “ватан - муқадассот”-ро ба вуҷуд меорад ва ин чиз метавонад боиси ҷой додани “ҳувияти миллӣ” дар ботини фарзанд гардад.

Озодӣ: Чаро фикр мекунед, ки ҳуввияти миллӣ аз оила бояд шурӯъ шавад? Нақши мактабу ҷомеа чӣ?

Марям Давлатова: Инсон ҳар чизеро, ки меомӯзад, дар оила аз худ мекунад. Аз рӯи илми илоҳиёт бигирем, ҳар инсон пеш аз зода шуданаш, бо ин замин ва оила робита дорад ва ӯ ин оиларо интихоб мекунад. Баъд аз ба дунё омадан, алакай дар ин ҳолат ӯ бунёди арзишҳо, муқаддасоти аввалинро ба худ мегирад. Равоншиносон муайян карданд, ки тамоми арзишҳо ва донишҳо, ки тифл ба худ мегирад, то синни сесолагӣ аст. Ва ҳар чизе ки мо ба кӯдак пас аз сесолагӣ меомӯзем, ин мисли “андова” болои сохтори асосист. Агар мо фарзанди муваффақ тарбия кардан хоҳем, ин аз он вобаста аст, ки ӯ дар оила чӣ гирифт. Ба қадри кофӣ муҳаббати волидонро омӯхт, эҳтироми инсонро аз худ кард, ба қадри як бурда нон расид ё не. Пас агар ин ҳамаро аз худ кард, вақте аз дарвоза ба берун баромад, ҳатман аз ҳамин дарича ба ҷомеа нигоҳ мекунад.

Озодӣ: Дар аксар хонаводаҳои тоҷик тарбия бар асоси арзишу суннатҳо ва оинҳои манотиқи мушаххас ба роҳ монда шудааст. Табиатан дар ин хонаводаҳо гоҳе арзиши манотиқ - яъне зодгоҳи онҳо болотар аз арзишҳои миллӣ мешавад. Шумо ба ин андеша розӣ ҳастед?

Марям Давлатова: 100%. Аслан волидон ба фарзанд он чизеро медиҳанд, ки дар ниҳоди худашон ҳаст. Агар падару модар дар доираи як деҳи танг, як минтақаи хурд ба воя расида бошанду танҳо арзиши онро бинанду арзиши миллиро надонанд, натиҷа ҳам ин мешавад, ки фарзанд низ ҳамон арзишро барои худ болотар медонад. Барои ҳамин табиист, ки инсон агар аз доираи маҳал берун набарояд барои фарзанд арзиши миллиро дода наметавонад.

Озодӣ: Пушида нест, ки дар аксар хонаводаҳои тоҷик чунин андеша вуҷуд дорад, ки масъулияти асосии тарбияи фарзанд дар души модар аст, на падару модар ҳамзамон. Аз лиҳози ҳуввияти миллӣ инро чигуна шарҳ медиҳед?

Марям Давлатова: Аслан нақши модар барои тарбияи фарзанд танҳо дар се соли аввал муҳим аст. Масъалаи ҳуввияти миллӣ ин алакай хизмати падар аст. Зеро инсони кӯчакро ба олами беруна падар ошно мекунад. Агар дар ин ҳолат падар дар оила набошад ва ё бетаваҷҷӯҳ бошад, муносибати фарзанд ба олами беруна хеле коста ва нодуруст сурат мегирад. Вақте ки оила мегӯем, танҳо модар пеши чашм меояд. Мутаассифона, яке аз мушкилоти доғ дар ҷомеаи мо коста шудани масъулияти падар дар оилаҳо аст. Дар оилае, ки падарон мавқеи худро ба ӯҳда намегирад, дар ин оила фарзанди комилу хушбахт тарбия кардан хеле мушкил аст.

Озодӣ: Пас дар ҳоле, ки даҳҳо падар дар муҳоҷират ҳастанд, чигуна як модари танҳо метавонад ҳуввияти миллиро дар ботини фарзандаш бедор кунад?

Марям Давлатова: Воқеан ин бисёр мушкил аст. Вале агар модар дарки ин маъниро дошта бошад, ҳатман метавонад. Барои мисол вақте ки писари ман дар шаҳри Душанбе калон шудааст, аммо ҳар куҷое ки мерафтам, ӯро ҳатман бо худ мебурдам ва мегуфтам, ки "писарам, ин ватани ту аст". Чун шавҳари ман набуд ва фарзандонам танҳо дар тарбияи модар буданд, ман медонистам, ки вазифаи ман чӣ аст. Аммо падаре, ки дарки инро дорад, ҳатман ҳар бегоҳ як маротиба вақт пайдо мекунад ва дар тамос мешаваду аз кори фарзандаш мепурсад. Имрӯзҳо воситаҳои зиёде ҳаст, ки падарони муҳоҷир бо хонаводаҳои худ соатҳо сӯҳбатҳои телефониву видеоӣ анҷом медиҳанд. Ин сӯҳбатҳо фурсати хубест барои насиҳати падар ба фарзанд, аз ин хотир “муҳоҷират - баҳонаи аз масъулият гурехтан нест”. Дар ин баробар зани боҳунар ва дурандеш метавонад ин равандро барои ташкили муҳити созгор ва ояндаи фарзандон истифода кунад.

Мусоҳиба бо Марям Давлатова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:26 0:00

Озодӣ: Фаразан, шумо ба як хонавода омадед ва аз шумо хостанд, ки ба волидон дарси ҳуввияти миллӣ диҳед. Шумо дарсро аз чӣ оғоз мекунед?

Марям Давлатова: Шояд дарси ман аз калимаи “шукр” оғоз шавад. Инсон ҳар чизеро, ки дорад, бояд ба қадраш расад. Дар масъалаи ҳуввияти миллӣ як чизи ҷиддиро бояд таъкид кунам, ки ватани мо аз ватани дигарон беҳтар нест, аммо ин ягона аст. Баландии арзишаш дар он аст, ки ин чизе аст, ки Худованд ба мо додааст ва ягона аст. Албатта, барои як африқоӣ ватани худаш хубу зебо аст. Ҳангоме, ки мо ватани худро дӯст медорем, кишвари каси дигарро паст намезанем. Ин ба он маънист, ки ҳар чизеро, ки дорӣ, бояд ба қадраш расӣ. Ҳар чизе, ки барои ин ватан кардан лозим аст, бидуни даъво, ки "ин ватан ба ман чӣ медиҳад?", бояд анҷом дод. Ман инро ҳамчун ҳуввияти миллӣ қабул дорам ва инро нахуст оила дода метавонад ва баъдан мактабу ҷомеа.

Озодӣ: Ин ҳарф ки дур будани ҷавонон аз ҳуввияти миллӣ онҳоро бегонапарасту ифротгаро мекунад, ба назари шумо дуруст аст?

Марям Давлатова: Воқеан, алам мекунад, агар гӯянд, ки ҷавонони мо ҳуввияти миллияшон заиф аст. Ҳоло рафтани ҷавонон ба Сурия дар кишвари мо мушкили доғ аст, ман гумон намекунам, ки ин масъалаи набуди ҳуввияти миллӣ дар ботини онҳост. Ин мушкили оила аст. Инсоне, ки дар муҳаббати саршор тарбия меёбад, бероҳа намешавад. Мушкил ин аст, ки дар оила онҳоро чӣ гуна роҳнамоӣ карданд. Корҳои равоншиносӣ рӯшан кард, ки аксари онҳое ки аз ватани худ рафта бо ҷиҳодиҳо ҳамроҳ шуданд, пеш аз ҳама аз оилаҳои худ рафтанд. Онҳо фарзандоне ҳастанд, ки аз волидону оилаи худ муҳаббату эҳтиром нагирифтаанд. Ва дар ҷустуҷӯи ин ҳама муҳаббат тарки ватан кардаанд. Ва ман гумон мекунам, ки дар 80 дарсади ҳолатҳо, онҳое ки ватанро барои ҷиҳод тарк карданд, ба хотири “эскапизм” кардаанд, яъне ба хотири гурез аз ҳалли масъала.

XS
SM
MD
LG